БО БАЧАҲО. Баҳром Фирӯз. Писарак ва бузғола
Талабаи синфи ҳаштум Дидор чор сол боз гӯшт намехўрд. Баъзеҳо мегўянд, ки вай дар умри худ дигар ҳаргиз гўшт намехўрад. Ҳатто хўроки дар деги гўштдор пухтагиро намечашидаст. Шариконаш ўро «Баррача» гўён мазоқ мекунанд. Бачаҳо гоҳе таъна менамоянд, гоҳи дигар ба таъкид мегўянд: «Агар гўшт нахўрӣ, ақлат заиф мешавад». Дидор барои ин гуна мавридҳо ҷавоби тайёр дорад: «Адиби машҳур Бернард Шоу гўшт намехўрдааст, аммо камақл набудааст-ку! Умри дароз дидааст, марди пурқувват будааст.Дониста монед, ки ҳайвони аз ҳама зўртарин – фил гиёҳхўр аст!..»
Агар калонсолон ҷиддан сабаби гўшт нахўрданашро пурсанд, вай дар ҷавоб ғўлунгхойӣ мекард. Ҳарчанд исрор менамуданд, вале аз ў ҳеҷ кас ба ин савол ҷавоби таъйин намегирифт. Бинобар он ҳам, аксар гумон доштанд, ки вай табиатан аз гўшт қимоб аст. Агар гўшти хомро бубинад ва ё ногаҳон устухони куҳнаи мол ба дасташ афтад, чӣ гуна ранги рўяш дока барин меканад, ҳеҷ кас пай намебурд.
Дидор ба фанни химия рағбат дошт. Китобу маҷаллаҳои гуногунро хонда, баъзн суханони ғалатӣ гўяд, бачаҳо механдиданд. Вай рўзе чунин даъвое пешниҳод кард: «Таркиб гўшт ва картошка хело бо ҳам наздик аст. Фарқ ҳамин ки дар картошка моддаи лейтсин камтар, дар гўшт бештар. Ҳамаи ин моддаҳо ва аминокислотаҳоро ба усули химявӣ аз масолеҳи бағоят арзон гирифтан мумкин. Яъне, гўшти сунъӣ сохтан мушкил не , – даъво карда вай. – Масалан, ба картошка андаке лейтсин ҳамроҳ кунанд, гушти болаззат мешавад!..» Инро шунида, яке ба истҳзо хандид, дигаре нобоварона даст афшонд. Ҳарчанд ки муллим даъвои Дидорро «ин гапи маълум» гуфт, бачаҳо ба лақаби вай як калимаи дигар афзунданду ўро «Баррачаи хаёлӣ» ном доданд.
– Дилат гўшт мекашад? – бо тамасхур мепурсиданд. – Бихўр. Ту қасам нахўрдӣ- ку!.. Гўшти сунъӣ мехостааст!
– Ман аз гўшт безор… Ин ҳамту орзу… Масалан кайҳонавард дар кайҳон хўроки сунъӣ мехўрад? Мехўрад. Хўроки синтетикӣ нобуд намешавад, арзон…
Ҳар як хислати ғайримаъмули инсон ҳатман сабабе дорад. Сабаби гўшт нахўрдани Дидор ба назари баъзеҳо инҷиқии бачагӣ ва ё аз хислати модарзоди ў намояд ҳам, дар асл як фоҷеаи дилхароше буд.
Чор сол пеш аз ин Дидор дар синфи сеюм мехонд. Рўзи иди Наврўз буд. Бузашон дугона зоиду барои Дидор ид болои ид афтод. Бузғолачаҳо ба вай бағоят маъқул афтоданд: яке сиёҳаки пурмағал, алояки хаппак.
Кам-кам вай ба онҳо чунон дилбастагӣ пайдо кард, ки шабу рўзаш бе бузғолаҳо намегузашт. Аз мактаб меомаду ҷузвдонашро монда, ними нонро мегирифту ба марғзор, ба назди бузичаҳо медавид. Нонро як бор худаш мегазид, якборӣ бузичаҳо ба навбат мегазиданд. Вай ҳамроҳи онҳо бозӣ мекард, дар талу теппаҳо медавид, аз шахҳо мепарид, аз сайҳо меҷаҳид. Баъди дарс Дидор ба куҷое равад, ду бузичаи бозингар – Алояку Сиёҳак ғурунгосзанон , бо забони худ ким-чиҳо гуфта аз қафояш мерафтанд.
Баъд дар хонаи Дидорашон зарурати муҳимме пеш баромаду падараш ба таваллою зори ў нигоҳ накарда, бузро бо як бачааш фурўхт. Як бузғолаи дигар – Сиёҳак ятим монд ва Дидор ба вай боз бештар дил баст.
Сиёҳак бузғолачаи шўху бебок, зираку рамузфаҳм буд. Агар танга барин қашқаи пешонӣ ва сафедии як сумашро ба назар нагирем,вай тамоман сип- сиёҳ буд.Баъдтар аз тори сари бузғола мехчаи девор барин ду шохи рост зада баромад ва кам-кам қашқаи пешониаш сабзид.
Муйи пешонии писарбачаҳо барин як тубча шуд. Чашмони ў бо нигоҳи мағрур бебокона, ҳатто андаке озмоишкорона ба кас менигаристанд. Гўё сухани касро, кию чӣ бадани ўро медонистагӣ барин айёрона нигаристани ў баъзеҳоро ҳайрон мекард. «Ҳў сағираи сарсахте, ба одам чунон менигарад, ки гўё аз вай ягон чиз қарздор бошед!» – мегуфтанд баъзеҳо бо химча ўро аз худ дур ронда. Сиёҳак дар ҷавоби андаке таҳдиду ситеза ду пойи пешашро озод ба ҳаво бардошта, ба калаҷанг ҳозир буданашро намоиш медод.
Бузича ба Дидор унс гирифта, аз ў лаҳзае ҷудои намехост. Агар Дидор аз пайи дарсхонӣ ба хона дарояд, Сиёҳак бетоқатона дар таҳи тиреза пой мекўфт, рост шуда ба дарун менигарист ва дам ба дам баас зада ҳамаро безор мекард. Сиёҳакро ба дарун роҳ намедоданд. Бадбахт як-ду бор худсарона ба хона даромада, падару модари Дидор сахтакак ҷазо дид. Не, вай дигар бор ҷуръат надошт, аз остона қадам ба дарун ниҳад.
Бузғолача ду пойи пешашро ба остона ниҳода ба як навъ ғут-ғути махсус Дидорро садо медод, ба забони худ ўро зудтар баро мегуфт. Сиёҳак бе Дидор дилтанг буд ва ҳаргиз бе вай дар марғзор намечарид, агар баста намонанд, зуд баргашта меомад.
Ба одам ин гуна дилбастагии ҳайвони безабон ва бешуур ҳамаро ҳайрон мекард ва ҳар кас ба тарзе онро шарҳу эзоҳ медод. Дидор аз ин хусус андешида дар дилаш мегуфт, ки чӣ ҷойи тааҷҷуб, бузича ҳам монанди одамон ақлу дил дорад, некию бадиро мефаҳмад, ҳатто дили касро мехонад.
Табиат ба вай шуур ва забон надодаст, аммо аз ҳис маҳрум не. Тобистон, вақте ки аҳли хонавода шабҳо дар саҳни ҳавлӣ мехобиданд,ҷойи хоби Сиёҳак таҳи кати Дидор буд. Саҳари барвақт бедор шуда, ба по мехесту сару рўйи Дидори ҳанўз масти хобро лесида ғурунгос мезад, балки ба забони худаш аз хоб хез мегуфт, кӣ медонад. Модар ба даст химча гирифта Сиёҳакро аз сари болини писараш дур меронд.
Аз рўзе, ки бузича аз модар ҷудо шуд, Дидор ширчояшро бо вай ду ҳис карда мехўрад. Аз алафҳо, Сиёҳак асосан, юнучқаи наврас ва печакро бо иштиҳо мехўрад. Алафҳои дигарро ҳамту, сар-сарӣ даҳан зада мегузашт.
