Бо бачаҳо. Порча аз китоби Люис Кэролл “Алиса дар олами муъҷизаҳо”

  Яке аз рўзҳои гарми тобистон буд. Вақте ки офтоб нав ранги сурхчатоби худро мегирифт, Алиса дар яке аз шохаҳои поёнии чанори калоне менишаст. Аз бобунаҳои аз дашт чидааш гарданбанде сохта, онро ба гардани гурбае, ки дар оғӯшаш менишаст, пўшониданӣ буд. Виз-визи занбўрҳое, ки ба гулҳо мечаспиданд, шибир-шибири алафҳо ва вазидани насими форам ба Алиса аҷаб кайфияте мебахшид.

   Бо овози баланд китобхонии апаш ба ў мисли аллагўйӣ таъсир мекард. Ҳарчанд ба китоби таърихе, ки апааш мехонд гўш медод, вале аз калимаҳои он чизе намефаҳмид. Апааш:

        – Алиса, – гўён хитоб кард.

        – Лаббай ? Шуморо гўш карда истодаам, давом диҳед, –  гуфта ҷавоб дод Алиса.

     Ҳол он ки апаашро гўш намекард. Чашмонаш пўшида шуда, қариб буд, ки хобаш барад. Гарданбанди аз гулҳои бобуна сохтаашро мехост ба гурба пўшонад, вале аз худафшонии гурба гарданбанд парида, ба сари апааш афтид. Апааш хело ба ғазаб омада буд.

            – Алиса! Ба фикрам маро гўш накарда истодаӣ, – гуфт ў.

            – Эээ, апаҷон, охир, як китоби берасми таърихиро гўш карда чӣ кор кунам, – ҷавоб дод Алиса.

          – Дар дунё китобҳои зиёди берасм низ ҳастанд.Инро фаромўш накун.

           – Шояд, лекин дар дунёи ман танҳо китобҳои расмдор ҳастанд.

        Апаи Алиса хашмгин шуда, китфҳояшро афшонд. Баъд:

            – Канӣ, аз нав мехонам, илтимос, нағзтар гўш кун, – гуфт.

       Алиса худ ба худ:

          – Беҳуда, бале гурбаҷон, ҳамаи ин корҳо беҳуда, – гўён гурбаашро ба оғўш гирифт.

      Баъд аз дарахт фаромада,  сўйи чаманзори бобуна равон шуд.

     Шапаракҳои ранг ба ранг дар атрофии Алиса болзанӣ карда, ба ў салом медоданд. Парандае парида омад ва ба болои гули бобунаи калоне нишаст. Алиса бо гурбаи худ сайркунон ба канори дара фаромад. Вақте ба ҷўй хам шуда, ба акси худ нигоҳ кард, дар об як харгўшаки ҷелаки гулобидорро дид. Алиса аз дидани чунин манзара он қадар дар тааҷҷуб намонда буд, вале гурбааш ҳайрону беқарор гардид:

     – Чаро ҳайрон шудӣ, Диана? О, ин танҳо як харгўшест, харгўши ҷелаки гулобидор, – гуфт Алиса.

      Баъд харгўш, якбора ба тарафи дигари соҳил баромада, аз ҷайбаш соати тиллоеро баровард.

    – Дер мондам! Дер мондам, – гўён ба даву тоз шурўъ кард.

    Алиса аз ин ҳол хеле дар тааҷҷуб монда буд. Зуд аз паси харгўш давид. «Ин харгўш ба куҷо дер монда бошад?»,- андеша кард ў . Вақте ба харгўш наздик шуд:

      – Узр мехоҳам, ҷаноб, – гуфт.

     Лекин харгўш суръаташро боз ҳам тезтар кард.

      – Ба як вохўрии хеле муҳиме дер мондам, дер мондам.

    «Дақиқ ягон кори муҳиме дорад», – гуфт худ ба худ Алиса.

     Баъд:

      – Ҷаноби харгўш, як дақиқа истед, – гўён хитоб кард.

      – Не, вақт надорам. Дер мондам, дер мондам…

      Суханони охирини харгўш аз дохили сўрохии як дарахте мебаромад. Ҳарчанд Алиса бо гурбааш ба дарахт наздик шуда, ба дохили  сўрохӣ нигоҳ карда бошанд ҳам, дар хусуси чуқурӣ ва калонияш чизе фаҳмида натавонистанд…

     Баъд Алиса ба кунҷкобии худ тоб наоварда, бо гурбааш ба сурохии дарахт даромаданд. Дохили он нақбмонанд буд. Алиса кўшиш кард, ки чорзану зада, ба пеш ҳаракат кунад. Ногаҳон ба як холигие ғелон шуд. Диана аз боло хашмгин – хашмгин ба ў нигоҳ мекард.

