Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома
Ин китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст. Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.
Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.
Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.
Чӣ тавр бонк барои дастгир кардани
ғоратгарон кумак кард?
Ин воқеа дар замонҳои хеле дур, дар як ҷангали зебои афсонавӣ рух додааст, дар ҳамон ҷангале, ки ҷонварону паррандагони гуногун бо ҳам дўстона зиндагӣ мекарданд. Онҳо ҷонварону парандагони заҳматдўст буданд ва хеле бисёр кор мекарданд. Ҳар кадомаш масъулияти худашро адо мекард. Харгўшҳо караму сабзӣ парвариш мекарданд. Кўрмушҳо решаҳои гуногуни доруворӣ меканданд. Санҷобҳо чормағзу тути ҷангалӣ ҷамъоварӣ мекарданд. Қундузҳо сарбандҳо ва низоми обрасонӣ месохтанд, то ки ҷонварон битавонанд полизҳои худро шодоб кунанд. Ба ѓайр аз Гурги бўри калону Рўбоҳи зарди ҳилагар ҳамаи ҷонварон ба як касбу коре машғул буданд.
Гург бо зўрӣ ва Рўбоҳ бо ҳила ҳосили кори ҷонваронро аз худ мекарданд. Ягон ҷонвар аз уҳдаи дафъ кардани шуми онҳо баромада наметавонист. Он гоҳ чонварон дар як гурўҳе иборат аз хирс қундузҳо ва савсор як дастаи муҳофизонро таъсис доданд, то гургу Рўбоҳи ғоратгарро дастгир намоянд. Ин кори онҳо ғоратгаронро боз ҳам ҳушёртар кард. Ҷонварон ҳеҷ наметавонистанд аз нақшаҳои Гургу Рўбоҳ пешакӣ хабардор шаванд.
Ҳама аз шайтониву ҳилаҳои он ду ғоратгар безор шуданд. «Модоме ки мо онҳоро лаҷом зада наметавонем , ягон касро барои машварат ба ҷангали ҳамсоя ба назди Буми хирадманд мефиристем», қарор доданд ҷонварон.
Барои пайдо кардани ҷонвари аз ҳама боқувват, далер ,ҷасур, пуртоқат ва тез дар ҷангал мусобиқа эълон карданд, зеро роҳ ба ҷангали ҳамсоя аз ботлоқ ва бешазори анбўҳ мегузашт.
Ҷонвари аз ҳама тез Шоҳин баромад. Аз ҳама боқуввату пуртоқат Хирс ва аз ҳама далеру ҷасур Қашқалдоқ будааст.Ҷонварон ба баҳсу мунозира шуруъ карданд, кадомиро ба назди Бум бифиристанд – Хирсро, Шоҳинро ё Қашқалдоқро? Баъди баҳси бисёр ба қароре омаданд, ки ҳарсеро ба назди Бум равон кунанд.
Саҳари барвақт Хирсу Шоҳину Қашқалдоқ ба сўи лонаи Бум барои машварат роҳӣ шуданд. Чӣ тавр ин ғоратгаронро дастгир кунанд, то ки зиндагӣ дар ҷангал амну осуда гардад.
Рафтанд – рафтанд, то ба зери дарахти булути пир расиданд, ҳамон дарахте, ки дар шохи баландаш Буми доно зиндагӣ мекард.
Ҳанўз ба пои дарахт нарасида буданд, ки Бум ба шохаи поёнӣ нишаста, гуфт: «Шунидам, шунидам, шумо ба чи балоҳое гирифтор шудаед».
– Пас моро ёрӣ деҳ, – ғур – ғур кард Хирс.
– Чӣ тавр шуморо ёрӣ кунам? – дар фикр фурў рафт Бум.
– Ғоратгаронро дастгир кардан лозим! – гуфт Қашқалдоқ.
– Дастгтир кардани онҳо душвор аст. Шумо дом гузоштед? – пурсид Бум.
– Гузоштем – гузоштем, – такрор карданд ҷонварон.
-Барои дастгир кардани Гургу Рўбоҳ дастаи муҳофизонро таъсис додем! – хитоб кард аз шохаи боло Шоҳин.
– Бале, таъсис додем, – тасдиқ карданд, Хирсу Қашқалдоқ.
-Бенатиҷа! – хулоса кард Бум.
