Барномаи “Китоби нав” тарғибгари китобу китобхонӣ

Китоби навДар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” моҳе ду маротиба барномаи “Китоби нав” сабт мешавад. Ин барнома баҳри ташвиқу тарғиби китобҳои шавқовару пандомез, ки завқу табъи китобхониро дар кӯдакону наврасон боло мебардорад, равона гардидааст.

Ровии барномаи “Китоби нав” Холид Шарифов ин навбат ҳаводорони китобу дӯстдорони мутолиаро бо ду нусха китоби тозанашр ошно сохт. Яке аз инҳо китоби “Ошёни баланд”-и шоир, арбоби ҷамъиятиву сиёсӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ, Шоири халқии Тоҷикистон (1961), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо, Барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Неҳру ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон (2001) Мирзо Турсунзода буда, дигари китоби Нависандаи халқии Тоҷикистон, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1951), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Сотим Улуғзода бо номи “Халқи худро шинос” мебошад.

“Ошёни баланд” маҷмӯи достонҳои машҳури Шоири халқии Тоҷикистон,  Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода буда, “Писари Ватан”, “Ҳасани аробакаш” ва “Ошёни баланд” ном достонҳои шоирро дар худ гирд овардааст.

Дар миёни кӯҳсоронам, рафиқ,

Дар баландӣ ошён монам, рафиқ.

Китоби дигар “Халқи худро шинос”-и Сотим Улуғзода буда, дар худ ҳикояҳоеро гирд овардааст, ки баёнгари даврони кӯдакию навҷавонии нависанда, ранҷу машақат ва душвориҳои роҳи омӯзиши илму маърифат ва ҳаёти сахти мардумони деҳаҳои тиҷикнишини Фарғона мебошанд. Дар ин китоб ҳикояҳои “Падарам”, “Модарам”, “Бачаи талабида гирифтагӣ”, “Саргузашти Мирзодиккак”, “Сирри махфии ман ва Солеҳ”, “Халқи худро шинос” ва  чанди дигар гирд оварда шудаанд.

Китоби навҲикояи “Халқи худро шинос” аз даврони дар Дорулмуаллимин таҳсил кардани муаллиф ва дар мавриде бо профессор Андреев Михаил Степанович, ки барои навишта гирифтани баъзе хусусияти шеваҳои маҳаллии забони тоҷикӣ омада буд, шинос шудани бачагон бо ин марди наҷиб қисса мекунад. Суханони  олими рус Андреев М.С., ки нахустин бор ба муалиф “халқи худро шинос” гуфта буд, як умр дар хотири Сотим Улуғзода нақш бастанд.

Ин асарҳои адибони маъруфу маҳбуби тоҷик Мирзо  Турсунзода ва Сотим Улуғзодаро хонандагони азиз метавонанд дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дарёфт ва мутолиа намоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки барномаи “Китоби нав” бо ташфиқу тарғиби  китобҳои нав бачопрасида  завқи китобхониро дар  кӯдакону наврасон боло мебардорад.

Муҳиддинова Махфират, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.