Барномаи “Китоби нав” бо “Латифаҳои Хоҷа Насриддин”
Яке аз лоиҳаҳои бисёр ҷолибу дидании шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи “Китоби нав” мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” моҳе ду маротиба баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ки “Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин” аз 1-уми декабри соли 2022 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои муштараки фарҳангӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон) ба Рӯйхати репрезентативии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Аз ин рӯ Латифаҳои Хоҷа Насриддин аз рӯи нусхаи танзим ва таҳриркардашудаи Раҷаб Амонов соли 2024 аз нав нашр гардид.
Дар барномаи “Китоби нав” ин навбат китоби тозанашри “Латифаҳои Хоҷа Насриддин” муаррифӣ шуд. Ровии барнома Холид Шарифов ба ҳаводорони ин жанри ҷолиб аз латифаҳои китоб чандеро ҳикоят кард. “Кӣ донотар?”, “Чӣ аз ҳама хом?”, “Афандӣ ва бой”, “Ҳайрати Афандӣ”.
Ҳайрати Афандӣ
Афандӣ бо ёру ҷӯраҳояш менишаст, ки шахсе пешашон омада гуфт:
- Хабар доретон, қозикалон ақлашонро гум карда, девона шудаанд.
- Э, чизи набударо ҳам гум мекардаанд-дия?! – ҳайрон шуда гуфт Афандӣ
Зимнан, латифа аз он жанрҳоест, ки дар муддати нисбатан кӯтоҳ ба вуҷуд меояд. Яъне ҳар ҳодисаи дар рӯзгор рӯйдиҳанда зуд ба интиқод, ҳазлу шӯхӣ ва вокуниши мардум дучор гашта, ниҳоят дар шакли нисбатан бадеӣ ва устувор – ба қолиби латифа ҷамъбаст мешавад.
Махфират Муҳидинова
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа