Бист мулоҳиза ва тавсияи журналист ва нависандаи маъруф Раҷаб Мардон ба ҳамкасбони ҷавонаш

Раҷаб МардонБисёр хондан даркор, Китобхонаи Миллиро бисёр дуст доштан даркор. Мо дар замони худ китобхонаи Фирдавсӣ доштем ва ман рафта ин хел шароитҳое, ки дар Китобхонаи Миллӣ дидам, дар мо набуд. Ҳамин номи китоба менавиштему медодем ба китобдор, як соат мекофт, меёфт ё ин ки намеёфт, мунтазир мешудем. Дастгоҳ барои сабт набуд. Ҳозир дар телефон ҳама чизро сабт мекунию меравӣ.

*****     ******    ******

Агар умр вафо мекард устоди журналистон, қаламкаши маъруфу шинохта Раҷаб Мардон ба синни мубораки 85 қадам мегузошт. Дардову дареғо, ки риштаи умри ин шахсияти нотакрор дар 83 –солагӣ канда шуд.

Дар як мулоқоте, ки шодравон Раҷаб Мардон бо донишҷўёни ихтисоси рўзноманигорӣ ва рўзноманигорони ҷавони кишвар дар заминаи лоиҳаи якҷояи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО таҳти унвони «Мактаби таҷрибаҳо»  10 декабри соли 2020 доштанд, бист мулоҳизаи ин собиқадори соҳа барои журналистони ҷавон ироа шудааст, ки бешак беҳтарин дастуранд барои ҳамаи онҳое, ки ба пайроҳаи эҷод қадам мениҳанд.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода ин тавсияву насиҳатҳои адиби маъруфро дар китобе, ки соли 2023 бо номи “Одами одӣ набуд ӯ, кӯҳ буд” мунташир шуд, ҷо додааст.

Тавсияҳои Раҷаб Мардон ба мисли насиҳати падар ба фарзанд аст. Ӯ аз таҷрибаи зиндагӣ ва фаъолияти рӯзноманигориву нависандаии худ ба ҳамин хулосаҳо расидааст ва онро чун маслиҳат ба насли қаламкашони ҷавон пешниҳод кардааст.  .