Аввали тирамоҳ. Нимрўзӣ ҳавои деҳа танури тафсон барин нафаси касро мегардонд. Ҳама ба пахтачинӣ баромада, дар деҳа фақат пирону бачаҳои худрд монда буданд. Ҳаво гарм, чунон сокит ва беҳаракат буд, ки ҳатто барги сафедорҳои сари роҳ намеҷунбид.
Ҳамсояи ҳавлӣ дар миёни онҳо Бобои Салом ба асояш такя карда, дар суфачаи назди дарвозааш дилтанг менишаст. Садаи деринсол ва чинору сафедори баланд ба таҳи дарвоза сояи ғафс андохтааст. Бобои Салом Дидорро дида, аз дур ба гап даромад.
– Канӣ, писар, имрўз баҳо чӣ хел шуд?.. А?..
Бобо рўзи дароз бе ҳамсуҳбат дилтанг менишаст. Айни долу зарби пахтачинӣ дар деҳа одами бекор нест, то ки мўйсафед чақ-ҷақ кунаду ғубори дилашро барорад.
– Ассалом, бобо, – гуфт Дидор наздик омада. Баъд аз роҳаш наистода ба саволи мўйсафед ҷавоб дод: – Аз ҳисоб – панҷ, аз хониш – чор, дигараш баҳо намонд.
– Ҳа, дуруст, баракалло!..Ҳа, воқеан бузғоларо чиба фурўхтӣ? А?.. Охир, вай ба ту ҷўра буд-а! – гуфт ногаҳон бобо.
– Кадом бузғоларо? Сиёҳакро? – ранги рухи Дидор парид.
– Ҳа, ҳамон Сиёҳакро… Аз афташ, додот ба Комил-қассоб фурўхтааст.Ҳозиракак харакӣ гирифта гузашт. Гўшт камчин, кушта гўшташро мефурўшад- дия.
– Не-е… Дигар буз будагист?
– Хайр, аҷаб не. Ман ба ҳамон бузғолаи ту монанд кардам.
Бо вуҷуди ин, Дидор шамол барин ба тарафи хонаашон давид.
Панҷ дақиқа аз миён гузашта- нагузашта вай баргашта ба қафо медавид. Саросема, ба шитоб, парешон ва гиряолуд метохт. Беихтиёр мегирист, вале арақи рўяш бо ашки чашмонаш омехта, гиряи ўро номаълум мекард. Ў аз пеши Бобои Салом гирдоб барин зуд гузашту рафт. Бобо аз қафояш чӣ гуфт, ба гўшаш надаромад ва ё шунида бошад ҳам нанигарист.
Вай ба таҳи адир ба сурати як бачаи чиркине, ки дар афсонаҳо мегуфтанд, саропо арақашор ва хоколуд даромад. Хоки роҳ, ки ин вақти сол монанди упои занон маҳин ва мисли хокистари гармпойро месўхт, ба буҷили кас мерасид. Дар натиҷаи ба шитоб роҳ гаштан ҳоло ба сару рўйи арақшори ў хок нишаста, андомашро ба кўзаи гилин монанд карда буд.
Дидор Сиёҳакро дар саҳни ҳавлии қассоб бастагӣ дид. Вай пайваста арғамчинро кашида фарёд мекард.
Ӯ беихтиёр ба сўйи вай тохт, вале наздиктар рафта, саги калонеро дид, ки ҳалқа зада хоб буд. Дидор якбора аз раҳаш истод. Саг бачаи бегонаро дид, вале аз коҳилӣ сарашро набардошт, фақат таҳдидомез оҳиста ғуррид. Дидор се-чор қадам қафотар рафт. Дар саҳни ҳавлии кассоб ҳеҷ кас набуд. Дар гирду атроф ҳам. Дуртар, дар лаби ҷўй зане ҷамашўйӣ мекард.
Дидор оҳиста овоз баровард:
– Сиёҳак… Сиёҳак…
Саг чашмашро кушода, бо ҳайрат ба сўйи вай нигарист, вале сарашро набардошт.
