БО БАЧАҲО. Садафмоҳ Абдуназарова. “Калоба куҷо шуд?”
Буд набуд, як пиразан буд. Ў ресандаю бофанда буд. Ҷўроб мебофт, ҷўробҳояшро ба набераҳояш тўҳфа мекард, баъзан ба бозор ҳам мебурд. Як пагоҳӣ пиразан калобаи сурхи зебоякеро гирифта,ҷўроб бофтанӣ шуд, ки ғанабаш бурд.Чашм кушода дид, ки калоба нест.
Ҳайрон шуд,парешон шуд:
–Калобаи зебои ман куҷо шуд? – гуфт ў.
–Эҳ,– гуфт пиразан ресмони сурхро рўйи қолин дида. –Калобаи зебои ман ғелида берун рафтааст.
Ў сари ресмонро ба даст гирифта, аз хона берун шуд.
Вале калоба дар пушти дар набуд, ҳатто дар саҳни ҳавлӣ ҳам. Ресмон кашола шуда, ҷониби дарвоза мерафт.
– Ин калоба чӣ хел аз хона берун рафт, аз ҳавлӣ берун шуд ва ба кўча баромад?– гуфта ба дарвоза наздик рафт.
Баъд аз дарвоза берун шуд. Калоба дар кўча ҳам набуд.
– Оҳ, калобаи ман! – оби дида кард пиразан.
– Ту куҷо рафтӣ? Чаро рафтӣ? Чӣ хел рафтӣ?
Ҳушу ёди пиразан ба калобаи гумшудааш банд буд.
Пиразан аз ресмони сурх чашм наканда, рафта –рафта, ба охири кўча расид. Ресмон аз деҳа берун баромада буд.
– Магар калоба гурехта метавонад? –мегуфт пиразан худ ба худ.– Магар калоба қаҳр кард? Аз ман чӣ хато сар зад, ки бехабар баромада рафту бедарак шуд?
Пиразан калобаро пай гирифта, ба гулзоре расид. Офтобак нур мепошид. Саду як гули хушранг шукуфта буд. Мурғакони нағмасаро дар парвоз буданд.
Ин манзараи дилангезро пиразан хеле тамошо кард.
Пиразан калобаро пай гирифта, ба гулзоре расид. Офтобак нур мепошид. Саду як гули хушранг шукуфта буд. Мурғакони нағмасаро дар парвоз буданд.
Ин манзараи дилангезро пиразан хеле тамошо кард.
Пиразан дид, ки ресмони сурхи зебояш аз паҳлуи як бобуна гузаштааст.
– Бобунаи сафедаки ман, – ба рўйи гул хам шуда гуфт ў.– Чӣ баргҳои зебову дилаки зард дорӣ…
Ресмони сурхи зебо аз бехи қоқуяке ҳам гузашта буд.
– Гулаки хандонрўяки ман,– навозиш кард пиразан қоқуякро, – Ҳамеша шукуфон бош. Ман туро дер боз надидам.
Калоба аз назди гули хайрӣ, себарга, лолаю наргис гузаштааст. Пас, дар он тарафи ҷўйча тамом шудааст.
Пиразан хурсанд шуд, ки охири ресмон ёфт шуд. Дар он ҷо гурбачааш, ки аз паси кампир мегашт, низ ҳозир буд.
Гурбача ҳайрон шуда, ба чор тараф нигоҳ мекард.
Пиразан хуб хандид. Баъд як чўбакро гирифт, сари ресмонро ба чўбак баст ва калобакунон ба тарафи хонааш равон шуд.
Гурбача низ ҳамроҳи ў буд.
Пиразан он калобаро бо калобаҳои дигар якҷоя карда, як рўймол бофт. Дар рўймолаш нақш карда, гули бобуна, гули қоқу, гули хайрӣ, гули наргису себарга ва ҳам лолаяки хушрўйро офарид. Сурати гурбачаи шўхи беқарорашро низ ҷой дод.
Китобчаи Садафмоҳ Абдуназарова “Калоба куҷо шуд?” соли 2020 чоп шудааст. Ин ва даҳҳо китоби шавқовари дигарро шумо метавонед дар толори хониши Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.
Таҳияи Фирӯза Раҳимова.