Бо бачаҳо. Акобир Шарифӣ: Тарбузи лалмӣ

Тарбузи лалмӣДар таътил аз лагер маҳрум шудам. Чунки аз ду фан қарздорам. Акнун дигарон бофароғат истироҳат мекарданду ман дар ҳавои тафсони тобистон бояд дарс тайёр кунам, ба имтиҳони тирамоҳӣ тайёрӣ бинам. Кӣ баровардааст ҳамин имтиҳони тирамоҳиро, ман ҳайрон.

Айби худат, ғур ғур мекунад модарам. Сад бор гуфтам, ки корҳои беҳударо мону аз паси дарсат шав.

Дар ҳақиқат, гапи модарам рост. Баъзан худамро тасалло медиҳам. Ҳайрият, ки ақаллан ҳамин тасалло ҳаст. “Аз ҳамон лагер чӣ фоида,–мегӯям дар дил. Рост-дия. Пагоҳӣ аз хоби хуш бедор мекунанд, линейкаю сафкашӣ, сайру саёҳат, навбатдорию боз ким-чӣ балоҳои дигар. Ба ҷойи истироҳат хаставу монда мешавӣ”. Баъди ин фикру тасаллодиҳиҳо худамро андаке сабук ҳис мекунам. Вале ин дер давом намекунад.

Боре андармони ҳамин хел хаёлҳо нишаста будам, ки падарам аз дар даромаданду мушкили маро осон карданд.

Қишлоқ, меравӣ, Ориф, ба хонаи амакат. Собир ба дарсат ёрӣ медиҳад, боду ҳавои тоза, ба корҳои хоҷагии амакат ҳам кумак мекунӣ. Чӣ гуфтӣ?

Майлаш, дадаҷон,–аз хурсандӣ фарёд задам ман. Раҳмат, дадаҷон. Худи ҳамин рӯз меравам.

Ин хоболуд дар ҳамон ҷо ҳам дарс тайёр намекунад, – ба гап ҳамроҳ шуд модарам. Ҳеҷ куҷо намеравад.

Рафта модарамро оғӯш намудам, меҳрубонӣ кардам, бӯсидам.

Модарҷон, вазнин шавед, –гуфтам.

Эй ҷӯгие, андак мулоим шуд модарам. Боз Собирро ҳам аз кораш намононӣ?

– Не, модарҷон, гуфтам ва чизу чораву дафтару китобамро ба ҷомадончаи сафариям ҷой кардан гирифтам.

…Собир маро хурсандона пешвоз гирифт. Рӯзи дуюм бо ман каме “машғулият” гузаронду гуфт:

–Агар хоҳӣ, ки ман ба ту ёрӣ диҳаму имтиҳонҳои тирамоҳиро нағз супорӣ, як  шарти маро иҷро мекунӣ…

– Сад шарт бошад ҳам иҷро мекунам. Канӣ, чӣ шарт?

– Ту мазаи тарбузи лалмиро медонӣ, а?

– Ҳа, медонам, асал барин.

– Ин хел бошад, ҳозир афта аз палаки бобо Шокир як-ду тарбузча канда мегирӣ, баъд рафта оббозӣ мекунем. Баъди оббозӣ болои реги тафсон дароз кашида, тарбуз хӯрдан хуб кайфияте дорад-да.

– Бобои Шокир тарбуз медиҳад?

– Хока медиҳад, хандид Собир, агар тарбуз шавӣ, худатро ҳам бурда дар бозор мефурӯшад. Тарбуз медодааст-а.

– Охир ин чӣ хел мешавад?

– Гапи мард якта. Қавл додӣ, тамом. Нафас ях. Шуд?

– Шуду…Лекин чаро худат..

– Гапа дароз накун, рафтем. Агар маро дорад, ҷазо медиҳад. Ту ба ҳар ҳол меҳмон. Бинад ҳам мебахшад.

Дар роҳ Собир нақл кард, ки бобои Шокир бисёр ҳасис аст, аз тарбузҳои пешпазаки лалмӣ ҳатто ба наберааш ҳам намедиҳад. Ҳамаашро ба бозор бурда пул мекунад.

– Натарс, маро тасалло дод ӯ,–бобои Шокир ҳозир дар тӯйхона, то меояд ки…

Ноилоҷ розӣ шудам. Вақте ки Собир маро аз сари девор гузаронд, фаҳмонд, ки тарбузҳои сабуктарро канам, вазнинаш хом будааст.

– Ду тоякак бас,–гуфт, вақте ки ман он сӯйи девор гузаштам.

Аз ҷӯяки аввал саросема якбора ду тарбузчаро канда, акнун қафо гашта будам, ки ногоҳ саге “ҳа-а-ф” гуфт. Ман, ки аз саг чун аз бало метарсам, дод гуфтам ва тарбузчаҳоро партофта, бо як хез ба сари девор баромадам. Аз он ҷо ба қафо нигоҳ карда дидам, ки тарбузҳои лахча барин суп-сурх бӯлак шуда хобидааст. Саг танбалона боз “ҳа-а-ф” гуфт. Ҳавли ҷон худро ба замин ҳаво додам. Поям қувват накарду ба замин шишта мондам ва чизе ба тагам чунон сахт халид, ки мағзи сарам ба сӯзиш даромад. Чунон дод задам, ки саг ин дафъа ду бор “ҳ-а-а-ф” гуфт. Давида аз ҷоям хестам. Аз таги поям чизе фиш-фишкунон равон шуд. Бинам, ҷайра будааст.

Чӣ шуд!–гӯён Собир давида омад. Аз доди ман тарсида, рангаш дока барин канда буд. Гапро фаҳмида хуб хандид. Баъд аз қафои шимам ду хори овезони ҷайраро кашида гирифт.

– Лекин кирои додгӯи халида будаст, шӯхӣ кард ӯ. Фаромӯш кардаам огоҳ кунам, ки саги бобои Шокир пир аст. Дунё чаппа шавад ҳам аз ҷояш намехезад. Агар хушаш биёяд, як бор ё ду бор “ҳаф” мегӯяду бас. Акнун имрӯз аз баҳри тарбузхӯрӣ мегузарем. Аз баҳри оббозӣ ҳам. Ҳозир хона рафта ба дунбаат зелёнка мемолем. Медонӣ, чаро ҷайра фақат ду хорашро ба ту халонд?

– Ин ҳам ягон сир дорад?

            – Ҳа.

            – Хайр, чаро?

            – Чунки ту аз ду имтиҳон қарздорӣ. Агар се имтиҳон мебуд, се хорашро…

– Эй, мон-е.

Аз дасти ин Собири қилиқхунук ҳар кор меояд. Бинобар ин, ба илтиҷо даромадам:

–Ин воқеаро ба касе нагӯй, Собирҷон, гап байни дуямон монад, хуб?

Не, байни сеямон.

            – Сеюмаш кӣ?

            – Ҷайра, боз ба шӯхӣ бурд ӯ.

            – Э-е-е! Хайр, ваъда медиҳӣ, ки ба касе намелақӣ?

            – Ваъда медиҳам.

            – Канӣ, касам хӯр.

– Хайр, қасам ба сурхии тарбузи лалмӣ ва хори сӯзони ҷайра, ки ба касе намегӯям ва ба ҳар касе гӯям ҳам, таъкид мекунам, ки ба каси дигар нагӯяд…

Таҳияи Дониёрова Фарида,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон