Бо бачаҳо. Ду афсона барои атфол. Хаёлпараст

Буд, набуд, як кампир буд, дар бисоташ фақат як писар дошт. Вай чунон танбалу нокора буд, ки ба гуфтан рост намеомад. Кораш аз нишастану хобидан иборат буд. Поёнро обу болоро сел барад, парво надошт. Ин аҳвол ба ҷони кампир расиду як рўз ба писараш гуфт:

            – То кай ин хел шаб ҳангию рўз бангӣ шуда хоб меравӣ? Худо марда барои берун офаридааст, ту ҳам мисли дигарҳо ба кучаю бозор рав, харидуфурўш кун. Ба ягон чиз соҳиб шав!

            – Хайр, модар, бигў, чӣ кор кунам? – пурсид писар.

            Модар ба дасти вай як сабадча тухм дода гуфт:

            – Ақаллан ҳаминро бифрўш, то пуле барои қути лоямут шавад.

Писар сабадчаи тухмро гирифта чанде рафт, дар роҳ дар сояи ғафси чинор нишасту сабади тухмро ба замин монда, ба хаёл рафт. «Дар ин сабад камаш панҷоҳ тухм ҳаст, – фикр кард ў, – инро мефурўшаму ба  пулаш  як хурўсу камаш панҷсад мокиён мехарам. Мокиёнҳо дар андак вақт тухм мекунанд, панҷсад тухмро мехобонам, панҷсад чўҷа мегирам. Чўҷаҳо калон мешаванду тухм мекунанд, камаш панҷ ҳазор тухм мекунанд, аз панҷ ҳазор тухм панҷ ҳазор чўҷа мегирам. Чўҷаҳоро калон мекунам, бурда фурўхта ба пулашон ҳазор сар гўсфанд мехарам. Гўсфандҳо  барра мезоянд, баррачаҳо калон шуда, боз барра мезоянд, он барраҳо ҳам калон мешаванд, ба чанд рама гўсфанд соҳиб мешавам, даҳ-дувоздаҳ чўпон киро мекунам, гўсфандҳоям зиёд шудан мегиранд, нисфашонро фурўхта, ба пулаш як қасри подшоҳӣ месозам, ба ин хел қаср албатта, як зани хушрўй лозим мешавад. Дили духтари ҳамсоя ба ман кашол, лекин ман ба духтари подшоҳ хостгор мефиристам, подшоҳ давлату сарвати маро дида, албатта не намегўяд. Як тўйи дакаданг мекунам, духтари подшоҳро арӯс карда мебиёрам. Ўро бо суруди «Ёр-ёр» ба таги чодар медароранд, ман духтари нозанинро ба канор мегирам. Духтар духтар аст, аввал ноз карда, аз ман мегурезад, аз домони куртаи ҳарираш дошта, ба тарафи худ мекашам. Духтар домонашро кашида, аз дасти ман ҷудо карданӣ мешавад ».

            Ҳамин вақт фикр кард, ки агар ҳозир чашми духтарро натарсонад. Баъд дер мешавад. Дар сари ҳамин фикр пояш ба чизе расида, чашм кушод, ки сабади тухм панҷ-шаш қадам онсўтар чаппа шудааст. Наздик рафта дид, ки ягон тухми сиҳат намондааст…

                                                           Аҷоибот

Дар як мадрасаи Бухоро ҷавони қашшоқе таҳсил мекард. Азбаски ў ба хондан шавқи бисёр дошт, ба ҳар азобу душворӣ тоқат мекард.

            Рўзе шуд, ки на дар ҳамиёни ў пул монду на дар ҳуҷрааш хўрдание. Ҳамин ҳол чанд вақт давом кард. Ҷавон чӣ кор карданашро надониста, баъди фикру хаёл тадбире андешид: китоби «Шоҳнома» -ро гирифта ба кўча баромад ва дар маркази шаҳр як майдони серодамро интихоб карда, ба «Шоҳнома» -хонӣ сар кард.