                        Аз ақиби харгўш рафтани Алиса

         Алиса беист дар холигӣ  ғелон шуд, шамоли аз куҷо вазиданаш номаълуме ба рўяш мезад. Духтарак даҳшатнок будани ба холигӣ  афтиданро фикр мекард . Баногоҳ аз байни торикӣ як равшание намоён шуд. Торафт  ба он ҷо наздик мешуд. Ниҳоят фаҳмид ва дид, ки ин чароғи рўимизӣ будааст. Дар болои миз китобе буд. Каме поёнтар як мизи дигар бо соати зангўладоре меистад.

        Алиса китобро мегирам гуфта, баногоҳ афтид. Ҳангоми афтидан рў ба рўяш як оинае пайдо шуд. Ба оина назар кард  ва аз мўйҳои парешони худ тарсид. Баъд китобро ба замин партофта, аз болояш парида гузашт. Каме болотар алвонҷкурсие меистод. Тозон рафта ба болояш нишаст ва «уфф» гуфта монд. Акнун намефаҳмид. Вале ин шодии ў зиёд давом накард. Баногоҳ курсӣ ба ҷунбиш даромад ва бо як шасти пурқуввате   Алисаро аз болояш партофт.

       Бечора духтарак боз аз сари нав ғелон шуд. «Аҷабо, ба сўи маркази замин рафта истода бошам» – худ ба худ мегуфт ў. Дар ҳамин вақт бари домонаш ба деворе дармонд. Зуд деворро маҳкам қапид. Дар ин ҳангом харгўши Сафедро дид, ки боз ба шаст медавид.

       – Ҷаноби Харгўш! Илтимос, истед, – гўён хитоб кард Алиса ва аз пасаш шитобон давид.

       Харгўш дареро кушода, ба дарун даромад ва дар он ҷо ғайб зад. Алиса низ ўро пайравӣ кард. Пайи ҳам дарҳои зиёде баромаданд аз пешаш мебаромаданд, мекушод. Даричаҳо то рафт хурдтар мешуданд.  Барои аз даричаи охирин гузаштан, маҷбур шуд чорзону гузарад . Аммо харгўши Сафедро ҳоло ҳам пайдо карда наметавонист.

       Алиса ба як ҳуҷраи калоне даромад.

      Пардаи яке аз деворҳои ин ҳуҷра, ки бениҳоят зебо ороста буд, оҳиста – оҳиста меҷунбид. «Агар ҷаноби харгўш гурехта бошад, ҳатман аз ин ҷо гурехтагист» – гуфт худ ба худ Алиса. Вақте Алиса ба ақиби парда назар кард, дар он ҷо як даричаи хурдакакеро дид. Зуд дастаи даричаро гирифта тоб дод. Дастаи дар, мисле ки ҷонаш дард мекарда бошад:

     – Вой, – гўён фиғон баровард.

      – Мебахшед, – гуфт Алиса.

      – Бахшидам, лекин, вақте маро тоб додӣ, ҷонамро хеле зиёд сўзондӣ, – посух дод дастаи дарича.

     – Вай… ман вайро ҷустуҷў дорам.

     – Чӣ мехоҳӣ? Ба ту чӣ хел ёрӣ расонда метавонам?

     – Ман харгўши Сафедро меҷўям. Агар иҷозат диҳед, мехостам аз сурохии қулф як назар кунам.

     Сўрохии ҷойи калид баногоҳ калон шуд. Вақте Алиса аз он ҷо нигоҳ кард:

    – Ана, дар он ҷост, – гўён фарёд кард ва аз ин дар гузаштанам лозим, – гуфт.

    – Наметавонӣ, – гуфт даста, ту ба ин дарича намеғунҷӣ.

    Алиса эътибор надода, ба дастаи дарича нигоҳ мекард.

Даста:

   – Ана, ҳамон шишаи дар рўйи миз бударо як санҷида бин канӣ, – гуфт.

    Алиса дар ҳуҷраи холӣ ягон мизеро дида наметавонист.

    Баногоҳ дар наздаш як мизи шишагине, ки дар рўяш як шишае буд, пайдо шуд. Даста:

   – Дар дохили шиша самти ба куҷо рафтанат навишта шудааст. Ҳамонро хон ва гуфтаҳояшро иҷора кун, – гуфт.