  1. Ҳамин роҳе, ки шумо пеш гирифтеду чанд қадам мондед, роҳи пуршарафе ҳаст, ки покӣ мехоҳад. Дили пок, нияти пок, фикри пок ва роҳи рост. Кадом журналисте, ки дар ҳамин роҳ аст, ў файзу баракат меёбад.
  2. Барои журналисти муваффақ шудан таҳсил дар донишгоҳ кофӣ нест. Зеро донишгоҳи ба шахс танҳо роҳ нишон медиҳад. Бинобар ин бояд оид ба соҳаҳои гуногун дониш омўхт ва савияи ҷаҳонбиниро васеъ кард. Боқӣ аз кўшишу ғайрат ва садоқати худи шахс ба ҷодаи пешгирифтааш вобаста аст.
  3. Шумо намаки суханед, намак! Намак бояд вайрон нашавад. Агар гўшт ганда шавад, намакаш мезанӣ, соз мешавад, ҳамин хел нест?! Лекин агар намак вайрон шавад, вайро ислоҳ карда намешавад. Шинед, як фикр кунед ва нависед барои матбуот не, барои худатон. Як дафтари сиёҳнавис гиред, агар ҳамин рўз як идея дар сарат бошад, ҳамонро илоҷе ёфта ҳамон шаб навис. Як варақ менависӣ, як ҷумла менависӣ, ду ҷумла менависӣ ин пешравӣ ва инкишофи эҷодӣ аст.
  4. Навиштан, навиштан ва боз ҳам навиштан шуморо ба кӯи мурод мебарад. Ба меҳнат, ба хондан, ба навиштаи дил бандед. Бояд дар ҳаёти шумо рўзе набошад, ки як варақ сиёҳ накарда бошад. Бигузор рўз натавонистед, шаб як соатак дер хоб кунед ва ҳамон рўзтона ҷамбаст кунед. Ҳамон рўз як шухӣ шунидӣ, як чизи дилнишин дидӣ, як чизи ғамангез шунидӣ, ҳамаашро қайд кун.
  5. Барои шумо аз ҳама муҳим пайдо кардани идея аст. Мақолае, ки идея надорад, навишта нашавад, беҳтар аст.
  6. Бисёр хондан даркор, Китобхонаи Миллиро бисёр дуст доштан даркор. Мо дар замони худ китобхонаи Фирдавсӣ доштем ва ман рафта ин хел шароитҳое, ки дар Китобхонаи Миллӣ дидам, дар мо набуд. Ҳамин номи китоба менавиштему медодем ба китобдор, як соат мекофт, меёфт ё ин ки намеёфт, мунтазир мешудем. Дастгоҳ барои сабт набуд. Ҳозир дар телефон ҳама чизро сабт мекунию меравӣ.
  7. Чашми журналист аз шуои рентген ҳам тезбинтар бояд бошад. Мушоҳидакор бошед, бо далел фақат сухан гуед. Ҳар далеле, ки  мегиред, ҳамаша истифода накунед. Асосии асосиша истифода кунед ва баъзеи дигарша барои мақолаи дуюму сеюматон ҳам монед.
  8. Аз фаъолияти пирҳои кор истифода баред. Нависанда барои тақвияти эҷодии худ роман мехонад, повест мехонад. Журналист бошад, бо образ сару кор дорад. Ў бояд як образи хотирмон биофарад. Журналист дар тамоми соҳа фаъолият мекунад ва ў бояд аз ҳамаи илмҳо бохабар бошад. Каму беш духтуриро дарк кунад. Оид ба физикаи атомӣ тасаввурот дошта бошад, ҳатто аз математика бояд тасаввурот дошта бошад, ки ҳамин математикҳо чӣ гуна одаманд. Аслан агар бинигарӣ, одамони заминӣ нестанд. Агар Худо хоҳад ба наздикӣ очерки маро дар бораи академик Камол Бойматов чоп мекунанд. Шукр кардан даркор аст, ки аз тоҷикҳо ҳамин хел олимҳо дорем. Барои инро навиштан ман як 60­-то китоб хондам аз ҳаёти математикҳо, баъд дидам, ки инҳо аз шоирҳо мегузаронанд, инҳо фазоро ҳисоб мекунанд. Масалан, Нютон баъди тадқиқи ҷозибаи замин, дигар чизе нанавишт. Ў модарашро бисёр дўст медошт, баъди он ки модараш аз дунё гузашт, 30 сол умр дид ё ин ки 40 сол, дигар чизе нанавишт. Баъд аз вафоташ 5000 саҳифа ё ин ки 7000 саҳифаи навиштаашро ёфтанд, ки ҳамааш дар бораи фазо аст.
  9. Дониш силоҳи асосии журналист аст. Дониш зиреҳ аст ва сипар аст барои одам, баъди ҷон дониш аст ва ҳамон ҷоне дар осоиш ҳаст, ки дониш дорад, меҳнат мекунию меҳнатат як натиҷа медиҳад ва татбиқ мехоҳад.
  10. Шумо вақте, ки дониш доред, либоси одии куҳна ҳам дошта бошед, мартабаи шуморо мебардорад ва мисли ситора медурахшед. Лекин вақте, ки худатро ситора мепиндорию дониш надорӣ, бисёр дар назари мардум хираӣ ва нодаркорӣ.
  11. Ба қадри ҳамсабақони худ расед. Якдилона зиндагӣ кунед. Мо дар курсамон намефаҳмидем, ки кӣ аз Конибодом аст ва кӣ аз Кўлоб.Танҳо номашро медонистем ва якдигарро самимона дўст медоштем. Мо 10-ум курси хатмкунандагони ҳамин факултет ҳастем ва худи муаллимон мегуфтанд, ки курси нотакрор будем. Аз ҳамин курс Бозор Собир, Нозир Арабзода, Асадулло Саъдуллоев, Мирзоҳаёт Давлатов, Эргаш Шоев, Мазҳабшо Муҳаббатшоев баромадаанд, ки инҳо нимаш олим шуд, нимаш журналист ва ними дигараш шоир ба монанди Бозор Собир, Бурҳон Ғанӣ ва дигарон.
