Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома
Ин китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст. Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.
Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.
Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.
АМОНАТИ МАЙМУНЧАҲО
Дар ҷангал ду маймунча зинадагӣ мекарданд. Номи якеш Чим ва дигараш Пим буд. Онҳо як орзу доштанд – харидани дучарха. Барои расидан ба ин орзуи худ маймунчаҳо дар полиз сабзавот коштанд. Вақте ки сабзавот пухта расид, маймунчаҳо онро ба бозор бурда фурўхтанд. Пулҳои аз фурўш бадастомадаро дар хона дар як сандуқ нигоҳ медоштанд.
Аз парвариш ва фурўши сабзиву картошкаю помидору бодиринг кори маймунчаҳо рўз то рўз ривоҷ меёфт. Сандуқ ҳам оҳиста-оҳиста аз танга пур мешуд ва ин кор маймунчаҳоро бисёр ҳам шоду хурсанд мекард.
Дар хона ва полиз як Алошақшақа барои маймунчаҳо дарди сари бисёр меовард. Аккаи думдароз дар полиз ягон чизи ялақосии ҷилодорро, ки медид, ҳатман онро медуздид. Маймунчаҳо помидору бодирингҳоро ба сутунчаҳо мебастанд, вале Алошақшақа он гиреҳҳоро кушода, кори худашро мекард. Агар бастани тирезаи хонаро фаромўш мекарданд, Алошақшақа ҳатман аз тиреза вориди хона шуда, ягон чизи дигарро медуздид.
Як дафъа Алошақшақа, ки бо номи «Аккаи дузд» машҳур шуда буд, шоҳиди дар сандуқ гузоштани тангаҳои ялақосӣ шуда, ният кард, ки ҳарчӣ зудтар он тангаҳоро ба даст оварад. Аз ҳамон лаҳза майлу рағбати Алошақшақа ба полиз гум шуд. Маймунчаҳо бошанд, хурсанд шуданд, ки дуздии полиз гум шуд.Чим ва Пим хаёл карданд, ки аз дузд бепарво шуданд. Гоҳе ягон чизро дар полиз фаромўш мекарданд, гоҳе бастани дару тирезаи хонаро.
Боре Алошақшақа фурсати муносиберо пайдо карда, вориди хона шуд. Сандуқи тангаҳоро ҳарчанд ки зўр мезад, наметавонист бардошта барад. Дар ҳамин вақт маймунчаҳо ба хона барои истироҳат даромаданд. Диданд, ки сандуқ дар ҷои муқаррарияш нест. Зуд ба чустуҷўи сандуқ баромада диданд, ки Аккаи дузд онро кашолакунон дуздиданӣ аст. Чиму Пим аз як сў ва Алошақшақа аз сўи дигар сандуқро ба тарафи худ мекашиданд. Ногоҳ сандуқ афтоду шикаст. Тангаҳо ба ҳар тараф ғел хўрданд. Алошақшақа зуд чанд тангаро гирифта гурехт.
Маймунчаҳо аз бепарвоии кардаашон бисёр зиқ шуданд.Тангаҳоро дар як ҷо ҷамъ карда, дар фикр рафтанд, ки чӣ тавр онҳоро аз чашми бади Алошақшақаи дузд пинҳон кунанд.
Дар ҳамин вақт Хирси каҷпо ба меҳмонии онҳо омад. Хирс нигоҳ кард, ки маймунчаҳо дар пеши як ғарам танга нишаста, аз назди он дур шуданӣ нестанд. «Чим,Пим, чи воқеа рўй дод?- пурсид Каҷпо, – барои чӣ ин тангаҳоро инҷо ғарам кардаед?». Маймунчаҳо гуфтанд, ки «Алошақшақа сандуқи моро шикаста, чанд тангаро дуздид. Мо тангаҳоямонро дар ин ҷо ҷамъ карда, ҳайрон мондаем, ки онҳоро дар куҷо пинҳон кунем, аз дасти ин Аккаи дузд.
«Барои гурезондани Алошақшақа ягон кор накардед?», – пурсид Каҷпо. «Ҳама корро кардем:» «Бо химчаку шопак зада-зада пешаш кардем, дар полиз қарашқу мондем, – бефоида», – ҷавоб дод Пим. «Агар Алошақшақа боз ҳамин корашро такрор кунад, мо барои харидани дучарха наметавонем пул ҷамъ кунем», – давом дод Чим.
«Ғам нахўред, – маслиҳаташон дод Каҷпо, – пулҳоятонро бурда дар бонк амонат гузоред. Дасти Алошақшақа дар онҷо ба пулҳои шумо ҳаргиз намерасад».
Маймунчаҳо хурсанд шуданд. Пулҳои худро гирифта ба бонк бурданд. Амонатро ба расмият дароварданд ва чанде нагузашт, ки дучарха харида, ба орзуи дерини худ расиданд.
Баъди ин ҳодиса онҳо нисбат ба пул ва ҳосили корашон бодиққат шуданд. Дигар ҳар чиро дар ҳар ҷо намепартофтанд. Барои Алошақшақа дигар ягон имкони дуздӣ намонда буд. Зиндагии маймунчаҳо нисбат ба пештара хеле беҳтар гардид. Онҳо аз ин пас пулҳои худро танҳо дар бонк нигоҳ медоранд.
(Идома дорад)
Таҳияи Садоқат Шогунбекова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон