Барномаи таълимӣ ва тавсияҳои педагогӣ аз фанни педагогика ва методикаи таҳлим  дар мактабҳои олӣ

Ин китоб ахиран зери назари узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктор илмҳои тиб, профессор А. Ахмедов чоп шудааст. Китоб барои омӯзгорони курсҳои омӯзишии фанни педагогика ва методикаи таълим дар муассисаҳои таълимии ғайрипедагогии олӣ пешниҳод шудааст.

Дар сарсухани китоб аз ҷумла омадааст, ки имрӯз сиёсати  Ҳукумати Тоҷикистон ба дурустӣ дарк намудааст,ки пешрафти ҷомеаи инсонӣ ва бахусус ҷомеаи Тоҷикистон аз дуруст ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ва олӣ, ба вуҷуд овардани таҳаввулоти ҷиддӣ дар системаи раванди педагогӣ, сатҳи омода намудани мутахассисони оянда барпокунандагони ҷамъияти навини демократӣ вобаста аст.

Дар ин замина нигоҳи ҷадид ба илмҳои тарбиятӣ аз ҷумла ба илми педагогика, ки танзимгари фаъолияти таълимӣ ва омӯзиши инсон ба шумор меравад андохтан зарур аст. Ҳадафи муҳими илми педагогика тарбияи шахсияти фаъоли соҳибмаърифату сохибкасб ва созанда мебошад.

Раванди инкишофи ҷомеаи инсонӣ илми педагогикаро бо табадули илм дар бораи таълиму тарбия ташаккул дода, ҳанӯз ба мақсади  олии худ яъне, ташаккули инсони ҳаматарафа инкишофёфта, пурра нарасидааст.

Рушду тараққиёти мамлакат бевосита ба саъю талоши насли эҷодкор алоқаманд аст ва ҷомеаи имрӯзаи кишвари моро зарур аст, ки дар тарбияи ворисони соҳибмаърифату донишманд муносибати бомасъулиятм дошта бошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз дар ҷомеаҳои муосири ҷаҳон моҳият ва мазмуну мундариҷаи талиму тарбия таҷдиди назар кардаанд ва ҷомеаи Тоҷикистон низ дар ин раванд канор нахоҳад монд.

Барнома дар мутобиқат бо тағйиротҳои солҳои охир бавуҷудомада дар соҳаи педагогика, метод ва усулҳои педагогии таълими фанҳо дар мактабҳои олӣ ва бо назардошти ғояҳои муосири инкишофи инсон омода шудааст.

Моҳият ва муҳтавои барномаи таълимиро ташаккули донишҳои илмӣ ва шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта ташкил медиҳад, ки тавониста бошад донишҳои гирифтаашро дар ҳаётӣ воқеӣ ва дар маърифати шахсияти худ ва атрофиён истифода барад.

Дар системаи умумии омодагии касбии донишҷуён тахассусҳои равияи ғайрипедагогӣ, фанни педагогика мақоми махсусро ишғол менамояд….

Китоби мазкур дар Китобхонаи миллӣ қобили дарёфт ва мутолаа мебошад.

Лундишоева Гулистон
сармутахассиси   шуъбаи
мукаммалгардонии фонд.