Баррасии асари “Дурӯғ”-и Азизи Азиз дар маҳфили “Фурӯғ”

Азизи-АзизДар барномаи муштараки «Фурўғ»-и шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ва телевизиони кўдакону наврасон «Баҳористон» имрўз асари «Дурўғ»-и Азиз Азизро ба баҳс кашиданд. Ширкаткунандагон касоне буданд, ки соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат доштанд.

Иштирокдорони барномаи «Фурўғ» дар бораи мавзӯи китоб, ки дурўғ аст, суҳбатҳо ороста, мазмуни онро шарҳ доданд ва аз таҷрибаҳои худ низ доир ба мавзӯи асар қисса карданд.

Зимни барнома кўдакон аз муҳтавои китоб ба ҳамдигар суолҳо дода, атрофи асари мазкур баҳсҳо намуданд.

Аз хуб бахсу суханронӣ намудани наврасон дар ин барнома сатҳи хуби омодагӣ ва дарки «Дурўғ» гувоҳ аст.

Ин барнома аз китобҳое, ки дар рӯйхати низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” барои бачаҳо пешбинӣ шудааст, ҳарф мезанад. Баррасии китоби «Дурўғ»-и адиби бачаҳо Азиз Азиз дар моҳи феврали соли 2024 аввлин маҳфили шуъбаи ададбиёти кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ва телелвизиони кўдакону наврасон «Баҳористон» аст.

Қобили зикр аст, ки китоби «Дурўғ» соли 2019  бо кўмаки Вазорати маориф ва илми кишвар нашр шудааст ва Барои дарёфту мутолиаи асари «Дурўғ» ба Китобхонаи миллӣ муроҷеъ шавед.

Раҳима АЪЗАМ