– Пас, ба ҷои таъқиб кардани онҳо ҳосилро муҳофизат кардан лозим аст! – хитоб кард Бум.
– Чӣ тавр муҳофизат кунем, охир!? – бо як овоз гуфтанд ҷонварон.
– Анбори сабзавотро дар саҳрои сабз, чормағзро дар канори ҷангал, дар ковокии танаи булут, меваю замбурўғро дар тарафи ғарбии ҷангал ва ҷаву гандумро дар тарафи шарқии ҷангал! – ҷавоб дод Шоҳин.
– Ҳамаи ҷонварон машғули коранд, касе нест, ки ҳосилро муҳофизат кунад. Дастаи муҳофизон бошад, наметавонад дар як рўз ҳама ҷойро гашта назорат кунад, – давом дод Қашқалдоқ.
– Пас, барои иваз кардани сабзавот бо меваҳо ва иваз кардани решаҳо бо ғалла роҳи дарозро тай кардан лозим меояд. Ҳосилро барои мубодила кардан беталаф бурда расондан даркор аст, – давом дод Бум.
– Роҳи дуру дарозро тай карда, ин ҳама боро пуштора кардан лозим меояд, – гуфт Хирс.
– Бонк бо анбораш барои чӣ лозим аст? – пурсиданд ҷонварон.
– Бонк бо анбораш барои нигаҳдории ҳосили шумо лозим аст, то ин ки маҳсулот талаф нашавад, то як молро бо моли дигар мубодила карда тавонед, то ки он барои ҳамаи ҷонварон дастрас бошад. Ҳамчунин мумкин бошад, ки маҳсулотро аз бонк қарз гирифта, онро баъдан баргардонда шавад. Ин тавр ҳосил вайрон намешавад, ҳамаи ҷонварон аз ин фоида мебинанд. Ҳар як донаи ҷаву гандум, ҳар як мева ба ҳисоб гирифта мешавад ва ҳеҷ кас наметавонад онро ба зўр аз шумо бигирад, – фаҳмонд Буми хирадманд.
Ҷонварон хушҳол шуданд, ки машварати Буми хирадманд масъалаи ғоратгаронро ҳал мекунад.
Ҳамаи ҷонварон – Хирс, Шоҳин, Қашқалдоқ ва Бум ба ҷангали афсонавӣ рафта, дар бораи бонк ва анбори он бошандагони ҷангалро хабар доданд.
Дар канораи ҷангал кори сохтмони бонк ва анбор оғоз шуд. Ҳамаи ҷонварон дар он иштирок карданд, баъзеҳо арра мекунанду метарошанд баъзеи дигар сўрох мекунанду болои ҳам мечинанд. Дар се рўз бонки калони боэътимод ва анбори калони мустаҳками он сохта шуд.
Гургу Рўбоҳ бохабар шуданд, ки дигар ҳамаи захираҳо дар анбори бонк нигаҳдорӣ карда мешавад. Онҳо муҳофизони бонкро зери назар гирифтанд.Ҷои даромадан меҷўянд. Гург аз паси буттаҳо бо дурбин бонкро нигоҳ мекунад. Рўбоҳ бошад, дар гирди вай мечархад.
Ҷонварон вақте ҳис карданд, ки ғоратгарон дар гирди бонк зуд-зуд пайдо мешаванд, хабарро ба дастаи муҳофизони ҷангал ва Буми доно расониданд. Ҳоло Гургу Рўбоҳ дар наздикиҳо пайдо нашуда, муҳофизон дар бок пинҳон шуда, ҳучуми онҳоро интизор шуданд.
Дар ин миён Гургу Рўбоҳ ҳам нақшаи ғорат кардани бонкро кашиданд, чӣ тавр ба бонк ворид шуда, то қадри имкон дуздӣ кунанд. Ба назди бонк омада мушоҳида карданд. Аз муҳофизон дарак нест. Фурсатро ғанимат дониста ҳуҷумро шуруъ карданд.Ҳамин ки вориди бонк шуданд, муҳофизон ҳардуро зуд дастгир карданд.
Аз ҳамон замон инҷониб ҷонварону паррандагон дар ҷангал орому осуда зиндагӣ мекунанд ва ба бонк низ мераванд.
Таҳияи Садоқат Шогунбекова, мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон.