Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома
Ин китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст. Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.
Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.
Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.
ЧӢ ТАВР ВЕКСЕЛ БА ХАРГЎШАК КУМАК КАРД?
Боре Харгўшак аз полизи худ ҳосили хубу фаровони карам ба даст овард. Карами бисёр рўид дар полизи ў, карамҳои калони пурраи сабзи бомазза. Харгўшак қарор дод, ки ба назди Кўрмуш рафта, як халта карамро бо як халта сабзӣ иваз кунад.
Харгӯшак бист карами хубро ба халта андохта, онро пушторакунон роҳи хонаи Кӯрмушро пеш гирифт. Кӯрмуш Харгўшакро аз дур дида, ба истиқболаш шитофт: «Салом, Харгўшак, корҳоят чӣ тавр? Ба куҷо меравӣ? Дар халтаат чӣ дорӣ?» .
Харгўшак ҷавоб дод: Ваалайкум салом, Кӯрмуш! Бароят карам овардаам, мехоҳам онро бо як халта сабзӣ иваз кунам».
«Эҳ, Харгўш, карами порсолаам ҳанўз ҳам боқӣ мондааст, – посух дод Кӯрмуш, – карам ба ман лозим нест! ».
«Пас ман ин карамҳоро бо чӣ иваз кунам?»- пурсид Харгўшак бо димоғи сўхта.
«Ту халтаатро гирифта, ба назди Санҷобакҳо бирав. Онро бо решаҳои доруворӣ иваз кун. Ман он решаҳоро бо сабзӣ иваз мекунам»- маслиҳат дод Кӯрмуш.
Харгўшак хушҳол шуда, ба сўи санҷобакҳо шитофт. Санҷобакҳо аз дур омадани Харгўшакро дида, аз шохае ба шохае парида, ба истиқболаш баромада пурсиданд: «Ту ба куҷо мешитобӣ, Харгўш, дар халтаат чӣ дорӣ?».
«Карам дорам, мехоҳам онро бо реша иваз кунам» – ҷавоб дод Харгўшак.
«Реша ба ту чӣ лозим?» – ҳайрон шуданд санҷобакҳо. «Ман баъдан решаҳои додаи шуморо бо сабзӣ иваз мекунам» – ҷавобашон дод Харгўшак.
«Не, карам ба мо лозим нест. Мо ин решаҳоро мехоҳем бо себ ё замбурўғ иваз кунем», – гуфтанд санҷобакҳо.
«Себу замбурўғро аз куҷо пайдо кунам?» – нороҳат шуд Харгўшак.
«Ту пеши Хорпуштак бирав. Онҷо метавонӣ халтаи караматро бо себ ё замбурўғ иваз кунӣ», – роҳнамоӣ карданд санҷобакҳо.
Харгўшак халтаи карамашро боз пуштора кард, роҳи хонаи Хорпуштакро пеш гирифт. Хорпуштакро дар бехи як кундаи пўсидаи фартут пайдо кард, ки машғули замбуруғчинӣ буд.
Хорпуштак Харгўшакро дида, бо ҳайрат пурсид: « Харгўш, ту барои чи инҷо омадаӣ, дар халтаат чӣ дорӣ?».
«Дар халтаам бист дона карами сафедаки пухтарасида дорам. Ин карамҳоро бароям бо замбурўғ ё себ иваз кун», – хоҳиш намуд Харгўшак.
«Себу замбурўғ ба ту чӣ лозим?» – бештар шуд ҳайрати Хорпуштак.
Себу замбурўғ барои он лозим шуд, ки онро ба назди санҷобакҳо бурда, бо решаҳои давоӣ иваз кунам. Решаҳоро бошад, ба назди Кӯрмуш бурда, бо сабзӣ иваз мекунам», – ҷавобаш дод Харгўшак.
«Эҳ, Харгўш, афсўс, ки ман ба карам эҳтиёҷ надорам», – гуфт Хорпуштак, – « Барои бачаҳоям шири буз лозим аст. Ман наметавонам ба ту ба ивази карам себу замбурўғ диҳам».
Харгўшак ғамгин шуда пурсид: «Хуб, пас ман чӣ кор кунам?». «Ту пеши холаи Буз бирав, карамҳоятро бо шири иваз кун. Ана баъд пеши худам биё. Ман шири бузро бо замбурўғ ва тути ҷангалӣ иваз мекунам», – маслиҳаташ дод Хорпуштак.
Харгўшак пеши Буз рафт. Буз Харгўшакро дида, хушҳолона нидо кард: «Салом Харгўш. Бо чӣ омадаӣ ин ҷо, дар халтаат чи дорӣ».
«Бароят карами пухтарасида овардаам, – гуфт Харгўшак, – мехоҳам онро бо шири иваз кунам».
Буз бо шунидани ин гап аз хушҳолӣ ба ҷасту хез даромад. «Фақат як мушкилӣ ҳаст. Шир баъд аз ҳафт рўз мешавад. Пас аз як ҳафта карамҳоятро гирифта биёр, ба ту шири аз ҳама беҳтаринро медиҳам», – посух дод Буз.