            Овози баланду форам ва хониши бурову равшани ў диқкати мардумро ҷалб кард. Одамон дар гирди ў ҳалқа зада, сар то по гўшу ҳуш шуданд. Вақте ки ў чанд достони «Шоҳнома»-ро хонд, китобро пўшид. Одамон ба қадри ҳиммату қудрати худ пеши ў як миқдор пул гузоштанд. Ҷавон пулҳоро гирифта, ба бозор рафт, гўшту равғану пиёз харида, ба ҳуҷрааш овард. Дар он миён се дузд ўро  назора мекарданд. Дуздон аз пайи ҷавон афтоданду диданд, ки ў рафта ба як мадраса даромад. Дуздон ҳуҷраи ўро муқаррар карда, интизори торикӣ шуданд. Ҳамин ки торикӣ фаро расид, оҳиста ба ҳуҷра зада даромаданду ба ҷавон гуфтанд:

            – Аз ҷоят наҷунб, овозатро набарор, ки мекушемат!

            Ҷавон, гўё ин суханро нашунида бошад, дуздонро ба рўйи курпача даъват кард:

            – Марҳамат, меҳмонони азиз, хуш омадед! Ҳозир палав дам кардам, то як пиёла чой мехўред, ош тайёр мешавад.

            Бўйи ош ба димоғи дуздон расида иштиҳояшон карнай шуд. Онҳо ба якдигарашон чашмак заданд: «аз насиба рўй нагардон» гуфтаанд, аввал ошро бихўрем, баъд ҳар чӣ хоҳем мекунем.

            Ҷавон ба дуздон чой дароз карда гуфт:

            – Се сол аст, ки ман дар ҳамин мадраса таҳсил мекунам, чӣ одамҳое ин ҷо дидам, шогирдони ин мадраса яке одами ростқавлу ҳалолу покиза, дигаре дағалу бадмуомила, савумӣ хаппаки дамдузд – хулоса ҳар кас ҳар хел. Дар ҳуҷраи рў ба рў як муллобача истиқомат дорад, ўро одат ҳамин аст, ки ҳар замон агар ягон дурўғ нагўяд, девона мешавад. Дишаб вақти хуфтан ногоҳ фарёд зад: «Ҳой мардум, аз ҷой хезед, ин ҷо биёед!» Одамон фикр карданд, ки ин дурўғи навбатӣ бошад, бинобар ин касе аз ҳуҷрааш набаромад.

            – «Шумо чӣ хел мардуми бепарвоед, ки аз ҷоятон намеҷунбед ва ин аҷоиботро дидан намехоҳед?! » – гуфта боз баландтар дод зад он ҷавон.

            – Ҷавони Шоҳномахон ҳам овозашро баландтар карда ин гапҳоро такрор кард:

            – Ҳой, шумо, муллобачаҳо, чӣ хел мардуми бепарво, ки аз ҷоятон намеҷунбед ва аҷоиботро дидан намехоҳед?!

            Овози ҷавонро шунида, аз чор тараф  муллобачаҳо омада ба ҳуҷраи ў даромаданд:

            – Чӣ аҷоибот аст ин ҷо? – пурсиданд онҳо.

            – Мана, ин се дузди гузаро, қасди ҷони маро карда, ин ҷо омадаанду ман инҳоро бо палав зиёфат карданиям. Аҷоибот магар аз ин зиёдтар мешавад?!

            Муллобачаҳо дуздонро дастгир карда, ба қозихона кашиданд ва баргашта ба ҷавони «Шоҳнома»- хон хабар доданд, ки надимони қозӣ дуздонро  ба зиндон андохтанд.

            – Хас каму ҷаҳон пок! – гуфт ҷавони «Шоҳнома»-хон.

                 Аз китоби “Хаёлпараст”, силсилаи  “Аз афсонаҳои халқи тоҷик”.

Таҳияи Шабнами Мустафо мутахассиси пешбари шуъбаи  кўдакон ва наврасон.