Бародарон Гримм кистанд? Ду ҳикоя аз эҷодиёти онҳо
Бародарон Гримм (Якоб соли таваллудаш 4 январи 1785, вафоташ 20 сентябри соли 1863 ва Вилгелм таваллуди 24 феврали соли 1786 вафоташ 16 декабри соли 1859) забоншиносон ва муҳаққиқони фарҳанги мардумии Олмон буданд.
Онҳо эҷодиёти шифоҳии халқро ҷамъоварӣ мекарданд ва натиҷаи талошҳои худро дар чанд маҷмуъа зери унвони “Афсонаҳои бародарон Гримм” чоп карданд. Солҳои 1816—1818 онҳо дар Берлин маҷмуъаи дуҷилдаи “Ривоёти оламонӣ”-ро интишор доданд. Онҳро ҳамроҳ бо Карл Лахман ва Георг Фридрих Бенеке падарон ва поягузорони филологияи Олмон ва олмоншиносӣ номида мешаванд. Дар охирҳои умрашон онҳо ба тартиб додани аввалин луғати забони олмонӣ машғул шуданд.
Вилгелм моҳи декабри соли 1859, дар ҳоле, ки дар ин луғат ҳарфи D –ро ба поён бурд, аз олам рафт.
Якоб 4 сол баъди бародараш фавтид ва тӯли ин чаҳор сол тавонист, ки ҳарфҳои A, B, C ва E –и луғатро пурра ба анҷом расонад. Меӯянд вай дар ҳоле ҷон дод, ки сари мизи кории худ саргарми шарҳи калимаи Frucht буд.
Дар зер ду ҳикояи ҷолиберо аз навиштаҳои фолклории онҳо меорем, ки ҳамкорамон Нафиса Қурбонова аз китоби “Тангаҳои осмонӣ”-и Бародарон Гримм рӯнавис кардааст.
Ин китобчаи хурдакак соли 2019 дар тарҷумаи Қодирҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе нашр шудааст.
Хонандагон метавонанд онро дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоянд.
Тангаҳои осмонӣ
Буд, набуд духтараки хурдакаке буд. Падару модари ў мурда буданд. Ин духтарак чунон бечора буд, ки манзиле барои зиндагӣ, кате барои хобидан надошт. Чизе, ки дошт, ҳамин куртаи танаш ва пораи ноне дар дасташ буд.
Ин духтарак бисёр меҳрубон ва хоксор буд. Азбаски духтарак ҳеч кас надошту яккаю танҳо буд, ба умеди Худо гуфта, роҳи саҳроро пеш гирифт. Дар роҳ ба марди камбағале дучор омад. Он мард гуфт
– Ман хеле гушнаам, ягон чизе деҳ, ки бихўрам.
Духтарак ба он мард пораи нонашро доду гуфт
– Ош шавад.
Сипас, ў ба роҳаш давом дод.
Дар роҳ кўдакеро дид, ки гиря мекунад.
– Сарам хунук мехўрад. Ягон чизи деҳ, ки ба сарам пўшам,- гуфт кўдак.
Духтарак кулоҳашро кушиду ба кўдак дод.
Каме роҳ рафта буд, ки писараки дигареро дид.
Писарак палто надошт, аз хунукӣ иеларзид.
Духтарак ба ў палтоашро дод.
Духтарак ниҳоят ба ҷангал расид, ки ҳаво торик шуд.
Ҳамин тавр духтарак истода буду дигар ҳеч чиз надошт. Ногаҳон аз осмон ба сари духтарак ситора борид. Онҳо на ситора, балки тангаҳои дурахшон буданд. Дар тани духтарак либосҳои нави зебо пайдо шуданд. Вай тангаҳоро чида гирифт ва тамоми умр хушбахтона зиндагӣ кард.
Бобои пир ва набера
Буд, набуд бобои пире буд. Чашмони ў хира, гўшҳояш вазнин буданду зонуҳояш меларзиданд. Вақте ки барои хўрокхўрӣ ба паси миз менишаст, қошуқро маҳкам дошта наметавонист ва хўрокро ба болои дастархон мерезонд.
Аз ин кор писари мўйсафед ва зани ў озурда мешуданд ва пирамардро ба як кунҷе бурда мешинонданд. Ба мўйсафед дар косаи сафолӣ хўрок медоданд. Хўрокашон ҳам казоӣ набуд, аз ин сабаб, мўйсафед сер намешуд. Ғамгинона ба мизе, ки дар паси он писараш ҳамроҳи занаш хўрок мехўрд, нигоҳ мекард ва аз чашмонаш ашк ҷорӣ мешуд.
Боре дастони пирамард ларзиданд ва косаи сафол аз дасташ афтиду шикаст. Келинаш ўро таънаю маломат кард, вале пирамард чизе нагуфту фақат оҳи чуқур кашид. Келин ба падаршўяш косачаи чўбӣ харид ва мўйсафед аз он хўрок мехўрд.
Боре падару модар бо ҳам сари дастархон менишастанд, ки писараки майдаяки чорсолаи онҳо чанд тахтапораро овард ва онҳоро ба ҳам часпондан гирифт.
– Ту чӣ кор мекунӣ ? – пурсид падараш.
– Ман охур месозам, – ҷавоб дод писараш, вақте калон мешавам, ба падару модарам аз ҳамин охур хўрок медиҳам.
Зану шавҳар ба ҳамдигар нигаристанду ғамгин шуданд. Пирамардро зуд ба сари миз оварда шинонданд ва ба ў хўроки хуб медодагӣ шуданд. Агар пирамард нохост ба рўй дастархон каме хўрокро резонад ҳам, ўро маломат намекарданд.