Зан овози ўро нашунид. Сиёҳак номашро шунида, аввал як гўшашро, баъд гўши дигарашро ба сўйи соҳибаш дошта, сонияе ба сўйи ў нигарист, баъд якбора фарёду фиғон бардошт. Вай арғамчини ба гарданаш бастагиро чунон сахт кашид, ки банд гулўяшро фишурд, овозаш гирифт ва бузғола ба замин афтод. Дидор монанди мурғи посўхта бетоқат гашт, вале ба ҷуз лутфу навозиши забонӣ ба Сиёҳак дигар мададе расонда наметавонист. Вай ин дам ҷинси сагро дар олам ончунон нафрин гуфт, он қадар лаънат кард…
Дидор баробари Сиёҳак талвоса дошт, беихтиёр мегиристу дар рў ба рўйи дари қассоб беқаророна ин сў он сў мегашт.
Аз миён ним соат барин вақт гузашт, аммо аз хонаи қассоб ҳеҷ кас берун намебаромад.
Зан аз сари ҷомашўйи бархосту ба Дидор, ки бесаришта ва беқарор гирд мегашт, лаҳзае бо тааҷҷуб нигарист ва сонӣ наздиктар омад.
– Ҳой, бача, чӣ гум кардӣ, чаро гиря мекунӣ? – пурсид зан аз дуртар.
Азбаски гиря гулўгираш карда буд, Дидор ба вай ҷавоб дода натавонист ва ҳиққосзанон бо пушти дасташ ашки чашмонашро пок кард.
Зан пештар омада, ба афту андоми Дидор зеҳн монд.
– Ба ман нигар, ту писари кӣ? А? Аз куҷоӣ?
Дидор ҷавоб надод.
– Дар ин ҷойҳо чӣ мекунӣ ? Ё ҳамроҳи падарат омадию ўро гум кардӣ?
– Не… Сиёҳак… оварданд… – Дидор ба сўйи ҳавлӣ ишора кард.
– Сиёҳакат кӣ худаш?
– Сиёҳак… Бузичаи ман, – Дидор ба сўйи бузғола ишора кард.
– Ҳа-а… Қассоб оварданд? – ба сўйи ҳавлӣ нигариста бузғоларо диду ба гапи ў сарфаҳм рафт зан.
Дидор ба тасдиқ сар ҷунбонд.
Дар сари ин гуфтугў буданд, ки қассоб аз хонааш берун баромаду дар болои зинапоя рост истода хамёза кашид. Вай ба майли хотир, дастонашро боло бардошта хамиёзакашӣ мекард.
Сиёҳак ҳамвора гарданашро аз банд халос кардан мехосту фарёд мезад. Овозаш ҳоло гирифта, хирросӣ гашта буд.
– Ҳой, қассоб – амак, бузи ин шўра овардед, аз қафоятон гириста омадааст, – гуфт зан бо овози баланд, ба як навъ оҳанги тантана, гўё Дидор барои қассоби сиёҳҷурдаи ҳайкалвор ягон хушхабар оварда бошад. Баъд ба саг чашмаш афтоду хам шуда, аз замин чўбчаеро гирифта, ба он таҳдид кард: – Алопар, хез гумм шав! Хез!
Саг коҳилона аз ҷояш бархосту бо тааҷҷуб ду-се бор ба зан нигарист ва якта-якта қадам монда ба қафои ҳавлӣ гузашт.
Сиёҳак худро ба сўйи Дидор кашида, ба ҳар нағма баос мезад.
– Кӣ омадаст гуфтӣ? – қассоб наздик омада, як бор ба зан, як бор ба Дидор нигаристу пурсид.
– Бузи ин бачаяка овардед, пиёда аз қафотон омадааст…
– Амак, ин… Сиёҳаки ман… – Дидорро боз гиря гулўгир кард ва ашк аз чашмонаш якбора ба рўяш рехт. – Накушед… ман… – мебарам…
Сиёҳак ин дам ғут-ғуткунон ким-чиҳо мегуфту сару рўйи Дидорро мелесид.
