Бо асолати тамом диловаронро арҷгузорӣ мекунем (Ёде аз ҳамдеҳагон)
Аз он соати фархунда ва он рӯзи муборак, ки аз садои охирини тиру туфанг хомӯшӣ ҳукмфармо гашт, ҳаштод сол сипарӣ гашт. Ҳанӯз доғҳои сиёҳи Чанги Бузурги Ватанӣ дар дидаю дилҳои наслҳои калонсол ,дар сатрҳои ҳасратолуди адибону таҳқиқотҳои навтарини олимон нақши худро ороста кардааст. Ҳанӯз ҳам ибораи “Ба фронт”, “Пеш аз ҷангу баъд аз ҷанг”, “Хати сиёҳ” ва амсоли инҳо дар лексикони насли калонсол боқист. Ҳар яки онҳо даҳшати худро дошту дар ҷигарҳо нақши саҳмгини худро пахш мекард.
Аз ин лаҳзаҳои ҷанги хонумонсӯз 80 сол гузашта истодааст. Дар ин муддат вайронаҳои ҷанг обод шуданду зиндагии осоишта шукӯҳи тоза ёфт. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои мо наслҳои имрӯза табақаи хеле азизу арҷманди ҷомеа гаштанду ёди онҳое, ки дур аз диёр ғарибмазор шуда, зери коҷе ё булӯте ба хоби абадӣ рафтанд, ҳамеша вирди забонҳост. Бо муҳаббат фарзандеро, набераеро номи вай гузоштанду руҳи поки вайро осуда карданд.
Ҳаёт чун дарё, бидуни ҳодисаю воқеоти соҳилҳо ҳамеша ҷорӣ асту дар ҷараён. Аз шумиҳои он ҷанг дигар чизе боқӣ намондааст, магар ҳайкалҳои аскарҳои гумном. Ба онҳо насли навин бо асолати тамомаш арҷгузорӣ мекунад. Ин ғалаба бо тамоми гарониаш дар сафҳаҳои китоби таърихи башар яке аз дурахшонтарин сафаҳот ба шумор меравад ва беҳтарин ифтихороти собиқ халқи шуравӣ қаламзад мешавад.
Дар он давра, новобаста аз он ки Тоҷикистони азизи мо дар як гӯшаи дурдасти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошта буд, оилаеро пайдо кардан душвор аст,ки падар, бародар ё писарашро ба хотири озодии Ватан аз дасти истилогарони фашистӣ ба ҷабҳаи ҷанг гусел накарда бошад. Садҳо ҳазор фарзандони шуҷои тоҷик ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ рафта, майдони муҳориба ширкат варзиданд. Беш аз 260 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба фронт рафтанд. Барои шуҷоату мардонагии худ, 58 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазор нафар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд. 90 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон аз майдонҳои ҷанг барнагаштанд.
Дар ақибгоҳ, мардуми Тоҷикистон бо заҳмати шабонарӯзӣ барои таъмини ҷанговарони фронт кӯмак расониданд. Занону кӯдакон дар истеҳсоли аслиҳа, ҷамъоварии маблағҳо ва таъмини ҷанговарон бо озуқаворӣ ва лавозимоти ҷангӣ саҳм гузоштанд.
Қаҳрамонии халқи тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) як саҳифаи дурахшони таърихи миллат аст, ки бо мардонагиву фидокорӣ, садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ҷанг зиёда аз 2500 нафар ҷавонмардони Бадахшон ба фронт сафарбар гардиданд ва нисфи онҳо барои озодии марзу буми Ватан ҷони худро фидо намуданд.
Маҳз шуҷоат ва фидокориҳои чунин абармардони ватандӯст ва ҷасур буд, ки 9 май ҳамчун рамзи ғолибият бар фашизм ва озодии башарият аз миллатпарастон боз садсолаҳо ҷашн гирифта хоҳад шуд.
Инак 80 сол аз ғалабаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ сипарӣ мешавад ва мехостам, аз роҳи тайкардаи ҷангии ҳамдеҳагонам, ки дар муҳорибаҳои шаддиди ин ҷанг ба мисли дигар миллату халқиётҳо ҷонбозиҳо намуданд, ёдрас намоям. Мехостам бори дигар таваҷҷӯи насли навинро ба он равона намоям, ки маҳз ин абармардони шуҷоъ ва меҳанпараст буданд,ки моро ба ин даврони осоишта оварданд ва имрӯз дар ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол умр ба сар барем.
Баронов Муносиб Насриддинович 25 апрели соли 1920 дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнон таваллуд шудааст. 10 октябри соли 1940 аз шаҳри Хоруғ ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар Полки зидди танкии артилерии 665-ум лейтенант, баъдан лейтенанти калони тибби ҳарбӣ буд. Дар муҳорибаҳои ҷангии Фронти дуюми Белоруссия ва Фронти Қафқози Шимолӣ барои озод намудани Волгоград, Белоруссия, Украина, Руминия иштирок намудаанд. Барои шуҷоати ҷангӣ бо Ордени «Ситораи Сурх» (ноябри 1944) , медалҳои «Барои мудофиаи Қафқоз» (май 1944) ва «Барои ғалаба бар Олмон» (май 1945) мукофотнида шудааст. Пас аз ғалаба моҳи январи соли 1947 ба зодгоҳ баргашта, баъдан бо аҳли оилааш дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) зиндагӣ ва кор кардааст.
