Бо бачаҳо. Афсонаҳо. Асрори хушбахтӣ

Буд, набуд, тоҷире буд. Вай писарашро ба назди хирадманде фи-ристод, то аз ў асрори хушбахтиро омӯзад. Ҷавон пас аз чил рӯз, аз дашту биёбонҳо гузашта, оқибат ба макони он пири хирад, ки дар болои кӯҳи баланд ҷойгир буд, расид. Ғайриинтизори ҷавон ӯ ба толоре рӯ ба рӯ шуд, ки савдогарон ба тиҷорат машғул буданд, дар кунҷи дигаре одамон суҳбат доштанд, мусиқии форам садо медод, тарабхонаҳо ғизои хубро ба мизоҷон пешниҳод мекарданд. Оне, ки ӯро ба ҷавон чун марди хирад муаррифӣ карданд, бо одамони гуногун суҳбат дошт ва қаҳрамони моро лозим омад, ки ду соат навбати худро интизор шавад. Чун навбаташ расид, марди оқил мақсади ҷавонро то охир гӯш карда гуфт, ки асрори хушбахтиро ба ӯ гуфта наметавонад, чунки ин фурсати зиёд мехоҳаду чунин имкон надорад.
  Аммо, агар вақт дошта бошӣ, ду соат толори маро тамошо карда, баъд ба наздам биё!

Ҷавон хурсандона пазируфт ва акнун ба тамошо рафтанӣ буд, ки хирадманд аз дасташ дошта гуфт: «Ман як шарти дигар ҳам дорам» ва як чумчаро аз кисааш бароварда, ба дасти ў дод ва онро бо равған пур кард. Баъдан гуфт:

Вақти тамошо набояд ягон қатра равған резад! Ҷавон ду соат чумча дар даст, чашмашро аз он дур накарда, ба назди мӯйсафед баргашт:

Хуб, чӣ хел? – пурсид хирадманд, – Қолиҳои зебои форсии маро, ки дар ошхонаанд, дидӣ? Боғи маро, ки боғбон даҳсолаҳо парвариш кардааст, чи? Китобхонаи маро дидӣ чӣ китобҳои қадимӣ дорад?

  Ҷавон иқрор шуд, ки чизеро надидааст, чун тамоми муддат ҳушаш ба чумча ва равған банд буд, то қатрае аз он нарезад.

    На, ин тавр намешавад. Ту бояд бо зебоиҳои хонаи ман ошно бошӣ. Фаромӯш макун, ба одаме бовар кардан мумкин нест, ки хонаи зисти ӯро надида бошӣ!

  Ҷавон аз нав рафтан мехост, ки хирадманд боз чумчаро ба дасташ доду онро бо равған пур кард. Ҷавон рафт.  Ин дафъа кӯшиш мекард, то ҳама зебоиҳои хонаро бинаду ба хотир гирад. Аз фарш то сутун ва китобхонаву қолиҳоро ҳам ҷиддӣ назорат кард. Гулбоғу дарахтонро ҳам тамошо кард ва аз зебоиҳо лаззат бурд. Бо таассуроти хуштарин ба назди пири хирад баргашту ҳама бардоштҳояшро нукта ба нукта нақл кард.

Равғани дар чумчабуда, ки ман ба ту бовар кардам, куҷост? -пурсид мӯйсафед.

Ҷавон ба хотир овард, ки ў банди зебоиҳо шуда, чумчаю равғанро фаромӯш кардааст.

Асрори хушбахтӣ ҳамин аст! Яъне, ба ҳама зебоиву аҷобатҳои дунё нигоҳ карда тавонистан ва ҳамзамон фаромӯш накардан, ки дар дастат як чумча равған дорӣ! – гуфт хирадманд.

ХИРС ВА ОФТОБ

Н. Сладкова адабиёти рус.

Рӯзе об аз ҷуйбор берун ҷорӣ шуду шими хирсро тар кард.

– Бало  занад, аз бехат хушк шавӣ! Ҳоло ман ба ту нишон медиҳам! – ғур-ғур кард Хирс, ки бо шими тар пойҳояшро каҷ ба замин мегузошт.

Об тарсиду бо садои фораму пасти худ гуфт:

Айби ман нест, Хирсамак. Ба ҳамаи ин Барф гунаҳкор аст. Об шуду ҷорӣ шуд. Ман маҷбур шудам аз ҷуйбор берун равон шавам.

– Ҳо? Ҳоло гӯй, Барф гунаҳкор аст? Ҳозир ман ба вай нишон медиҳам! – дар қаҳр шуд Хирс.

  Ранги Барф аз тарс сап-сафед канд. Ғичирос заду гуфт:

Ман гунаҳкор нестам, Хирсамак, Офтоб гунаҳкор. Чунон гарм шуд, ки маҷбур шудам, об шавам.

Ҳа, Офтоб гунаҳкор аст гӯй?! – ғурид Хирс. – Ҳоло ман ба ӯ нишон медиҳам.

Хирс сар боло кард, то ба Офтоб нигарад, Офтоб дар як дам шими Хирсро хушк кард. Хирс, вақте дид, шимаш хушк шудааст, нахост бо Офтоб даъво кунад. Пушти сарашро хориду ба ҷангал рафт, аммо одат карда буд, ки пояшро каҷ ба замин гузорад. Аз ҳамон вақт Хирс «каҷпо» лақаб гирифт.

КУЛЧАЧАИ ҶАНГАЛӢ

Буданд, набуданд, пиру кампире буданд. Ҳамон пиру кампире, ки кулчача аз онҳо гурехта буд. Онҳо ба ҷустуҷӯи кулчача рафтанд.