– Э, ана гапу мана гап! – хандид қассоб. Баъд чунон ки бо кўдаки панҷсола ҳазлу шўхӣ мекарда бошад, гуфт:
– Охир, ман ина аз додот харидам-ку! А? .. Акнун чӣ мешавад? Додот ту катӣ маслиҳат накарда фурўхт? – Вай гиряву зории бачагонро нозу нуз ва ё ҳамту инҷиқию эркагӣ меҳисобид. – Пул дорам…
Хўш… савдоро гардонда намешавад, писар. Айб аст. Ту ҷавони кап-калон шудию ҳолӣ барои барои ҳамин бузича гиря мекунӣ ?! Айб аст… Э, аз деҳа то ҳамин ҷо пиёда омадӣ?.. Э, баракалло! – бо завқ хандид вай.
Зан ба Дидор бо як навъ табассуми дилсўзона такрор-такрор нигаристу оҳиста-оҳиста ба сари ҷомашўйиаш рафт.
– Амак, ин Сиёҳаки ман…
– Падарат ба пули ин барои ту сафедакаша мехарад. Чӣ фарқ дорад?! Сиёҳак бошад ҳам, калонак шудааст, гўшт гирифтааст.
Расо бонӣ кардаӣ-да-а?
– Амак, ин аз они ман…
– Акнун аз они ман шуд, писар. Э, ту наход нафаҳмӣ?
– Бидиҳед, амакҷон, – зорӣ мекард Дидор. – Накушед… вай… вай… дуои бад мекунад.
– Э, падарат пулаша аз ман гирифт!.. ғалатӣ будаӣ –кў!
Дидор кисаашро кофту аз он якто яксомонаи чорқатро бароварда, оҳиста қати онро кушод ва ба қассоб нишон дод.
– Ана, пул дорам… Боз мебиёрам.
– Ҳа-ҳа-ҳа…– қаҳ-қаҳ зада хандид қассоб. –Ту ина аз кучо гирифтӣ? А?.. Росташа гўй, аз киссаи падарат дуздидӣ? А?
– Не, худи падарам доданд, дар танаффус самбўса харида хўр гуфтанд.
Вай бо умеду илтиҷо ба чашми марди қассоб менигарист, вале андоми ў якзайл бепарво ва сангин буд.
– Ман барои молҳоятон алаф мебиёрам… Аз кўҳ ҳезум ҳам оварда метавонам… Амакҷон, Сиёҳакро накушед, ба ман диҳед… Ман хар катӣ ҳар рўз ба молҳоятон алаф оварда медиҳам.
– Ба ман нигар, – оқибат ба вай раҳми қассоб омад магар, ба насиҳат пардохт, – бузатро ба ман фурўхтанд, мефаҳмӣ? Падарат аз ман пулашро гирифт. Пули зиёд гирифт.
Ба он пул балки ба ту ягон чиз мехаридагист? Акнун ин буз аз они ман…
– Хайр, амак, пулатонро гиреду Сиёҳака диҳед… Ин Сиёҳак… беозор, сағира аст. Вай дар ин ҷо ғамгин мешавад, ҳеҷ чиз намехўрад… Касал мешавад…
Баъди он ки мусоҳиба хеле тўл кашиду ин мавзўъ ба дили қассоб зад, ў ба Дидор гуфт, ки рафта аз хонаи мо бузатро бар. Дидор бо ҳамин умед шитобон ба қафо гашт.
Аммо дар хона ҳам талаби ўро шунида, хандиданд.
***
Рўзи дигар вай боз роҳи хонаи қассобро пеш гирифт. Сиёҳакро аз қассоб пурсида гирифтанӣ, ҳеҷ набошад, онро як назар дида, обу алафашро дода, баргашта омадан хост. Дар ҳавои тафсон шаш километр роҳро пиёда гузашта, ба ҳавлии ў расид, вале…Пўсти Сиёҳакро дар тор овезон диду ногаҳон, гўё саг ҳуҷум карда бошад, бо гиряю фиғон ба қафо тохт…
******************* **************** *********************
Ин ва дигар китобҳои тозанашрро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед
Таҳияи Шабнами Мустафо,
мутахассиси пешбари шуъбаи кўдакон ва наврасон.