“Бо амри дил”. Маҳфиле, ки шахсони имконияташон маҳдудро ба ҳам овард

Китобхонаи миллӣ бо ин ки ҳамарӯза маҳфилҳои гуногуни илмӣ, адабиву фарҳангӣ баргузор менамояд, маҳфилҳои фарҳангие, ки барои хонандагони шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд омода мешаванд, як ҷаззобияти хос доранд.

Ин навбат дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи шахсони имконияташон маҳдуд (маъюбон) барномаи фарҳангӣ таҳти унвони “Бо амри дил” баргузор намуд. Барномаи маҳфил чун ҳамеша рангину босалиқа буда, дар он аъзоёни шуъбаи хидматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд ва меҳмонон-шахсони саховатпеша ва кормандони Китобхонаи миллӣ ширкат доштанд.

Маҳфилро директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода ҳусни оғоз бахшид.

Лутфия Абдулхолиқзода бо изҳори як ҷаҳон таманниёти наҷиб ҷамъомадагонро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт.

Зимни суханронии хеш директори Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” аз ҷумла иброз дошт, ки “Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Аз замони ба даст овардани Истиқлол то имрӯз тамоми талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ тамоми санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳоро этироф намуда, ба чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ арҷгузорӣ ва баҳри таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони маъюбиятдошта тадбирҳои мушаххас меандешад. 22 марти соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин Кумитаи роҳбарикунандаи «Мубаддалгардонии ҳуқуқи одамони имконияташон маҳдуд ба воқеъият», ки дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, ҷиҳати мутобиқсозии қонунгузории соҳа ба конвенсияи мазкур фаъолият менамояд.”

Маҳфил басо диданиву шуниданӣ ба анҷом расид.

Дар поёни нишаст шахсони дастбахайр ба ширкаткунандагони дорои имконоти маҳдуд туҳфаҳо тақдим намуданд.

Махфират МУҲИДДИНОВА,

бахши робита бо ҷомеа.