Бо бачаҳо. Азизи Азиз. «Ду Ид» – И Як Рўз

Азизи Азиз

Диловар, ки як бачаи саркашу гапнодаро буд, дар таътили тобистона ба роҳи рост даромаду ба қавли бибиаш «якбора одами хуб» шуд. Худаш ҳам тағйир ёфтану дигаргун шуданашро нафаҳмид.

«Одами хуб» шудани Диловар як пагоҳӣ аз як сухани одӣ  оғоз ёфт.

Он лаҳза Диловару хоҳаракаш Наргис ҳамроҳи бобою бибӣ ва падару модар дар тахтакати рўйи ҳавлӣ ширчой мехўрданд. Ҳай болаззат буд ширчой. Чунон болаззат, ки ҳама бо иштиҳо машғули тановул буданд ва фақат садои косаю қошуқ шунида мешуду бас: Шақ – шуқ, тақ – туқ, шақ-шуқ, тақ туқ.

Хомўширо Диловар вайрон кард.

– Имрўз тобистон сар шуд, – гуфт вай қаноатманду хурсанд. – Акнун ба наздикӣ ба таътил мебароем.

Падар ўро табрик кард:

– Муборак бошад.

Диловар ҳайрон шуд.

– Чӣ «муборак бошад»?

– Идҳо, – Ҷавоб дод падар. – Як рўзу ду «ид».

Диловар боз чизе нафаҳмид ва бо чашму даҳони боз ба рўйи падар нигарист.

– Имрўз якуми июн аст, – луқма партофт модар.

– Хайр чӣ? – гуфт Диловар. – Якуми июн ид нест – ку.

– Ид аст, – таъкид кард бибӣ. – Иди бузург.

– Оҳо!

– «Оҳо» нагў, писарчон, – норозӣ шуд бибӣ. – Агар китоб мехондӣ, мефаҳмидӣ, ки якуми июн ду не, барои ту «се ид» аст.

-И –и – ид?! – бовар накард Диловар.

– Бале, бачам. Ид. – табассум кард бибӣ. – Халқи олам онро чашн мегирад.

– Халқи о –о-олам?

– Ҳа, аз Африқо то Аврупо, аз Осиё то Амрико. Канӣ, бигў: ин кадом ид аст?

– Иди ман, – бепарво гуфт Диловар. Ин сухан аз даҳони Диловар беихтиёр берун шуд ва чашмони бибӣ якбора барқ заданд, чеҳрааш шукуфт ва ба ҳозирон рўй овард:

– Шунидед, вай чӣ гуфт? Иди ман! Боз мегўед, ки Диловари мо аз гапу кори олам хабар надорад. Набераи маро дигар ноқобилу нодон нагўед. Агар бачаи нодон мебуд, аз кучо медонист, ки имрўз иди кўдакони дунёст.

ТУҲФАИ  ОЛИЧАНОБ

      Диловар ба худ омад: якуми июн, дар ҳақиқат, ид аст – иди кўдакони олам. Ин лаҳза падар ба ҳама шунавонда гуфт:

– Азбаски имрўз ид аст, дар хона намешинем, дўстон. Омода бошед, ба тамошо меравем. Калимаи «тамошоро» – ро шунида, Наргис парида хест.

– Ба кучо? – пурсид модар.

– Куртаи навамро мепўшам, – гуфт Наргис. – Маймунтамошо меравем. «Маймунтамошо» гуфта, вай «Боғи ҳайвонот» – ро дар назар дошт. Аммо Диловар эътироз кард:

– Ҳафтаи гузашта ба «Боғи ҳайвонот» рафта будем. Ман имрўз ба чархофалак савор шудан мехоҳам.

– Не! – розӣ нашуд Наргис. – Май – мун –та – мо – шо – о – о.

– Ана хало – о –ос! – гуфт модар. – Ду хоҳишу ду даъво шуд – ку. Мо якбора ба ду чой рафта наметавонем. Наргис бори дигар ба «Маймунтамошо» рафтанашро таъкид кард ва аз кат фуромаду чониби хона давид. Бобо масъалаи «ду хоҳишу ду даъво» – ро осон ҳал кард:

– Аввал ба «Боғи ҳайвонот» равед, баъд ба чархофалак савор шавед, – гуфт вай. Имрўз иди кўдакон – ку. Калимаи « кўдакон» – ро шунида, Диловар аз раъяш гашт. Андешид, ки Наргис кўдак аст, нав чаҳорсола шуд, аммо ў бачаи калон: синфи чорумро тамом кард, акнун ба синфи панчум меравад. Ид иди Наргис аст.

– Офарин! Қанд зан, набераи ширин,- хурсанд шуд бобо. – Ту дар идаш ба хоҳаракат аллакай туҳфаи оличаноб кардӣ.

ЧАРО  РЎЗҲО ЗУД  МЕГУЗАРАНД?

      Бобою  бибӣ ба сайру  тамошо нарафтанд. Пеш аз ношто ҳамсояашон амаки Асрор  омада, онҳоро ба меҳмонӣ даъват кард. Ба хонаи амаки Асрор аз деҳа меҳмон омада будаст.

