Бо бачаҳо. Афсонаҳо. Ҳамёни гумшуда

Буд, набуд, як тоҷир буд. Боре вай барои тиҷорат мерафт. Дар роҳ дар кӯчаи яке аз деҳаҳо ҳамёни худро гум кард, ки дар он 800 гулден буд. Ин пули кам набуд. Як асп 40 гулден арзиш дошт. Як дуредгари маҳаллӣ дар он роҳ мерафт ва ҳамёнро ёфт. Ба хона овард. Вай дар ин бора ба касе нагуфт. Интизории пайдо шудани соҳиби ҳамёни гумшуда шуд, то онро баргардонад.
Рӯзи якшанбе коҳин дар калисо эълон кард, ки 800 гулден гум шудааст ва ҳар касе, ки онҳоро ёфта баргардонад, 100 гулден мукофот мегирад. Дуредгари поквиҷдон пулро ба калисо овард. Тоҷирро даъват карданд. Тоҷир омаду ҳамёнро гирифт, аммо ба дуредгар на 100 гулден, балки 5 гулден дод ва гуфт:
– Дар ҳамёни ман 900 гулден буд. Ин мард 100 гулденро аз худ кардааст.
Тоҷири тамаъкор бо ин роҳ хост, ки ҳамаро фиреб диҳад. Дуредгар, албатта, аз айбдор шудан ба дуздӣ ба ғазаб омада гуфт:
– Ман як гулден ҳам нагирифтаам. Ман одами ҳалол ҳастам. Коҳин тасдиқ кард, ки дуредгар дар ҳақиқат шахси поквиҷдон ва диндор аст, ки аҳкоми Худоро риоят мекард ва аз ин рӯ ин сад гулденро гирифта наметавонист, аммо савдогари хасис ба гапи худ исрор мекард.
Онҳо муддати тӯлонӣ баҳс карданд ва баъд коҳин ҳам дуредгар ва ҳам савдогарро ба додгоҳи шаҳри Франкфурт бурд. Ин қазия чанд рӯз баррасӣ шуд ва боиси сару садоҳои сершумори сокинони шаҳр гардид. Рӯзи баргузории ҷаласаи додгоҳ ва эълони ҳукм бинои додгоҳ серодам буд. Ҳама интизор буданд, ки баҳси пул чӣ гуна хотима меёбад.
Қозӣ аввал аз тоҷир пурсид:
– Оё шумо қасам мехӯред, ки расо 900 гулден гум кардаед?
Тоҷир бе ибо даст ба Китоби Муқаддас гузошта, қасам хӯрд. Дар он вақт, савганд ёд кардан ба Инҷил як масъалаи хеле ҷиддӣ буд.
Баъд қозӣ ба дуредгар рӯ овард: – – Метавонед қасам хӯред, ки 800 гулден ёфтед?
Дуредгари поквиҷдон оромона даст ба Инҷил гузошта, қасам хӯрд.
Баъд аз ин додрас қарори худро эълон кард:
– Даъво маълум аст. Ҳамёне, ки дуредгар ёфта буд, аз савдогар нест, зеро вай 900 гулденро гум кардааст. Бинобар ин ҳамён ва 800 гулден ба дуредгар дода мешавад. Ҳаққи ҳалоли ӯст. Тоҷир бояд ҷустуҷӯи ҳамёни худро, ки 900 гулден дошт, идома диҳад!
Ҳамин тавр, тоҷир барои бевичдонӣ ва хасисиаш пулро аз даст дод. Ҳукми қози хирадмандона ва одилона буд, зеро тамаъ ва бадӣ ҷазои худро гирифта буданд.
КАМПИРИ ЛАҚҚӢ
Буд, набуд, пире буд. Вай як кампир дошт, ки лаққӣ буду сирро нигоҳ доштан наметавонист. Боре пир дар ҷангал ганҷе ёфт, аммо тарсид, ки ба кампираш гӯяд, вай забонашро нигоҳ надошта ба ҳама нақл мекунад.
Ниҳоят ба ҳамсараш гуфт:
– Занак, ганҷинае ёфтам. Фақат ба касе нагӯй, вагарна, арбоб фаҳмад, ҳоламон бад мешавад!
– Ба касе намегӯям, ваъда дод кампир.
Шабе бел гирифтанду барои овардани ганҷ рафтанд. Онҳо ба саҳро баромаданд. Дар роҳ зан кулчаи ширӣ ёфту аз пир пурсид, ки чист.
Хап кун! Имрӯз абрҳо кулчаҳои шири пухтанд.
Вақте аз болои пул мегузаштанд, дар дарё, дар тӯрҳо харгӯш овехта буданд. Зан пурсид:
– Ин чист?
– Инҳо моҳигирони арбоб ҳастанд, ки дар дарё харгўш сайд кардаанд!
Пештар рафтанд. Домеро диданд, ки дар он моҳӣ афтода буд. – Ин чист? – пурсид кампир.
– Инҳо шикорчиҳои арбоб ҳастанд ки моҳӣ шикор мекунанд.
Ба ҷангал наздик шуданд, ки овози буз баромад.
– Ин чист? – пурсид кампир.
– Ин шайтонҳо риши арбобро метарошанд!
Ҳамаи инро пир барои фиреб додани кампир омода карда буд. Хулоса, ба ҷойи ганҷ омада, онро кофтанду ба хона оварда, дар зери оташдон пинҳон карданд.
Акнун зиндагиашон хуб шуда буд. Ҳамсояҳо аз кампир пурсиданд, ки ин қадар сарватро аз куҷо пайдо кардаанд. Кампир гуфт, ки ганҷ пайдо кардаанд. Хабар ба гӯши арбоби деҳ расид. Пир зуд ганҷро аз зери оташдон берун оварда, дар зери замини боғ пинҳон кард.
Арбоб пирро даъват карда гуфт, ки ганҷ пайдо кардааст, кампираш дар ин бора ба ҳамсояҳо гуфтааст.
– Кампири ман заифу камақл шудааст. Ҳар гоҳе, ҳар чӣ ба забонаш ояд, мегӯяд. Бовар накунед. Ё худатон пурсида бинед. Арбоб кампирро даъват карду пурсид:
– Оё дуруст аст, ки шавҳарат ганҷ пайдо кардааст?
– Рост, хӯҷаин, рост.
– Он дар куҷост? – Дар таги оташдон буд, аммо ҳоло намедонам кучост.
– Вай онро кай ёфт? – Ҳамон шабе, ки абрҳо кулчаҳои ширӣ мепухтанд, дар хотир доред? Арбоб фикр кард: «Ин чӣ мегӯяд, девона шудааст?».
Дар хотир доред, ки сайёдони шумо чӣ тавр дар дарё харгӯш сайд карданд? Арбоб хомӯш буд, ҳама ба ў менигаристанд.
– Дар хотир доред. ки шикорчиёни шумо дар дом моҳӣ гирифтанд?
– Чӣ дурӯғ мегӯй?
– Дурӯғ намегӯям, ҳамон шабе буд, ки шайтонҳо дар ҷангал риши шуморо метарошиданд.
Арбоб аз вай хашмгин шуда, фармуд, ки занро аз наздаш ронанд. Аз ҳамон вақт инҷониб пир аз кампир розӣ аст.
МАНБАЪ: Афсонаҳо. Душанбе 2022. Ин ва ба ин монанд даҳҳо китоби хубу шавқоварро бачаҳо метавонад дар толори хониши шуъбаи абабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.
Таҳияи Рухшона ШАРИФОВА,
мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон
ва наврасон
ТЕГИ: кӯдакон ва наврасон