Зодрӯзи шаҳбонуи шеъри форсӣ Фарзонаи Хуҷандӣ. Бигзор, ки дар рӯи ту бинем Худоро

Фарзонаи ХуҷандӣИнсонҳое ҳастанд, ки ҳабибу азизи Худоянд ва дар сиришту сарнавишту саргузашташон осори таҷаллии Худовандро мебинем. Барои шинохти чунин инсонҳо назари чашми сар, ки кифоят нест… мебояд дидаи дилро ойина Худойнамой кард, то дар он акси азизони Худо биншинад ва мо онҳоро бишносем. Меҳри башар ба зоту сифоти Он Якто азалист, ҳамон меҳрест, ки парварда ба Парвардгори худ дорад ва чун осори он меҳрро дар вуҷуди инсоне мушоҳада мекунем, иродату ихлосамон ба он азизи Худо дар дилҳомон рӯшан мешавад.

Аз ҳамон рӯзи нахустине, ки бо Устод Фарзона шарафи шиносоӣ ва шогирдӣ доштам, иродату ихлосам ибтидо гирифт ва аслан фикр мекунам, ки ин меҳр ҳам азалӣ буда дар сарнавишти ман ва ҳар чи азалист абадӣ ҳам ҳаст. Устод Фарзона азизу ҳабиби Худо ҳастанд ва ба ин бовари ман муҳкаму устувор аст. Танҳо азизони Худо метавонанд зеботарин сифоти Он зеботарин Кардгорро дар сиришташон дошта бошанд, чун дар офариниш Офаридгор онҳоро бо ҳавсалаи тамом, бо меҳри бардавом хеле моно бар Худаш офарида.Устод Фарзона ҳамон фариштаи хушназар ҳастанд, ки ба таъбири Хоҷа Ҳофиз  ҳаргиз “дида наёлудаанд ба бад дидан”. Нағз дидани кулли инсоният сифати азизони Худост.

Касеро мисли Устод Фарзона соҳибдуъо надидаам, ҳар боре дуъое ба ман додаанд, мустаҷоб шуда. Боре ба дидани духтарам Шабнам, ки дар кӯдакияш бемори дардаш беилоҷ буд рафтанду ба чашми Шабнам нигаристанду гуфтанд “Чашми ин духтарчаи зебо пур аз зиндагист, Худованд сиҳҳаташ кунад, умри дарозаш бахшад”, дар ҳамин замон чашмам ба пизишки ҳамроҳи мо афтод, ки бо нобоварӣ сар ҷунбонд… чун бовар надошт ба шифои чунин як бемори дардаш бедаво. Шабнам шифо ёфт ва ҳамон пизишк ба ман гуфт “Тавба, ман бори аввал мебинам, ки дуъо ин қадар шифобахш буда”. Се сол пеш, вақте хоҳарам бемор буд дар беморхонаи бемориҳои саратонӣ, тасодуфан бо Устод Фарзона вохӯрдем ва аслан фикр мекунам тасодуф ҳам набуд, балки Хости Худо буд он дидор. Устод Фарзона чун огоҳ шуданд аз бемории хоҳарам, пас аз дилбардории ман дуо карданд, ки “Илоҳӣ, Худованд шифои комилаш диҳод”. Пас аз ҷарроҳӣ, духтурҳо тавсия доданд, ки бояд ҳатман табобати кимиёӣ низ гирад бемор, аммо хоҳарам нахост ва гуфт “ҳарчӣ бодо бод, ман ин табобатро намегирам”… Хулоса, пас аз ташхисҳои пайдарпай дар давоми ду сол муайян шуд, ки комилан шифо ёфтааст ва инро ман аз шарофати дуои Устод Фарзона медонам. Танҳо дуои инсонҳои ба Худо наздик ҳамеша мустаҷоб аст. Дурудҳо бар Устоди мо, ки ҳабиби Худо ва соҳибдуъо ҳастанд.

Шеъри Устод Фарзона низ “лутфи Илоҳӣ” аст, ки ба таъбири Камоли Хуҷандӣ чунин шеъри минуиро “сад сол ба фикр кардан натвон сохт, агар лутфи Илоҳӣ ёр набошад”.  Дар шеъри Устод ҳамеша атри нафасҳои Офаридгор ба машоми дилҳо мерасад. Борҳо гуфтаам ва боз мегӯям, ки дар милюн соли баъд дар гумон аст, ки чунин як Шоире, ки андешаҳош минуӣ ва умумиинсонӣ аст, дар адабиёти ҷаҳон арзи ҳастӣ намояд.

Бо истифода аз фурсат Хоҳари фариштасиришт ва Устоди ҳамеша раҳнамоямро бо зодрӯзашон муборакбод мегӯям. Худованд ба кору рӯзгор ва умри гаронарзишашон баракот диҳод.

Абдуҷаббори Суруш,
шоир, муҳаққиқ,
устоди донишгоҳ.