БО БАЧАҲО. Зулҳия Баҳор: “Кори шаб хандаи рўз”

Рўзи якшанбе буд. Дар ҳамсоягии мотўйи домоду арўсие баргузор мешуд. Хурду калон ба ин тўй мерафтанд. Ман ҳам дар қатори онҳо будам. Тўй асосан бегоҳ баргузор шуда, тақрибан то соати 10-11-и шаб давом кард.

 Пас аз ба охир расидани тўй ман хона омадам. Дар хона ҳамин, ки ба ҷойгаҳи хоб даромадан, якбора хобам бурд.

Саҳарии барвақт аз хоб хестам ва соати 8:00 ба мактаб расидам. Дарси якум муаллимаи математика аз мо санҷиши тестӣ гирифт.

Барои мисолу масъалаҳоро дуруст ҳал кардан, майнаи сарро об кардан лозим буд. Ман ҳарчанд дуруст ё нодуруст мисол ҳал мекардам, вале чашмонам худ ба худ пўшида мешуд. Баъди бо азобу мушкилии ҳалли мисолу масъалаҳо варақаи санҷиширо ба муаллима супоридам.

Пас аз се рўз ҷавобҳои санҷиши тестӣ аниқ шуд. Варақаҳоро муаллима ба мо барои азназаргузаронӣ тақсим кард. Кушодам ва як баҳои «2»-и калон дидам. Дар ҳамин вақт тўйи хонаи ҳамсояро ба ёд овардаму ба худам гуфтам, ки дар ҳақиқат «Кори шаб хандаи рўз».

Китоби Зулҳия Баҳор, ки аз ҷумлаи аъзои фаъоли маҳфили “Ҳамешабаҳор” мебошад, бо номи “Тамошо дар дохили китоб” ба тозагӣ нашр шудааст. Ҳикояи “Кори шаб- хандаи рӯз” аз ҳамин китоб аст.

 Бо гунаи электронии он шумо метавонед ин ҷо шинос шавед: Тамошо дар дохили китоб