Библиографияи монографии Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф чоп шуд

 Ин китобча бо номи “Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф. Библиографияи монографӣ” бо заҳмати яке аз библиографҳои маъруфи кишвар Ҷӯрабой Раҷабов ба чоп расид.  Он барои ҳаводорони осори гаронбаҳои адиби пурмаҳсул муфид буда, ба баланд гардидани сатҳи маърифатию фарҳангии насли наврас ва гурӯҳи васеи хонандагон мусоидат мекунад.

Муаллиф дар  пешгуфтор ба китоб менависад: Шодон Ҳаниф (Ҳанифов) яке аз чеҳраҳои дурахшони адаби муосири тоҷик мебошад. Дар ин китоб кӯшиш намудем, ки осори устодро (китобҳои алоҳида интишоршуда, корҳои таҳияю таҳриркарда, тарҷумаҳо) ва адабиёт дар бораашро манзури хонандагони гиромӣ намоем. Библиографияи  монографӣ аз мақолаи мукаммал оид ба вай оғоз гардида, сипас санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устоди зиндаёд пешниҳод мегардад. Маводи он ба се қисм ҷойгир карда шудааст ва сохтораш чунин аст:

                        1.Асарҳои Шодон Ҳаниф.

                        2.Адабиёт дар бораи Шодон Ҳаниф.

                        3.Кумакфеҳристҳои ёрирасон.

Библиографияи монографӣ осор ва навиштаҷоти  Шодон Ҳаниф бо санаҳои муҳими ҳаёт ва фаъолияташ, номгӯи асарҳои интишоршуда, асарҳои тарҷумаю  таҳиякардаи ӯ ва адабиёти оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодиашро  дарбар мегиранд. Дар он мавод ба тартиби солшуморӣ (хронологӣ) ҷойгир карда,  бо тасвири нав сурат гирифтааст.

Билиографияи монографӣ бо мақолаи мукаммали роҳи тайкардаи устод оғоз гардида, сипас осору навиштаҳои ӯ (китобу мақолот, тарҷумаи осори адибону корҳои  мураттабӣ ва асарҳои таҳриркарда) ва адабиёт дар борааш тибқи санаи эҷодашон ҷой дода шудаанд. Ҳамаи китобҳои алоҳидаи устод дар билиографияи монографӣ бо  мундариҷаашон пешниҳод гардида, то охири моҳи апрели соли 2014-ро дарбар мегирад ва теъдоди онҳо ба 20 номгӯй мерасад. Дар матбуоти даврии Тоҷикистон ва берун  аз он беш аз 260 номгӯйи мақолаҳои ӯ рӯи чоп омадаанд, ки  онҳо барои омӯзиши давраҳои ҳаёти мардуми тоҷик ва таърихи матбуоти кишвар замина мегузоранд.

Дар библиографияи монографии мазкур беш аз 350 маводи чопӣ ҷой дода шудааст, ки бештари онҳо дар давраи дар қайди ҳаёт будани адиб рӯйи чоп омадаанд ва романи «Беҳзод» (2014) бо кӯшиши завҷаи адиб Сайёрахонум  ба дасти хонанда расидааст.

Дар давоми фаъолияти эҷодии хеш адиби зиндаёд Шодон Ҳаниф 12 номгӯйи осори адибони собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба забони тоҷикӣ баргардон карда, 10 ҳикояҳои адибонро таҳрир ва 5 маҷмӯаву очерк ва публитсистикаро таҳия намудааст, ки онҳо дар матбуоти тоҷик чоп шудаанд.

Нисбати рӯзгору фаъолияти эҷодии ӯ наздик ба 40 номгӯй китобу мақолаҳои алоҳида дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва нашрияҳои алоҳида ба табъ расидаанд.

Дар охири билиографияи монографӣ барои ҷустуҷӯи фаврии маводи лозима кумакфеҳристҳои ёрирасони алифбоии асарҳои адиб ва ашхос пешниҳод мегарданд.

Муаллиф ҳамчунин ба ин умед аст, ки билиографияи монографӣ барои кушодани мазмун мундариҷаи осор, роҳи тайкардаю рӯзгор ва фаъолияти адиби маъруфи тоҷик – Шодон Ҳаниф мусоидат мекунад ва барои таҳияю рӯи чоп овардани дигар шаклу намудҳои библиографияи тоҷик замина мегузорад.

Китоби “Нависандаи халқии Тоҷикистон Шодон Ҳаниф. Библиографияи монографӣ” – ро шумо метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Малика Абдуллоева