Харгўшаки бечора тамоман беҳол шуд. Халтаи карамро базўр кашолакунон аз пайроҳаи ҷангал роҳи хонаро пеш гирифт. Аз сари роҳаш Хирс баромад. Хирс Харгўшакро ғамгин дида пурсид: «Ҳа, Харгўшак, чӣ шуд ба ту? Барои чӣ ин қадар ғамгинӣ? ».
Харгўш қиссаашро аз аввал шурўъ кард: «Заҳмат кашида дар полиз карам парваридам, карамҳои сабзи пурраи бомаззаи пухтарасида. Хостам онро бо сабзиҳои Кўрмуш иваз кунам. Ба Кўрмуш карам лозим набудааст. Кўрмуш сабзиро бо решаҳои дорувории санҷобакҳо иваз мекардааст, вале санҷобакҳо решаҳои ҷамъ кардаашонро фақат бо замбурўғ ё себҳои Хорпуштак иваз мекарданд. Хорпуштак бошад себу замбурӯғро фақат бо шири Буз иваз мекунад, вале шири Буз баъд аз як ҳафта тайёр мешудааст.»
Карамҳои ман то он вақт нобуд мешаванд, ман дар куҷо онҳоро нигаҳдорӣ мекунам? – оҳи сард кашид Харгўшак.
«Ғам нахўр, Харгўшак. Ту ба бонк пеши Буми хирадманд бирав. Вай ба ту ҳатман кумак мекунад», – маслиҳат дод Хирс ба Харгўшак. Онҳо бо ҳам хайрхуш карда, аз якдигар ҷудо шуданд.
Харгўшак ба бонк ба назди Бум омад. Ғаму ғуссаи ба сараш омадаро аз аввал то охир нақл кард. Бум карамҳои Харгўшакро гирифта, гуфт: «Ғам нахўр, Харгўш. Ман карамҳои туро нигоҳ медорам. Ба ивази карамҳоят ба ту вексел медиҳам. Ту бошӣ, векселро бо ҳар чӣ, ки хоҳӣ, мубодила мекунӣ».
«Векселаш чист?»- пурсид Харгўшак бо тааҷуб.
«Вексел як қоғази қиматнок аст. Ҳар ки онро ба ман бозгардонад, ман карамҳои туро ба ў медиҳам», – посух дод Бум.
Аз ин муомила Харгўшак бисёр шоду хушҳол шуд. Охир, азобу машаққати пуштора карда бурдани халтаи вазнин акнун бартараф шуд. Вексели сабукакро бошад, ў осонакак метавонад бо сабзӣ иваз кунад
«Ташаккур», – нидо кард Харгўшак бо хушҳолӣ Бум ва ба сўи хонаи Кўрмуш давид.
Харгўшак ба назди Кўрмуш омада чуқур-чуқур нафас кашида гуфт: «Кўрму-уш, ҳо-о Кўрмушҷон, сабзиҳоятро ба ивази ин вексел ба ман бидеҳ. Ту бошӣ, ин векселро ба ивази реша ба санҷобакҳо медиҳӣ» Санҷобакҳо векселро ба ивази себу замбурўғ ба Хорпуштак медиҳанд. Хорпуштак онро ба ивази шир ба холаи Буз медиҳад. Холаи Буз бошад, векселро ба бонк бурда, ба ивазаш халтаи карамро мегирад».
Кўрмуш хеле хурсанд шуд, ки акнун сабзиҳоро заҳмат кашида ба ягон ҷо бурдан лозим намеояд. Ба ивази вексел ба Харгўшак як халта сабзии калони пухтарасидаи бомазза дод. Худаш бошад, барои гирифтани решаи табобатӣ роҳи хонаи санҷобакҳоро пеш гирифт. Кўрмуш векселро бо реша мубодила кард. Санҷобакҳо ба назди Хорпуштак рафта, векселро бо себу замбурўғ иваз карданд.
Хорпуштак баъди як ҳафта барои шир пеши Буз омад. Буз векселро гирифта ба Кўрмуш як кўза шири ғафси равғании хушлаззат дода, худаш барои гирифтани карам роҳи бонкро пеш гирифт. Вақте ки Буз ба бонк расид, Буми хирадманд аллакай халтаи карами пухтарасидаи бомаззаро омода карда буд. Буз векселро ба Бум дода, халтаи карамро бар сари шохҳояш гирифта, хурсандона ба хонааш рафт.
Аз ин кор ҳамаи ҷонварони ҷангали афсонавӣ хушҳол шуданд. Ҳар кадомаш бо вексел чизи дилхоҳашро ба даст меовард.
«Ташаккур барои вексел»,- вақти рўбарў шудан изҳори хушнудӣ мекарданд ҷонварон ба Харгўшак. «Ба бонк ташаккур бигўед»,- посухашон медод ҳар дафъа Харгўшак.
(Идома дорад)
Таҳияи Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон.