Баррасии ҷашни Наврӯзи оламоро дар барномаи “Фурӯғ”
Дар шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”–и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Озмуни Ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бахшида ба ҷашни Наврӯз барномаи телевизионии “Фурӯғ” сабт шуд. Ин барнома муштарак бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Телевизиони кӯдакон ва наврасон “Баҳористон” таҳия шуда, дар он хонандагони шуъба дар васфи баҳор, Наврӯз ва модар шеърҳо қироат намуданд.
Сараввал адиби маъруфи бачаҳо Азизи Азиз маҳфилро оғоз намуда, аз одобу ахлоқи баланд ва дӯстдории китобу китобхонӣ бо хонандагон суҳбат кард. Барномаи маҳфил ба таҳлили хусусиятҳои хоси Ҷашни Наврӯз бахшида шуда, дар он хонандагони фаъоли шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон ва ҳамчунин довталабони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат намуданд.
Наврӯз, ки бо фасли зебои баҳор тавъам аст, сӯҳбат аз васфи баҳору модар оғоз гашта, Меҳроб – хонандаи фаъоли шуъба шеъри бисёр машҳури Муҳаммад Ғоиб “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”-ро хеле хуб қироат кард. Иштирокдорони дигари барнома низ дар васфи модар, баҳор ва Наврӯз шеъру ғазал қироат намуданд.
Азизи Азиз афзуд, ки Наврӯз бозиҳои ба худ хоси наврӯзӣ низ дорад, ба монанди гӯштигирӣ, бузкашӣ, арғамчинкашӣ, тирандозӣ, лаклакбозӣ, чилакбозӣ ё чиликдангал, байтбарак ва шӯхии суманакпазон. Ҳамроҳ бо бачаҳо атрофи чанде аз ин бозиҳо сӯҳбат карданд. Ҷолиб аз ҳама таҳлили яке аз бозиҳои наврӯзӣ Байтбарак буд, ки диққати бачагонро ба худ ҷалб намуд. Байтбарак ҳарчанд қироати дубайтиву рубоӣ бошад ҳам, шомили бозиҳо аст, зеро он — як навъ мусобиқаи шеърдонӣ ва шеърхонӣ, бозии адабист, ки аз қадим дар байни мардуми мо бисёр маъмул аст. Бояд гуфт, байтбарак ба ғайр аз намуди маъмулиаш, ки як нафар аз иштироккунандагон байте мехонад, ҳариф ё ҳарифон (агар байтбарак гурӯҳӣ бошад) дар ҷавоб бояд байте бихонад, ки бо ҳарфи охирини байти хондаи бозигари якум оғоз ёфта буд, навъи дигаре низ дорад. Намуди дигари байтбарак ин аст, ки байти қироатмекардаи иштирокчиёни байтбарак бояд ҳатман як калимаи шартиро дошта бошад. Масалан Наврӯз, модар, баҳор ва ғайра. Табиист, ки байтбараки иштирокдорони барномаи “Фурӯғ” дар мавзӯи Наврӯз буда, мисраъҳои интихобкардаи онҳо калимаи Наврӯзро доро буданд. Ин бозӣ барномаро бисёр шавқангез намуд.
Қисмати дигари барнома дар мавриди рамзи Наврӯз – суманак буд. Адиби маъруф Азизи Азиз бо сухан аз суманаки наврӯзӣ кардан, бачаҳоро водор сохт, то хусусиятҳои хоси суманакро номбар кунанд. Масалан, суманак таомест, ки
- соле як маротиба пухта мешавад;
- бо рақсу бозӣ ва суруд хондан пухта мешавад;
- дар якҷоягӣ пухта мешавад;
- ҳангоми пухтани он ҳатман орзуву нияти нек мекунад ва боз чандин хусусиятҳои дигаре, ки бо тамошои барнома тариқи телевизион шумо метавонед аз ин хусусиятҳои суманаки наврӯзӣ огаҳ шавед.
Қайд кардан бамаврид аст, ки баргузории чунин маҳфилҳо дар ташаккули дониш ва маърифати хонандагон таъсиргузор буда, ҷаҳонбинии онҳоро васеъ менамояд ва ба хондани китоб роҳнамун месозад.
Махфират Муҳидинова,
бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.