Шомуродов Мамадсаид– соли 1918 дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шуда, соли 1942 ба фронт фиристода шудааст. Шомуродов Мамадсаид дар полки тирандозии 90 ба ҳайси сержант, дастурдеҳи (инстируктор) санитарӣ хидмат намудааст. 17-августи соли 1944 дар яке аз муҳорибаҳои шадиди деҳаи Заречнии вилояти Ленинград қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Ҷои дафнашон номаълум мебошад. Мутаасифона, доир ба роҳи тайкардаи ҷангии ин марди ватандӯст ва шуҷоъ Шомуродов Мамадсаид маълумоти дигарро пайдо карда натавонистам.
Назарамонов Мулкамон – соли 1924 дар деҳаи Демёнаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ таваллуд шуда, даврони кӯдакии худро дар ин деҳа гузаронид. Баъди хатми мактаби деҳаи Вуж, қобилияти кордонии Мулкамонро ба назар гирифта ӯро дар участкаи Булункул сардори бригадаи колхози “Аскари Сурх” таъин мекунанд. 15 сентябри соли 1943 ба хидмати аскарӣ даъват мекунанд. Назарамонов Мулкамон дар ҳайати полки 6 –умӣ эҳтиётии тирандозӣ ба фронт фиристода шудааст. Дар ин полк ӯ ҳамчун аскари қаторӣ тирандоз хизмат мекунад. Баъдан дар ҳайати полки тирандозии 625 ва дивизияи тирандозии 221-уми фронти якуми Украина дар озод намудани хоки ватанаш аз фашистони истилогар ҷасоратмандона иштирок намудааст. Барои иштирок дар муҳорибаҳои ҷанг амаки Мулкамон бо медали “Барои ҷасорат” мукофотонида шудааст. Дар яке аз муҳорибаҳо амаки Мулкамон аз тири душман захмӣ гардида, чанд муддат дар госпитали ҳарбӣ табобат мегирад. Баъди табобат ӯро бо сабаби касалии вазнин аввали соли 1945 аз фронт ҷавоб медиҳанд. Баъди баргаштан ба зодгоҳашон Назарамонов Мулкамон аввал дар мактаби “Аскари Сурх” деҳаи Вуж ба ҳайси муаллими фанни омодагии дифои ҳарбӣ, баъдан аз солҳои 1954-1959 вазифаи мудири мактаб-интернати ба номи “Коммунизм”-и қишлоқи Деҳбаста (ҳоло деҳаи Навобод) кору фаъолият мекунад. Соли 1960 ҳамчун шахси кордону ташкилотчӣ роҳбарияти ноҳияи Шуғнон ӯро ба вазифаи муовини раиси колхози “Иттифоқ” таъин мекунанд. Назарамонов Мулкамон дар синни 37 солагӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ҳалок мегардад. Ман, ки он вақтҳо кӯдак будам, амаки Мулкамонро хеле хуб дар ёд дорам. Мо бо ин марди наҷибу дилсӯз пайванди хешутаборӣ доштем ва доимо меҳмони хонадони мо буданд. Хоҳарам Икронбегим Мамадасанова оилаи бародари амаки Мулкамон шахси хеле меҳрубон ва устои моҳири хонасоз акаи Алибахш буданд. То ҳоло хандаю табассумҳои амаки меҳрубонамон Мулкамон дар ёд дорам. Ёдашон ба хайр.
Курбонҷонов Ширинҷон – соли таваллуд 1925 зодаи деҳаи Демёнаи ноҳияи Шуғнони ВМКБ. Мактаби ба номи “Аскари Сурх”-и деҳаи Вужро хатм намудааст ва то соли 1943 дар зодгоҳаш умр ба сар бурдааст. Моҳи сентябри соли 1943 дар ҳайати полки 6 –уми эҳтиётии тирандозӣ ба фронт фиристода шудааст. Аз рӯи гуфтаҳои ҳамдеҳаяшон Назарамонов Мулкамон амаки Ширинҷон низ бо ҳамроҳии ӯ дар полки тирандозии 625 ва дивизияи тирандозии 221-фронти якуми Украина хидмат намудааст. Моҳи ноябри соли 1944 дар яке аз муҳорибаҳои ҷанг бе нишон гаштааст. Ман дар сомонаи “Память народа192ми” https:pamyat-naroda.ru Федератсияи Россия маълумоти дақиқро оид ба роҳи ҷангии Қурбонҷонов Ширинҷон пайдо карда натавонистам.
Худоров Ғарибмамад – соли таваллуд 1922 дар баъзе маълумотҳо деҳаи Вужи ва Деҳбастаи ноҳияи Шуғнон омадааст (бародари зани тағоиям Шакарбек Оимсултон). Соли 1942 ба ҷанг рафта, дар ҳайати баталёни 6-уми десантии ҳавоии гвардиявӣ, ҳамчун аскари қатории фронти Ленинград хидмат намудааст. Дар яке аз муҳорибаҳо ҷароҳат бардошта, ба госпитали эвакуатсионии 510 фиристонида шуда, 22 феврали соли 1943 ҳалок мешавад. Дар деҳаи Дорогани вилояти Ленинград ба хок супурда шудааст.
Алимшоев Мамадризо Мамадасанович-н.и.т. профессор
кафедраи таърих ва диншиносии
Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба
номи М.Назаршоев.