Пир ба кампир гуфт:

Зери ин буттаро бин, кулчача шояд дар ин ҷо аст.

Кампир хам шуд, то зери буттаро бинад, ногоҳ кулчача аз зери бутта ҷаҳиду гурехт. Дар роҳ ба вай гург вохӯрд.

– Кулчача, ҳо, кулчача! Ман туро мехӯрам!

Гурги бўр, маро нахӯр, беҳтараш гӯш кун, ман ба ту суруд мехонам.

Ман кулчаи хордорам,

Ҳар киро меозорам.

Мисли ман дар ҷаҳон нест,

Маро хӯрдан осон нест.

Ман гурезпои зурам,

Аз ту ҳам мегурезам.

Гург хашмгин шуду хост кулчаро гирад, ки хоре ба дасташ халид. Гург дасташро кашиду кулчача фи-рор кард. Дар роҳ мерафт, ки ба хирс вохӯрд. Хирс гуфт:

Кулчача, ман туро мехӯрам!

Кулчача гуфт:

Ман кулчаи хордорам,

Ҳар киро меозорам.

Мисли ман дар ҷаҳон нест,

Маро хӯрдан осон нест.

Ман аз гург кардам фирор,

Каҷпо, аз ман даст бардор!

Хирс дар қаҳр шуду хост кулчаро газад, ки хоре ба лабаш халид.

Хирс нолиду кулчача фирор кард. Дар роҳ мерафт, ки ба рӯбоҳ вохӯрд. Рӯбоҳ гуфт:

– Кулчача, ман туро мехӯрам!

Кулчача гуфт:

– Ман кулчаи хордорам,

Ҳар киро меозорам.

Мисли ман дар ҷаҳон нест,

Маро хӯрдан осон нест.

Ман аз гург кардам фирор,

Каҷпоро додам озор.

Эй рӯбоҳаки маккор,

Маро хӯрдан чӣ даркор?

Инро гуфта гурехтанӣ буд, ки рӯбоҳ бо панҷааш ӯро ба кӯл тела кард. Кулчача ба об афтоду рӯболо шуд, аммо зуд худашро ба даст гирифту шино кард. Ин вақт ҳама диданд, ки вай кулчача набудасту хорпуштаки чангалӣ будаст.

ХӮТИКИ ТАНҲО

Буд, набуд, дар як ҷангал як хӯтике буд. Вай дӯсте надошт. Боре вай аз танҳоӣ хеле зиқ шуд. Зиқу ғамгин нишаста буд, ки садоеро шунид…

– Фиқ-фиқ! Ассалом! Аз зери фарш мушаке берун омад.

Ман мушак, боз фиқ-фиқ кард мушак. – Дидам, ки ту зиқ ҳастӣ, омадам.

Ҳамин тавр, онҳо дӯст шуданд. Хўтик хеле хушҳол буд ва ба ҳама дар ҷангал мегуфт:

– Ман ҷӯра дорам!

Ҷӯраат кист? – пурсид хирсаки хашмгин. – Шояд ягон махлуқи назарногире бошад?

Хӯтик фикр карду гуфт:

– Неъ, ҷӯраи ман фили калон аст.

– Фили калон? Албатта, касе ба ин бовар накард. Ҳамаи ҳайвонҳо ба зудӣ дар назди хонаи хӯтик ҷамъ шуданду гуфтанд:

– Канӣ ҷӯраатро ба мо нишон деҳ!

Хӯтики танҳо мехост гӯяд, ки ҷӯрааш ба замбуруғчинӣ рафтааст. Ногоҳ мушак берун омаду гуфт:

– Ман ҷӯраи хӯтик ҳастам.

Ҳа-ҳа-ҳа! – хандиданд ҳайвонҳо. – Агар ин фили бузург бошад, пас хӯтики танҳо бузургтарин дурӯғгӯй аст.

Хӯтик – дурӯғгӯйи бузургтарини ҷангал аввал каме сурх шуд, баъд хандиду гуфт:

Истед, ин дар ҳақиқат фил аст, аммо на фили одӣ, балки мӯъҷизафил аст. Ҳоло вай хурд шудааст. Агар калон шавад, дар хона намеғунҷад. Ҳатто маҷбур мешавем, ки биниашро аз мӯрӣ берун кунем.

Рост, – сар ҷунбонд хирасак ва ба мӯрӣ нигарист. – Аммо ман хурд шудан намехоҳам.

Вай ҳам хурд шудан намехост, гуфт хӯтик, – аммо маро хеле дӯст медорад ва мехоҳад, ки бо ман зиндагӣ кунад.

Оҳ, – оҳ кашиданд ҳамаи ҳайвонҳо баробар, – чӣ қадар ҳайвони меҳрубон аст!

Инро гуфтанду хайрухуш карданду рафтанд. Аз ҳамон вақт касе дар ҷангал хурдтаронро намеранҷонад. Ҳама мегуфтанд:

Ҳатто аз ҳама хурдак ҳам метавонад дӯсти беҳтарин бошад. Ҳатто бештар аз бузургтарин фил!

МАНБАЪ: Афсонаҳо. Душанбе 2022. Ин ва ба ин монанд даҳҳо китоби хубу шавқоварро бачаҳо метавонад дар толори хониши шуъбаи абабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.

Таҳияи Рухшона ШАРИФОВА,

мутахассиси шуъбаи адабиёти кӯдакон

ва наврасон