Бо бачаҳо. Афсонаҳои молиявӣ. Идома

Афсонаҳои молиявӣИн китоб бо номи “Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо” соли 2021 чоп шудааст.  Муаллифон Е.Е.Фролова ва Е.В. Кармадонова буда, Раҳмоналӣ Мирализода аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Муҳаррир Беҳрӯзи Забеҳулло.

Тавре аз номаш пайдост, ҳадафи муаллифон бо равиши ҳикоя масъалаҳои молиявиро ба атфол омӯзонидан аст.

Ҳикоёти ин китобро, ки басо омӯзанда аст, якояк пешкаши хонандагони навраси худ мекунем.

ҶОНВАРОН БО ТАВАРРУМ ЧӢ ГУНА МУБОРИЗА БУРДАНД?

Дар замонҳои хеле қадим , ки ҳеҷ кас дар хотир надорад, дар дунё Таваррум пайдо шуд – як  махлуқи даҳшатнок. Ҳар ҷое Таваррум пайдо мешуд, қашшоқию камбағалӣ дар он ҷо шурўъ мегардид. Хазинаеро агар меёфт, онро зуд мехўрд. Ҷонварон дар ягон ҷо наметавонистанд чизҳои қиматноки  худро аз Таваррум  пинҳон кунанд. Таваррум ҳарчанд ки тангаву нуқраву тиллоро бештар мехўрд, ҳамон қадар калонтар мешуд. Махлуқи дахшатнок ҷангалҳои  зиёдеро гашт ва ғаму андўҳи бисёре бо худ  овард.Ҳеҷ кас наметавонист бо вай сар ба сару баробар шавад.

Ҷонварон кўшиш карданд, ки   ҷавоҳироту ганҷҳои худро ба он тарафи баҳрҳо гузаронида, дар замин гўр кунанд, вале  дар ҳамон ҷойҳо ҳам Таваррум дороиҳои онҳоро меёфту мехўрд.

Боре Таваррум то ба шаҳри зеботарини кишвар –Зарнисор  расид. Зарнисор бо дороиҳои беҳадду ҳисоби худ машҳури олам буд.Ҷонварон дар он хушу хуррамона  зиндагӣ мекарданд. Боми хонаҳо бо тилло пўшонида шуда буд. Дару тирезаҳояшон бошад, ҳама  нуқрагӣ буд.

Сокинони Зарнисор дар бораи ин махлуқи даҳшатнок ҳеҷ чиз нашунида буданд. Аслан намедонистанд, ки ҳамчунин махлуқе дар олам мавҷуд аст. Онҳо  ҳамин ки Таваррумро диданд, аз тарс зуд дар хонаҳояшон пинҳон шуданд. Онҳо ҳатто тасаввур намекарданд, ки бомҳои тиллоиву дару тирезаҳои нуқрагӣ ҳам наметавонад онҳоро  наҷот бидиҳанд.

Таваррум дарҳоро канда фурў мебурд. Ҳар қадар ки мехўрд, ҳамон қадар калонтару қавитар мешуд. Он қадар калон шуд, ки қадаш то болои боми хонаҳо расид. Ними шаҳрро вайрон карда, барои истироҳат дароз кашид. Ҷонварон ин фурсатро ғанимат дониста, сарвату дороиҳои худро ба ҷангал бурданд. Дар шаҳр танҳо ҷонварони боқувват – Шер,Паланг, Хирс ва Юз монданд. Ин ки ин ҷонварони қавӣ битавонанд шаҳрро муҳофизат карда, бо Таваррум сар ба сар шаванд, фақат як орзу буд.

Вақте Таваррум бедор шуда дид, ки дар шаҳр  дороиҳоиро бурданд, бисёр хашмгину ғазабнок шуд. Шуруъ кард ба вайрон кардани шаҳр. Ҳамаи ҷонварон ба муҳофизати шаҳр бархостанд, вале бо он махлуқи даҳшатнок сар ба сар шуда натавонистанд.

Таваррум ҳис кард, ки ҷонварон сарватҳои худро ба ҷануб бурдаанд. Вай зуд ба ҳамон тараф равон шуд.Ҷонварон аввал аз рафтани Таваррум хурсанд шуданд, вале ҳамин ки ба  куҷо рафтанашро фаҳмиданд, ғаму ташвишашон бештар шуд. Шер, Хирс, Паланг ва Юз аз пайи Таваррум баромада,ўро таъқиб карданд.  Кўшиш карданд, ки ўро аз роҳаш боздоранд. Онҳо  бо вай даст ба гиребон шуда, он махлуқи бадҳайбатро мондаву шалпар карданд. Таваррум майдатар шуда, дар марғзори сабз якпаҳлў зада дароз кашид.

Ҷонварон аз ин фурсат истифода бурда, зуд дигаронро аз омаданаш бохабар карданд. Ҷонварон ҳанўз он қадар дур нарафта буданд, ки Таваррум ба онҳо расид.

Хирс пеши роҳи  ўро гирифта, ба Шеру Палангу Юз фарёд зад: «Шумо  гурезед, ҷўраҳо , ман сари роҳашро мегирам. Аз фурсат истифода кунед!».

Хирс то беҳол шуданаш каме  майдатар шуд.                         Т

аваррум  каме дам гирифта, боз ба дунболи ҷонварон давид. Ҳамин ки ба онҳо наздик шуд, Паланг дар ҷояш истода, ба Юз гуфт: «Ту гурез, ҷўра ман сари роҳашро мегирам. Аз фурсат истифода кун! ».

Паланг  ҳам то беҳол шуданаш бо Таваррум як ба як зад. Ўро хаставу шалпар кард, Ҷондор боз каме майдатар шуд. Таваррум дар сояи кўҳ якпаҳлў дароз кашид, то ки каме қувва ҷамъ кунад.

Таваррум дар сояи кўҳ дурру дароз истироҳат кард. Юз аз фурсат истифода карда, ҷонваронро аз омадани хатар огоҳ намуд. Ба онҳо дар бораи ҷанги Хирсу Шер Паланг бо Таваррум нақл  кард. Нақл  кард, ки чи тавр онҳо Таваррумро хаставу шалпару беҳол мекарданд ва ҳар дафъа вай аз пешина дида майдатар мешуд. Ҷонварон дар фикр рафтанд, ки бо Таваррум чӣ кор кунанд? Чӣ  тавр дороии худро аз ин махлуқи бадҳайбат  наҷот  диҳанд? Ҷое, ки  онҳо  расидаанд, як тараф харсангзор ва як тараф тахту ҳамвор буд. Ҷои пинҳоншавӣ нест. Метарсанд, ки аз уҳдаи  наҷот  додани дороиҳояшон баромада наметавонанд. Ногоҳ ҷонварон дар миёни харсангҳо як  ғори  торику  чуқурро дида, хурсанд шуданд, зеро дар пеши даҳонаи ғор як харсанги лундаи калон меистод, ки метавонистанд онро ғел дода, даҳони ғорро бубанданд.

Фикр карданд, ки чӣ тавр Таваррумро ба даруни ғор бикашонанд?

Фикр карда-фикр карда ба қароре омаданд, ки як қисми тангаву тиллояшонро дар даруни ғор бимонанд, то ки Таваррум худаш ба ғор дарояд. Тангаву тиллоро дар даруни ғор монда , интизори ба он ҷо даромадани Таваррум шуданд.

Як замон Таваррум аз хоб бедор шуд. Ялақоси тангаву тилло чашмонашро бурд ва зуд аз ҷо  бархоста барои хўрдани онҳо ба ғор даромад. Ҳамин ки махлуқи бадҳайбат ба даруни ғор даромад, ҷонварон зуд харсанги калонро ғелонда, даҳони ғорро бастанд.

Ноомади корро бинед! Як  гўшаи хурдакаки даромадгоҳи  ғор  кушода боқӣ  мондааст. Харсанг даҳони ғорро пурра  набастааст. То кунун ҷонварон дар ҳамон шикофии боқимондаи даромадгоҳи ғор тангаҳои тиллову нуқра бурда мемонанд, то ки Таваррум берун набарояд. То ҳол ҷонварон намедонанд, ки Таваррумро чӣ тавр мағлуб намоянд

Таҳияи  Садоқат Шогунбекова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
адабиёти кўдакон ва наврасон.