Базми солинавӣ бо хонадагони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд

Базми солинавӣБахшида ба соли нави милодӣ шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” –и Дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили ҷашниеро барпо намуд.

Барномаи идона бо суханони муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода оғоз гардид. Ӯ ба шахсони дорои имконоти маҳдуд тансиҳативу хонаободӣ ва парвози баланди иқболро орзу намуд.

Дар маҳфил ҳунармандони пуровозаву маҳбуб Давлат Назриев, Сарвиноз Юсуф бо иҷрои таронаҳои зебову марғуб ба дилҳо шодиву нур ато намуданд. Ҳунармандони театри миниётураи “Ойина” бо саҳначаҳои ҷолибу дилнишин дар нақши Бобои Барфӣ, Барфак, Аҷузкампир ва дигар қаҳрамонҳои мусбиву манфӣ ба фазои идонаи маҳфил боз ҳам рангу бӯи дигар бахшиданд.

Базми солинавӣАъзоёни шуъбаи хидматарсонӣ ба шахсони имконоти маҳдуд бо туҳфаҳои солинавии сарпарастон, Амонатбонк, ЮНИСЕФ ва шахсони саховатманд, ки пайваста ба ин хонандагони шуъба меҳрубониву кумак мерасонанд, сарфароз гардиданд.

Шодиву нишот ва чашмони хушбахту розии шахсони камтавон гувоҳ бар он буд, ки онҳо дар канори ҳам аз зиндагӣ лаззат мебаранд, аз муҳаббати атрофиён нисбаташон миннатдоранд.

Китобхонаи миллӣ барои гузоштани саҳми арзандаву назаррас баҳри ҳамкориҳои судманд ба шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ЮНИСЕФ  ва ширкати Rukh agancy Сипоснома тақдим намуд.

Базми солинавӣДар ҳамин замина бояд таъкид намуд, ки ҳамкории ҷомеа ва ниҳодҳои марбута ба шуъбаи зикршуда хеле хуб буда, аъзоёни шуъба ба яке аз театрҳои кишвар барои тамошои ройгон таклиф шудаанд

Раҳима Аъзам, бахши матбуот ва робита бо ҷомеа.