Беҳтарин ёри вафодор китоб аст
Тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рўзҳои ид ҳамасола дар дар кишвари маҳбубамон 4 – сентябр ҳамчун Рўзи китоб ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола дар муассисаи давлатии “Китобхонаи Миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин рӯз Рӯзи дарҳои боз доир мегардад, ки дар он хонандагону донишҷўёни мактабу муассисаҳои олӣ ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок мекунанд.
Чуноне аз субҳи имрӯз Китобхонаи миллӣ барои ҳамагон дарҳои худро боз кард ва то кунун садҳо нафар гурӯҳ-гурӯҳ вориди толорҳои хонишу осорхонаҳои китоб шуданду аз он дидан карданд.
Беҳтарин ёри вафодор китоб асту китоб,
Ёри безаҳмату озор китоб асту китоб.
Мегӯянд ганҷ магир китоб гир, ганҷ агар масраф гардад, ба итмом мерасад. Аммо китоб аз насл ба насл дигар қарнҳо абади хоҳанд монд.
То китоб ҳаст, ҳақиқат пинҳон намемонад,
То китоб ҳаст, мо аз равшанӣ бархӯрдорем.
То китоб ҳаст, зиндагӣ маъно дорад.
«Вақте, ки тамоми одамон китобхон мешаванд, сохти нави ҷамъияти оғоз меёбад».
Марк Твен гуфта буд шахсе, ки китоб намехонад аз касе, ки хонда наметавонад заррае бартарӣ надорад.
Китоб фонусеро мемонад, ки ба торикиҳо равшанӣ мебахшад ва осори классикон низ маҳз тавассути китоб ба мо дастрас гардидааст. Касе, ки дар як даст китоб дорад, дасти дувумро ҳар гоҳ ба зишткорӣ дароз намекунад.
Дар айёми соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати Тоҷикистон рушди анъанавии китобдориву китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дод. Баҳори соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтар Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзии яке аз беназиртарин китобхонаро дар Осиёи Марказӣ бурида, дари ганҷинаи илму ҳикматро ба рўи пиру барнои Тоҷикистон боз намуданд. Рўзе , ки нахустини хишти Китобхонаи муҳташам гузошта шуд, санаи мазкур дар мамлакат ҳамчун рўзи китоб эълон гардид. Тавре Пешвои миллат фармуданд: «Тоҷикон аз қадимулайём китобдору китобхон буда, ба килку қалам ва девону дафтар арҷ мегузоштанд ва онҳоро чун гавҳари пурқиммат эҳтиёт мекарданд»
Китоб дар радифи модар ва ватан беҳтарин муқаддасот ба ҳисоб меравд.
Ойҷонгул Давронова,
сармутахассиси шуъбаи
тарғиб ва барномаҳои фарҳангӣ.