Бо бачаҳо. Абдусаттор Раҳмон: “Лолаи боми бобо”

КАМОНБОЗӢ

Бо Амон бозӣ кардем,

Мо камонбозӣ кардем.

Бибиам ин ҷо гузар кард.

Гуфто,ки :- Ин чӣ бозист?!

Ё бозии дигар нест?!

Олам,ки дар фиғон аст,

Аз дасти ин камон аст.

Мо аз камин бисҷастем,

Бо ҳам камон шикастем.

Гуфтем:-Зинда бодо

Сулҳу сафои дунё!

Олам мудом амон бод!

Бе тиру бе камон бод!

Бибиям офарин гуфт гуфт,

Каф кушода «Омин!»гуфт.

ПОЯНДА  БОД!

Чинори пушти хона –

Чинори пур зи лона.

Ҳар лонаи ободе.

Чун хонаи ободе.

Пур аз садои бачча.

Шамолаки беқарор,

Шӯхӣ макун бо чинор.

Бо шӯхии бисёре

Бадбахтие наёрӣ?!

Ҳар лонае баҷо бод!

Чун хонае баҷо бод!

Дар лонаҳои обод,

Чун хонаҳои обод.

Оча – бачча бодо шод!

Ин шодӣ поянда бод!

АФСӮС

Э, ин чӣ дастархон аст!

Пур аз ину аз он аст:

Бодому мағзу мавиз,

Санбӯсаҳои лазиз,

Кулчаю ҷанду ҳалво…

Агар танҳо мебудам,

Эҳ-ҳа, чиҳо мехӯрдам?!

Афсӯс,ки ман меҳмонам,

Ҳаддамро бояд донам.

БАЧЧА  РАҲГАРДОН  ШАВАД…

Гунҷишкаки бечора

Сарсон асту овора.

Ин сӯ-он сӯ давад ӯ,

Бар лаби ҷӯ равад ӯ.

Барояд болои бом,

«Куҷо шуд баччаи хом?!»

Гаҳ параду гаҳ шинад,

Ҳама ҷоро бубинад.

Баччаякашро кобад,

Аммо онро наёбад.

Дида ҳоли зори ӯ,

Фиғони бисёри ӯ,

Ба ман гуфто модарам:

«Ана дидӣ, писарам,

Бачча раҳгардон шавад,

Оча саргардон шавад .

НОН

Нонвой – амак, нон пазед,

Нони фаровон  пазед.

Нонаки ширин пазед,

Нони равғанин пазед.

Субҳи дигар туй дорем,

Нона ба хона орем.

Руйи дастархон ниҳем,

Дар пеши меҳмон ниҳем.

Мағзу мавизамон ҳаст,

Оши лазизамон ҳаст.

Себу анорамон ҳаст,

Қанди бисёрамон ҳаст.

Лекин ҳамааш бе нон

Ҳеҷ аст пеши меҳмон.

ЛОЛАИ БОМИ БОБО

Кабки роми бобо.

Лолаи боми бобо,

Моҳаки шоми бобо-

Латифабонуи мо.

Парвонаяки бибӣ,

Дурдонаяки бибӣ,

Ягонаяки бибӣ-

Латифабонуи мо.

Ҳусни чамани додо,

Қанди даҳани додо,

Армоншикани додо –

Латифабонуи мо.

Ному нишони оча,

Як пора ҷони  оча,

Руйи дастони оча –

Латифону мо.

Хушпаю пои хона,

Нуру сафои хона,

Додихудои хона –

Латифабонуи мо.

Аз китоби Абдусаттор   Раҳмон: “Лолаи боми Бобо”. Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои хубу шавқоварро хонандагони навраси мо метавонанд дар толори  хониши адабиёти кӯдакону наврасон бихонанд.

Таҳияи Рухшона ШАРИФОВА,

мутахасиси шуъбаи адабиёти кудакон

ва наврасон.   

Теги: кӯдакон ва наврасон