Беҳтарин наққошӣ дар бораи кӯҳҳои яхӣ. Фредерик Эдвин Чёрч
«Яхкӯҳҳо” (англ. The Icebergs) — асари наққоши амрикоӣ Фредерик Эдвин Чёрч (Frederic Edwin Church, 1826—1900), ки соли 1861 офарида шуд ва ҳоло мансуб ба осорхонаи санъати Далласи иёлоти Техаси ИМА мебошад. Андозаи он 164 × 286 см бо чорчӯбаи 216 × 338 × 12,7 см.
Чёрч ба экспедитсияи гумшудаи Франклин дар солҳои 1845-1847 ба хотири пайдо кардани гузаргоҳи Шимолу Ғарб рафтаву нопадид шуда буд, таваҷҷуҳ кард. Тобистони соли 1859 ҳамроҳ бо адиби амрикоӣ Луис Легранд Нобл (Louis Legrand Noble, 1813—1882) ба Нюфаундленд ва Лабрадор сафар кард. Ин сафари онҳо ба қавле як моҳ ва ба қавли дигар шаш ҳафтаро дар бар гирифт. Нобл дар бораи ин сафар асаре офарид бо номи “Ба дунболи яхкӯҳҳо бо наққош: сафари тобистона ба Лабрадор ва гирдогирди Нюфаундленд” (англ. After Icebergs with a Painter: A Summer Voyage to Labrador and Around Newfoundland), ки соли 1861 чоп шуд.
Тӯли сафар Чёрч аз яхкӯҳҳои дидааш наққошиҳои зиёдеро дар шакли сиёҳнавис офарид ва ҳамаи онҳоро ҳангоми наққошии машҳуртарин асари худ “Яхкӯҳҳо” истифода намуд.
Фредерик Эдвин Чёрч.
24-уми апрели соли 1861 ин асар дар маърази тамошо гузошта шуд ва хеле хуш истиқбол гардид ва онро ҳатто беҳтарин асари рассомие номиданд, ки он солҳо дар ин кишвар рӯи кор омада буд. Баъдан дар ИМА ҷанги дохилӣ оғоз шуда ва ба ин сабаб Чёрч натавонист ин асари худро ба фурӯш гузорад. Соли 1863 асарро дар Лондон ба намоиш гузошт ва онро магнати роҳи оҳан аз Манчестер Эдвард Уоткинс харид ва дар хонаи берунишаҳрии худ Rose Hill гузошт. Соли 1901 баъди марг Эдвард Уоткинс ин хона ба моликияти шаҳрдории Манчестер гузашт, соли 1920 дар ҳамин хона мактаби бачаҳои душвортарибия боз шуд ва ин расм ҳамоно дар девори зинапояи он овезон буд.
Ин буд, ки фарҳангшиносон изи ин асарро гум карданд ва он ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт. Танҳо солҳои 1970 он дубора пайдо шуд. Соли 1979 дар ауксиони Sotheby’s 2,5 миллион доллар савдо шуд, ки гаронтарин нархи як асари рассомӣ дар ин кишвар дониста мешуд.
Худи ҳамон сол Норма ва Ламар Ҳант, ки ин асарро харида буданд, онро ба Осорхонаи санъати Даллас супурданд ва то кунун он арзишмандтарин асари наққошии ин осорхона ба ҳисоб меравад ва баъзан онро Мона Лизаи осорхонаи санъати Даллас меноманд.
Аммо Фредерик Эдвин Чёрч асарҳои дигаре ҳам дар бораи айсбергҳо дошт. Аз ҷумла “Яхкӯҳҳо ва фалокати киштиҳо дар ғуруб” ва “Айсберг”. Вале танҳо асари “Яхқуҳҳо” барояш шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Ҳарчанд ин шуҳратро худи ӯ надид.
Чёрч рассоме буд, ки аз табиат зиёд нақққошиҳо ба мерос гузошт. Соли 1853 ва боз соли 1857 вай сафари Амрикои Ҷанубӣ (Эквадор) дошт ва ҳосили ин ду сафар офариниши манзараҳои зиёде аз табиат бо шеваи романтизим буд.
Таҳияи Б.Шафеъ.