БО БАЧАҲО. Комила Камолова: “Эҳтиёти  дандон”

Эраҷ шириниро дўст  медорад. Хусусан, яхмосро.  Чормағзу бодомро бо дандон  мешиканад. «Дандонҳои  ман,- мегўяд, – аз  оҳан  сахтаранд». Обро ҳам бо  яхпора  менўшад. Аммо дандоншўйӣ ҳеч гоҳ ба ёдаш  намерасад.

Дишаб як дандонаш дард кард. Ба гумонаш  ҳамаи  дандонҳояш дард мекунанд. То саҳар нахобида гирист.  Модар ҳама корро кард, аммо суде набахшид.

Чун субҳ дамид, модар гуфт:

– Бархез, либосатро пўш. Ба назди табиб меравем.  Наравӣ, боз сахттар дард мекунад.

Эраҷ хеста либос пўшид. Ҳар ду ба дармонгоҳ   рафтанд.

Одамон дар навбат истода буданд. Модару писар   навбат гирифтанд.

Чанд лаҳза пас Эраҷ хандиду гуфт:

-Модарҷон, дандонам дигар дард намекунад.

–Ин аз тарс,-гуфт модар.

– Натарс, бачаҷон. Шердил  бош.

Аз назди табиб як духтарак баромад. Вай ду бари  рўяшро дошта буд.

–Дард кард? – пурсид Эраҷ.

-Не,- ҷавоб  дод  духтарак.

Дили Эраҷ қувват грифт.

Табиб аз дами дар ба Эраҷ нигарист ва  меҳрубонона пурсид:

– Номат чист, писарҷон?

– Эраҷ,- гуфт писарак.

– Биё, гузашта, шин.

Табиб дандонҳои Эраҷро аз назар гузаронида гуфт:

– Писарҷон, ту дандонҳоятро эҳтиёт намекардаӣ-ку. Дандонҳоят мегўянд, ки мо бодому чормағз  шикастаем.  Яхмосу яхоб  ҳам хўрдаем.

Табиб ба милки дандони Эраҷ сўзандору гузаронд.   Дандон карахт шуд. Сипас онро тоза карда, марҳам   молид.

– Модарҷон, – гуфт Эраҷ, – духтурхола дандонҳоямро  табобат  карданд. – Аз ин баьд дандонҳоямро эҳтиёт  мекунам.

****    ****   ****

Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳоро шумо метавонед дар тлори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Таҳияи Умед Алиев.