Беш аз 90 ҳазор китобу маҷаллаҳои Шуъбаи адабиёти хориҷӣ бо 42 забон дар мутолиаи хонандагон

Шуъбаи адабиёти хориҷии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»   фаъолияти худро дар сохтори Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло «Китобхонаи миллии Тоҷикистон») соли 1956 шурўъ намудаст. Тўли фаъолияти беш аз 90 – солаи фаъолияти таъсисёбии китобхона, зиёда аз 66 солагии фаъолияти шуъба ва 10 солагии фаъолияти бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон  саҳми шуъбаи мазкур пурсамар мебошад.

Вазифаҳои асосии шуъбаи  адабиёти хориҷи ба тариқи зерин муайян шуданд:

– мубодилаи байналмилалии китоб;

– такмили адабиёти хориҷӣ;

– коркарди адабиёти нав;

– корҳои библиографӣ;

– баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ;

– хизматрасонӣ ба хонандагон.

Шуъба  мазкур дорои фонди комили адабиёти хориҷӣ буда, айни замон дорои зиёда аз  90 ҳазор нусха китоб ва рўзномаву маҷаллаҳо бо 42 забони кишварҳои дунё мебошад. Теъдоди хонандагони толори хониши шуъба  рўз аз рўз меафзояд. Бояд гуфт, ки шуъбаи адабиёти хориҷӣ  аз соли 1961 фаъолияти  ҳамкори ҳудро бо 27 китобхонаҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷа дар самти равобити байналмилалии китоб шурўъ намудааст. Имрўз ҳамкори ин шуъба боз ҳам густариш ёфта истодааст. Шуъбаи мазкур тибқи созишномаҳои имзошуда аз тариқи  сафоратҳои Русия, Белорусия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ҷопон, Чин, Куриёи Ҷанубӣ ва ғайра  бо китобхонаҳои кишварҳои дунё доду гирифти  китобҳо менамояд.

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бевосита дар паёмҳову баромадҳои хеш зикр менамоянд, ки барои омўзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми макотиби миёнаву олӣ ва касбӣ диққат ҷиддӣ дода шавад! Пешвои миллат пеш аз ҳама аз ҷавонон даъват мекунанд, ки забон омўзанд. Ин аст, ки як бахши муҳими фаъолияти шуъба талқин ва таблиғи омўзиши забонҳои хориҷист.  Баҳри ин дар шуъба гушаи Олмон ва намоиши китоби 18 давлати дунё, ки  бо мо шариканду ҳамкорӣ доранд  ташкил карда шудааст, ки  хонандагон  ва меҳмонон  метавонанд ҳамарўза аз ин  намоиш баҳра баранд.

Шуъбаи  адабиёти хориҷӣ дар тўли фаъолияти худ  дастури библиографӣ  «Тоҷикистон дар адабиёти хориҷа» (Таджикистан в литературе на иностранных языках) аз чоп баровардааст. Ҳайати кормандони шуъба дар рӯзномаву маҷаллаҳои дохилӣ ва берунӣ кишвар теъдоди бешумор мақолаҳои илмӣ нашр намуданд. Саҳми кормандони шуъба дар баргузори чорабиниҳо, ташкили намоиши китоб, хизматрасонӣ ба хонандагон ва ғайра беназир аст.

Боиси қайд аст, ки Шуъбаи  адабиёти хориҷӣ дар ҳамкорӣ  бо олимони  соҳаи китобдорӣ, китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, муасисаҳои таълимӣ, марказҳои такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо,  сафоратҳо, китобхонахои шаҳру деҳот ва хориҷӣ кишвар ҳамеша пурсамар мебошад.

Фаъолияти пурсамари ин шуъба дар расонидани кумакҳо, ироаи маслиҳатҳои шифоҳиву хаттӣ доир ба дархости хонандагон, забономўзӣ ва ғайра беназир аст. Имрўз шуъбаи  адабиёти хориҷӣ на танҳо рамзи ифтихор, балки санади рахшони такомули пояҳои маънавии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» маҳсуб меёбад.

Чун аз қуллаи баланди беш аз 66 сол ба гузашта назар афканем, заҳмати боазму ҳайати кормандони  пеши назар ҷилвагар мешавад. Бошад, ки ҳама анъаноти наҷиб бо рангу таровати тоза идома пайдо кунад.

Бароям дар ин айёми бофараҳу хотирмон хеле хушу гуворост, ки кулли кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва ҳамаи алоқамандонашро бо фарорасии Наврӯз сами­мона муборакбод гуфта, ба онҳо дар корҳои илмӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва тарғиби китоб чун чашмаи хушкнашавандаи донишу маърифат комёбӣ, фатҳу кушоиши тоза, равнақу  барор ва саодати рўзгор таманно намоям.

Ҷамил Валиев,

 корманди шуъбаи адабиёти хориҷии

Китобхонаи миллии Тоҷикистон.