Барои онҳое, ки мехостанд китоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо”-ро бихонанд
Китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” соли 2009 бо чор забон, тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ нашр гардида, барои доираи васеи хонандагон пешниҳод гардидааст.
Баъди ноил шудан ба истиқлоли давлатӣ равобити халқи тоҷик бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бо мамолики гуногуни олам маҷрои куллан тоза пайдо карда, андешаи миллии тоҷикон дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир ёфт.
Дар ин росто, гуфтугӯи тамаддунҳо ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза табдил ёфта, роҳу равиши солими он барои ба ҳам омадани фарҳангу тамаддунҳои гуногун ва худшиносии динии халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик заминаи муосид мегардад.
Таърихи фарҳанги тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои Осиёи Марказӣ ва ворисони тамаддуни куҳанбунёд ва ғановатманд мебошанд, аз сарчашмаи ду тамаддуни бузурги ҷаҳонӣ – тамаддуни ориёӣ ва тамаддуни исломӣ шодоб гардидааст.
Сарзамини ниёгони мо ҳанӯз аз оғози тамаддуни давлатдорӣ яке аз марказҳои маънавиёт, меҳвари воқеии фарҳанги асилу пешрафта ва арзишҳои зиндагисоз буда, дар амри пазируфтани арзишҳои неки тамаддунҳои дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла тамаддуни исломӣ бо таҳаввулоти рангине рӯбарӯ шудааст.
Дини мубини ислом тадриҷан бо тамаддуни ниёгони мо созгор омада, минбаъд низоми маънавӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии аҷдоди моро хеле таҳким бахшид ва густурда сохт.
Дар ин раванд аввалин шахсе, ки гуфтугӯи фарҳангҳо ва тамаддунҳоро дар дохили уммати исломӣ матраҳ кардааст, Имоми Аъзам буд.
Ин чанд ҷумларо аз китоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” иқтибос овардем. Ба хотири пурра ошно шудан ба ин китоби арзишманд гунаи электронии онро комил меорем.
“МЕРОСИ ИМОМИ АЪЗАМ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО”
Таҳияи Бунафша Раҳмонова