  12. Беҳтарин қаҳрамонӣ ин гузашт кардан аст. Хоҳиши марди 80-сола аз шумо ин аст, ки ҳамдигарро дастгирӣ кунед, ғамшарик бошед, шодишарик бошед ва ба якдигар кумак кунед!
  13. Агар барномаи омоданамудаатон ҷолиб нест, айби журналист аст, чунки маводро шахсе омода намудааст, ки фарҳангу дониши касбиаш суст аст.
  14. Барои журналисти барҷаста шудан бояд бисёр омўхт. Журналист ин занбӯри асал аст, дар ҳар гул мешинад, на ин ки дар як гул. Боз ҳам таъкид мекунам, ки асосаш мутолиа аст. Назари ман ин аст, ки ин таъсири замон аст. Журналистони давраи пеш фурсати омўхтан кам доштанд ва ҳозир замони шуморо нигоҳ кунем, имконот ва шароит беҳтар асту зиёдтар. Умед дорам, ки журналистика ба сатҳи баланд мебарояд. Чунин нишастҳо барои ҳамин аст, ки аз ҳамин тангии имрўза бароем ва маводҳое нависем, ки давлат бояд фикр кунад.
  15. Сабк муҳим нест, услуб муҳим нест, муҳим он аст ки чӣ менависӣ ва дар тамоми давраи инсонӣ ҳамин мемонад. Услубҳо тағйир меёбанд, ҷомеаҳо тағйир меёбанд, давлатҳо тағйир меёбанд,лекин ин тағйир намеёбад. Умуман гапе гуфтан даркор, ки обшуста набошад ва сухане гуфтан даркор аст, ки каси дигар нагуфта бошад. Ман муваффақиятро дар ин мебинам ва дар ин сурат шумо сабки худро пайдо мекунед ва ҳама ошиқи сабки эҷодии шумо мешаванд.
  16. Интернет айни замон ҷаҳонро пахш кардааст, лекин варианти беҳтар нест. Маводҳои нолозимаш аз маводҳои  лозимаш бештар аст. Мо дар он сурат фоида мебардорем, ки онро омўзем. Мо интернетро аз байн бурда натавонистем ва шояд дар ҷои интернет боз чизе пайдо мешавад, ки аз ин дида хубтару беҳтар аст, чунки ҷамъият, одамҳо низ дигар мешаванд. Аммо ин ҳама аз омўхтан вобастагӣ дорад ва мусаллаҳ будан ба  фарҳанг. Ҳамеша омўзед, омўзед, боз омўзед! Агар шунидагӣ бошед ҳамин Форобӣ – олиме, ки тамоми дунё эътирофаш мекунад, аз хонаи худаш вазни Замин дар асоси донишу ақле, ки гирифта буд, ҳисоб кард. Баъд қарибии мурданаш нафаре ба наздаш омад, барои алвидоъ. Форобӣ мепурсанд, ки ҳо ана ҳамон масъаларо ман нафаҳмидам, ҳамонро ба ман фаҳмонед. Он нафар мегўяд, ки охир ту инро фаҳмида, чӣ кор мекунӣ, аз умрат шояд дақиқае мондааст, сония мондааст, мефаҳмӣ инро куҷо мебарӣ? Форобӣ мегўяд: аз оне, ки намедонаму мемирам, дониста бимирам, ин хубтар нест?!
  17. Ба хондан, ба илм, ба навиштан садоқат пайдо кунед. Он вақт шумо дар ҷамъият ҳам сарбаланд ҳастед ва дар назди давлат ҳам эътибор доред ва одаме ҳастед, ки метавонед ҷомеъаро ба пеш баред. Агар аз ҳозир наомўзед, ҳамчун як одами миёнае, ки танҳо зиндагӣ мекунеду меравед аз дунё ва ному нишонатон намемонад, боқӣ мемонед. Чӣ гунае, ки дарахт аз замини хуб мебарояд, ҳамин ному нишон ҳам аз одами хуб мебарояд.
  18. Ҳозир мақолаҳои танқидӣ умуман дида намешавад. Танҳо як ё ин ки дуто ёфтан мумкин аст. Чунки журналисте, ки ҳамин соҳаро аз ҷиҳати илмию иқтисодӣ бубинад, ман намебинам. Хело кам дар “Садои мардум” ба мисли ҳамон ситораи парон гоҳ-ногоҳ пайдо мешавад, лекин хело кам. Шумо бояд танқиде кунед, ки натиҷа диҳад. Журналист аз таги нохун чирк намекобад, журналист мушкилии ҷомеаро расонаӣ мекунад.
  19. Журналист бояд манбаъҳоро ҷиддӣ омўзад. Як манбаи муҳиме ҳаст, ки ин паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошанд. Онҳоро бояд сатҳӣ не, чуқур омўхт. Зеро дар ин паёмҳо тамоми масъалаҳо баррасӣ шудаанд ва ба шумо барои таҳияи маводи таҳлилӣ ёрӣ медиҳад.
  20. Шумо ба шоҳроҳе қадам ниҳодед, ки як роҳи муқаддас аст. Роҳе, ки заҳмати бисёр мехоҳад. Заҳмати кашидаатон шуморо ҳамчун эҷодкори аслӣ муаррифӣ мекунад. Муборакатон бошад ин роҳ!

 Аз китоби “Одами одӣ набуд ӯ, кӯҳ буд”, Душанбе соли 2023.

Таҳияи Азиза Иноятова,
шуъбаи абонементи байникитобхонавӣ
ва таҳвили ҳуҷчатҳои  электронӣ