Барномаи рангоранги тафреҳӣ барои ширкаткунандагони озмуни ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Мутасаддиёни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯи субҳи доноӣ китоб аст» як барномаи рангоранги тафреҳиву саёҳатӣ ва фарҳангӣ барои ширкаткунандагони озмун ташкил кардаанд. Ин барнома бештар сайру саёҳат ба мавзеъҳои таърихии шаҳри Душанберо дар бар мегирад.

Иштирокчиёни аз шаҳру ноҳияҳои кишвар омада метавонанд дар доираи ин барнома аз ҷойҳои таърихию фарҳангии пойтахти азизамон дидан намоянд.

Рӯзи аввал мувофиқи барнома шиносоӣ бо Китобхонаи миллӣ аст, ки ширкаткунандагон ва шахсоне, ки онҳоро сарпарастӣ ва роҳбаладӣ мекунанд, аз толорҳои хониш ва хидматрасониҳои Китобхона дидан менамоянд.

Дар ин барнома саёҳат ба Осорхонаи миллӣ (8.11.2024), шиносои бо Муассисаи давлатии “ Мактаби бачагонаи санъат” ба номи Одина Ҳошим (9.11.2024), тамошои филми мустанади “Марди роҳ” дар киностудияи “Тоҷикфилм” (11.11.2024),  тамошои барномаи театрӣ дар театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (12.11.2024), иштирок дар маҳфили “Ҳамешабаҳор”-и шоири халқии Тоҷикистон устод Хайрандеш (13.11.2024), шиносоӣ бо фаъолияти маҳфилҳо ва дастовардҳои Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе ва иштирок дар барномаи фарҳангии омоданамудаи аъзоёни маҳфилҳои марказ (14.11.2024), сайёҳат ба осорхонаи “Пешвои миллат”(1511.2024), тамошои барномаи театрӣ дар толори театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ(16.11.2024) ва сайёҳат ба хона-музейи устод Мирзо Турсунзода (18.11.2024) дар назар дошта шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки иштирокчиёни озмуни имсола нисбат ба солҳои қабли зиёдтар буда, дар ҳар номинатсия вобаста ба сину сол то 30 нафар ширкат мекунад.Мувофиқи омори ба даст омада, дар номинатсияи адабиёти кӯдакон 91 нафар, номинатсияи адабиёти классикӣ 115 нафар, номинатсияи адабиёти муосир 114 нафар, номинатсияи адабиёти ҷаҳон 111 нафар, номинатсияи адабиёти эҷоди назму наср: бахши назм 78 нафар ва бахши наср 65 нафар довталабон миёни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Озмун то 21 уми ноябр идома ёфта маросими ҷоизасупории он санаи 23 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мегардад.

Наргис НАЗАРЗОДА,
бахши матбуот ва
робита бо ҷомеа