Беҳтаринҳо қадр мешаванд

Ҷалолуддин Нурзода ва Мавзуна ОрумбековаДар арафаи таҷлил аз 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ   зумрае аз кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо медал ва Раҳматнома  қадрдонӣ шуданд.

Ҷалолуддин Нурзода муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллӣ дар ҷамъомади тантанавии имрӯз барои дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ва хидмати софдилона  бо Медали “Хизмати шоиста” сазовор дониста шуд.

Мавзуна Орумбекова – сардори шуъбаи менеҷмент ва маркетинги Китобхонаи миллӣ барои хидматҳои арзишманд ва масъулияти баланд дар арафаи Рӯзи китоб ва 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо “Раҳматнома”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб шуд шуд.

Ҳамкорони худро барои ин комёбӣ ва қадршиносӣ дар сатҳи олӣ муборакбод мекунем!

Наргис НАЗАРЗОДА