Бо бачаҳо. Азизи Азиз. Ду ҳикоя аз “Саёҳате, ки интизораш набудам”
МУАММО ВА ҲАЛЛИ ОН
Рўзона мо ба Конибодом рафта, тамошо карда баргаштем. Албатта, Конибодом ба ман писанд омад, вале ҳушу ёдам зиёдтар ба маъракаи фардоина банд буд. Меандешидам, ки ба шунавандагону тамошобинон кадом наворо пешкаш кунам. Дуруст, ки амаки Достон «Дар шаҳри мо бачаҳои мусиқишунаву мусиқинавоз бисёранд. Конибодом маҳфили «Шашмақом» дорад, Райҳонҷон! Лекин ту аз ҳамаи мо як сару гардан болотарӣ, ҳа, бешубҳа!» – гуфта маро хотирҷамъ кард. Бо вуҷуди ин дар ҳаяҷон будам, зеро бори аввал берун аз Душанбе ҳунарнамоӣ кардан лозим меомад.
Воқеан, амаки Достон боре маро дар назди театр танҳо гузошт.
– Узр! Як лаҳза интизор бошед, – гуфта ва худ дарун даромад.
Аммо ўро қариби як соат мунтазир шудем. Мо ҳам вақтро беҳуда нагузаронда, атрофи театрро тамошо кардем, яхмос хўрдем, сурат гирифтем.
Ниҳоят амаки Достон дар дасташ як қоғазпеч беру номад…
Касе напурсид, ки ў чӣ кор карду бо ки вохўрду чиҳо гуфт ва чӣ гирифт.
Пас боз ба Сафедорон баргаштем ва ман дуторамро гирифта, то бегоҳ машқ кардам. Шаҳноз, ки дар хонаи шафат шеър мехонд, гоҳ–гоҳ ба наздам омада, хоҳиш мекард, ки қироаташ гўш диҳам. Вай ину он байт–ро равшану возеҳ хонда мепурсид:
– Чӣ хел? Овозам бурро, форам?
Ба ман овози нарму ширини Шаҳноз маъқул буд. Аммо ба ў бештар модараш, холаи Саврӣ, маслиҳати дуруст медод.
– Овозатро баланд накун, духтарам,– мегуфт ў. – Ин шеър барои аррос зада хондан нест. Овозат бояд оҳанги ифтихор дошта бошад.
Ана, ин тавр:
Қофия шуд ба Модар
«Ба ҷону дил баробар!»
Ба гулшану гулистон –
«Кишвари Тоҷикистон!…»
Аз маслиҳатҳои холаи Саврӣ ман ҳам биёр чиз фаҳмидам. То ин замон гумон мекардам, ки шеърро ҳар қадар ки баландтар хонӣ, ҳамон андоза беҳтар аст. Ҳаргиз чунин набудааст. Доду аррос задан ва бемавқеъ ягон калимаеро мад кашида хондан хато будааст. Ҳар калимаи шеър маънӣ ва оҳанги хосса доштааст…
Бегоҳ барвақттар хобидем, то субҳ бардаму ҳушёр бедор шавем.
ЯК МАСЪАЛА
Пагоҳӣ, баъди ношто, як масъала пеш омад. Шаҳноз аз чизе хавотир буд, ба ман наздиктар омада, оҳиста ба гўшам гуфт:
– Райҳон, ту либоси саҳнавӣ надорӣ. Чӣ кор кунем?
Рост мегуфт Шаҳноз. Дар саҳнаҳои Душанбе пироҳани атлас пўшида ҳунарнамоӣ мекунам ва он либос ҳоло дар Душанбест, ҳар чӣ дирўз аз хона гирифта будам, ба қавле, кўчапушаку хонапўшаканд.
Парешон шудам. Мо масъалаеро ба амаки Достону холаи Саврӣ баён кардем. Онҳо ба андеша рафтанд.
– Дуруст, бо либоси хонагӣ ба саҳна баромадан чандон хуб нест, – ғамгин шуд амаки Достон ва ҳайрон–ҳайрон ба сарулибоси ман бодиққат нигарист. – Ин либосат саҳнабоб нест, духтарам.
Баъд чизе нагуфту ғамгину сархам ба хона даромад, вале як дақиқа нагузашта, дарро нимво карду як пироҳани атласи хушдўхтро дар либосовезак берун овард ва худ аз паси дар истода, хитоб кард:
– Масъала ҳал шуд: ана, либос!
Шаҳнозу Дилноз аз шодӣ қарсак заданд ва ҳар се ба тарафи дар давидем.
Ман нав фаҳмидам, ки амаки Достон дирўз ба театр даромада, барои ман либос пурсида интихоб намуда, гирифта будааст. Чи амаки хуб аст ў! Акнун ман ҳам барои баромадан ба саҳна тайёрам!
Аз китоби Азизи Азиз “Саёҳате, ки интизораш набудам” таҳияи Зуҳро МАТИМОВА, муовини сардори шуъбаи адабиёти кўдакон ва наврасон.
Ин китоб соли 2020 чоп шудааст ва қиссаи хубу хонданист, ки ин ҷо порчае аз онро овардем. Шумо китоби “Саёҳате, ки интизораш набудам”-ро метавонед дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.