   Алиса ба навиштаҷоти рўйи шиша назар кард: «Маро нўш!» – навишта шуда буд дар он. Алиса зуд даҳони шишаро кушод. Аз дохили шиша оби кабудранг баромад. Ҳангоме, ки Алиса заҳрнок будан ё набудани обро фикр мекард, дастаи дарича бо тааҷҷуб:

    – Чӣ гуфтӣ? –  гуфта пурсид.

    Алиса:

   – Вай! Кўшиш мекардам, ки ақламро истифода барам, – гуфта шишаро ба даҳонаш наздик кард ва як қулт нўшид.

   – Маззааш мисли торти гелосин аст, – гуфт.

  Баъд боз як қулти дигар нўшид, боз нўшид ва  ҳар боре, ки менўшид:

  – Монанди крем… монанди ананас мазза дорад, – гўён чизе мегуфт.

  Баъд, баногоҳ худро хурдакак дид. Шиша аз худаш хело калон буд. Тамғакоғази шиша бошад, кушода шуда, рўяшро пўшонд. Вақте Алиса лифофаро аз болояш партофт, пай бурд, ки дастаи дар, миз, шиша мисли девҳо калон шудаанд.

   «Вой – вой, ман чӣ кор кардам». – гўён ғамгин шуд ў. Дастаи дар қаҳ–қаҳ занон механдид. Кўдак аз ҷояш бархоста, ба дастаи дар наздик  шуд.

   – Ана бин, акнун қадам дуруст шуд, гуфт.

   Дастаи дар ҳоло ҳам:

   – Ха, ха, ха – гўён механдид. Баъд:

   – Фаромӯш кардам гуфт.

   – Ман қулф ҳастам… Ха… ха… ха!

   – Вой Худоҷон, акнун чӣ кор мекунам?

   – Ту калидамро дорӣ –ку?

   Алиса қариб буд, ки гиря кунад.

   – Кадом калид, – гуфта пурсид.

   Дастаи дар бинияшро тоб дода, ба мизи шишагин нигоҳ кард.

   –Наход калидро он ҷо фаромўш карда бошӣ? Алиса ба миз нигоҳ кард. Дар болояш калиди тиллоие буд. Лекин ҳоло имкони гирифтани онро надошт. Калид ҳам пеш аз ин он ҷо набуд. Алиса ба ин боварии пурра дошт.

   Бо тамоми ғайраташ ба пояҳои миз часпида, хост, ки ба боло барояд. Вале пойҳои миз чунон лағжонак буд, ки бечораи духтарак ҳеч ба болояш баромада натавонист. Алисаи умедшикаста:

  – Акнун чӣ кор мекунам? – гўён фиғон бардошт.

  Дастаи дарича:

   – Кани қуттиро санҷида бин – чӣ, – гуфта маслиҳат дод.

   Баногоҳ Алиса аз паҳлуяш як қуттии хурдакакеро пайдо намуд. Дар дохилаш, «маро бихӯр» навишта буд. Баробари хўрдани кулчақанди сурхчатоб Алиса ҳис кард, ки қадаш баланд шуда истодааст.

    Қадаш он қадар зуд баланд мешуд, ки сараш ба шифт расид. Дастаи дар ҳоло ҳам ўро масхара мекард.

    Алиса хост, ки пояшро бардошта, дастаро як лағат занад. Лекин худдорӣ карда натавонист ва зор – зор гиря кард. Даста ин ҳолро дида, хандиданашро бас кард.

            –Канӣ бас, гиря накун, – гуфт. Бо гиря кардан ҳеч чизро ҳал карда наметавонӣ.

            –Гиря накарда чикор кунам ? – Намебинӣ магар, ки ба сарам чиҳо омад ? – гўён хашмгин шуд Алиса.

            Ҳуҷра аз ашки чашмони духтарак то рафт пур мешуд.

            Даста бо тарс ба оби торафт болошаванда нигоҳ мекард. Об боло шуда – боло шуда, то сўрохии ҷои калидмонӣ омад. Алиса ба дастонаш рўяшро пўшид. Вале ашки чашмонаш аз байни ангуштон мисли фавора ҷорӣ буд. Ногаҳон дид, ки шиша шинокунон ба наздаш меояд. Алиса дасташро дароз карда, шишаро дошта гирифт. Аз оби кабуди он каме нўшид ва ҳамон замон мисли нуқта хурдакак шуд. Баъд ба болои шиша баромада нишаст.

Аз китоби Люис Кэролл “АЛИСА дар олами муъҷизаҳо”.

(Идома дорад).