Беш аз 13 ҳазор китоб дар се моҳ. Шуъбаи мукаммалгардонии фонд аз натиҷаи кори семоҳаи худ гузориш дод
Зарфи се моҳи соли 2024 ба фонди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон 13 ҳозору 406 нусха адабиёт ворид гардид. Аз он ҷумла: китобҳо 12112 нусха, маҷаллаҳо 956, диссертатсияҳо 158, авторефератҳо 158, нашрияҳои давомноки илмӣ – 22 нусха ба қайд гирифта шуда, ба шуъбаҳои дахлдор равона карда шуданд.
Инчунин захираи мубодилавии эҳтиётӣ 537 нусха, сарчашмаҳои гуногун 357, адабиёти туҳфашуда аз шахсони алоҳида 11053 нусхаро ташкил дод, ки ба ҳар яки он баргаҳо аз рўи сол, алифбо ва ҷои нашр навишта, дар феҳристи шуъба ҷо ба ҷо карда шуда, ба бахшҳои дахлдор равон карда шуд.
Аз сафоратхона ва ташкилоти хориҷӣ 269 нусха китоб ворид шуд. Ҳамчунин 170 нусха маҷаллаҳои обунавии ватанӣ ва 61 нусха маҷаллаҳои хориҷӣ, ва 725 адад маҷаллаҳои ҳатмӣ ва ба қайд гирифта шуд. Ба 12450 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (часпонидани штрих-код) сурат гирифт.
Тибқи мактубу дархостҳои вазорату муассиса ва мақомоти қудратӣ дар соли ҷорӣ ба миқдори муайяни 21 ҳазору 392 нусха китоб аз ҳисоби китобҳои бисёрнусхаӣ аз аҳолӣ тақдимшуда тариқи ройгон ба шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристода шуд.
Дар тўли семоҳи соли 2024 аз ҳисоби китобҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда 3602 нусха коркард шуда, ба фонди асосӣ ва фондҳои ёридиҳандаи Китобхона супорида шуданд.
Ҳамчунин дар ин давра кормандони шуъба 36 китоби тозаворид, 4 маълумот дар бораи воридоти нусхаҳои ройгони ҳуҷҷатҳо ва 1 мавод дар бораи китобҳои туҳфашуда ва 1 мақола дар бораи фаъолияти шуъбаро омода намуда ба воситаи сомонаи интернетии Китобхона муаррифӣ намуданд.
То 1-уми апрели соли 2024 фонди хидматии Китобхонаи миллӣ дорои 3 миллиону 468 ҳазору 791 нусха китоб ва дигар маводи чопӣ мебошад.
Фарзона ШАРИФОВА, мутахассиси шуъбаи мукаммалгардонии фонд.