Бингар Садаи моро, к-аз сад сада меояд…
“Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Яке аз ҷашнҳои бостони эронинажод, ки рўзи даҳуми моҳи ёздаҳуми солшумории шамсӣ – баҳман барпо мешуд. Азбаски даҳуми Баҳман то ҷашни Наврўз панҷоҳ шабонарўз аст, ин рўзро Сада ном ниҳоданд. Зеро ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ, форсиён шабу рўзро алоҳида ҳисоб мекарданд.
Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Ҳушангро асосгузори ин ҷашн гуфтааст. Гуё Ҳушанг ҳангоми саёҳат бо дарбориён бо море дучор омада, сангеро сўи он андохт. Санг бар санге бархўрда, аз он оташаке парид ва ба ин васила оташ кашф гардид. Минбаъд одамон ба ҳамин муносибат оташе афрўхта, ба он саҷда мекарданд ва ин маросимро Сада номиданд.
Аз қадимияти ин ҷашн ишорати баъзе шоирони гузаштаи форсу-тоҷик гувоҳӣ медиҳанд.
Ҷашни Сада, амиро, расми ки бор бошад,
Ин оини Каюмарсу Исфандиёр бошад.
(Манучеҳрӣ)
Сада ҷашни мулки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
(Унсурӣ)
Аҷдоди мо дар ин рўз ҷашне меоростанд ва тамоми шаб гулхан афрўхта, дар гирди он рақсу бозӣ мекарданд ва ба сўи осмон кабўтарҳо сар медоданд. Аз рўи одат, ба муносибати ҷашни Сада Шоҳону амирон ҷамъ меомаданд ва шоирон дар васфи Сада чакомаҳо месуруданд ва тавасути ангориши анъанаҳои неки аҷдоду мадҳи сарварони замон мамдўҳонро ба саховатмандию мурувват даъват мекарданд.
Сада то асрҳои Х-ХI ҳар сол ҷашн гирифта мешуд, лекин баътар, тадриҷан аз байн рафт. Боиси ифтихор аст, ки ба шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол зиёд шуда истодааст. Имрўз ҷашнҳои мо, ки аз қаъри асрҳо ба замони мо расидаанд, ҳоло дар сатҳи давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегарданд. Ҷашни Сада ҳамчун ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврўз инчунин давраи ниҳолшинонӣ тайёрӣ ба киштукори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Дар замони итиқлолият Сада баробари дигар маросиму сунатҳои миллии мо аз Наврўзу Меҳргон умри дубора пайдо кара, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад.
Ин навиштаро бо байни Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло ҷамъбаст мекунем:
Бингар Садаи моро, к-аз сад сада меояд,
Бунёди ҷаҳолатро оташ зада меояд.
Аксҳо аз Фейсбук