Наргису Диловар ҳамроҳи падару  модар ҳам ба «Боғи ҳайвонот» рафтанду ҳам ба чархофалак савор шуданд ва қарибии бегоҳ  шоду мамнун ба хона баргаштанд. Дар хона модар гуфт:

-Нафаҳмидем, ки  рўзи дарози тобистон чӣ хел гузашту бегоҳ  шуд –е. Агар гўем, ки таътил барои Диловар аз ҳамин сухани модар оғоз ёфт, хато намешавад. Вай ин гапи модарро рўзи дигар ба хотир овард. Пагоҳӣ тўб гирифта. Ба кўча баромад ва қариби бегоҳ модар ўро чеғ зада, ба хона овард.

– Рўз бегоҳ шуд, – гуфт вай дар пеши дарвоза. – Футбол ба дилат назад?

– Не.

Рост мегуфт Диловар, Вай аз футбол ҳаргиз сер намешавад. Аз тамоми бозиҳои олам танҳо футболро дўст медорад. Вале рўз, дар ҳақиқат, зуд гузашт, дар як мижа задан бегоҳ шуд. Диловар ба офтоби ғурубкардаистода нигариста, ба худ гуфт: «Рўзҳои тобистон хеле дарозанд, аммо чаро зудгузаранд? Охир навакак тўб гирифта, кўча баромада будам».

Баъд ба ҳавлӣ даромад, либосашро иваз кард, дасту рў шуст, пас ба назди падар рафт. Падар дар тахтакат нишаста китоб мехонд.

– Падарчон, барои чӣ рўзҳои тобистон зудгузаранд? – пурсид вай. Падар аз китоб сар бардошт.

– Чӣ хел зудгузаранд?

– Мана, навакак тўб гирифта, кўча баромада будам. Аллакай бегоҳ шудаст. Падар китобро як сў гузошт ва лаҳзае ба хаёл рафт. Баъд чавоб дод:

– Чунки ту бисёр хурсандӣ. Аз ин чавоб Диловар чизе нафаҳмид. Хайр чӣ? Одам шоду хуррам бошад, рўзҳо магар кўтоҳу дароз мешаванд? Вале дигар чизе напурсид, зеро падар китобашро кушода, дубора сар хам кард. Маълум ки сари падар ин лаҳза ба фикри дигар банд аст. Вай аз афташ ягон китоби ачоибмехонад. Халал нарасонда, аз дигарон пурсидан даркор.

Ху – у – уб, аз кӣ?

МОДАР НИЗ ЧАВОБ ДОДА НАТАВОНИСТ

Диловар рост ба назди модар рафт. Модар дар ошхона саргарми хўрок пўхтан буд.

– Модарчон, барои чӣ рўзхои тобистон зудгузаранд? Модар кафлесро як сў гузошт ва чавоб дод:

– Барои он ки ту гузаштани рўзро ҳис намекунӣ. Диловар боз ҳам чизе нафаҳмид. Модар суханашро идома дод:

– Гузаштани рўзро ҳис кардан лозим,писарам. Диловар зиёдтар тааччуб кард. Чӣ хел? Рўз нон нест, ширчой ҳам нест, ки чашида бинӣ. Ҳм – м, аҷоиб. Ў ба модараш боз як савол дод:

– Гузаштани рўзро чӣ хел ҳис кардан мумкин? Модар кафлесро дубора ба даст гирифт, лаҳзае ба хаёл рафту гуфт:

– Рафта аз бобоят пурс, чони модар. Он кас ба ҳар савол чавоби тайёр доранд. Диловар ин  хел  чараён  гирифтани корро ҳаргиз чашмдор набуд. Ба як саволаки одии ў ду нафар чавоб дода натавонистанд. Вале модар дуруст гуфт: бобо каси тасодуфӣ  нест, як маҳалла одам ба гапаш гўш медиҳанд. Дар тўю маъракаҳо – сардор, як мушкил пеш ояд, пиру чавон, зану мард  омада маслиҳат мепурсанд. Ҳеч мумкин нест, ки бобо саволи Диловарро бечавоб монад…

САВОЛИ ХУБ

       Бобо  навакак аз боғ баргашта буд ва чомаашро кашида ба мехи айвон меовехт.

– Ассалом, бобо.

– Ваалайкум ассалом, Диловари беҳамтои мо, – чавоб дод бобо ва гўё аз саволи дили Диловар огоҳ бошад, пурсид: – Чӣ ҳол дорӣ? Имрўз чӣ хел гузашт?

– Ман ҳаминро пурсиданиам,  – гуфт Диловар.

– Яъне, чиро?

– Барои чӣ  ман гузаштани рўзро намефаҳмам, ҳис намекунам?

– Ин савол аз кучо, чӣ хел дар сари ту пайдо шуд? – ба чойи чавоб савол дод бобо.

– Модарам  гуфтанд. Ман гузаштани рўзҳоро ҳис намекардаам. Бобо хоҳиш кард:

– Ҳеч чиз  нафаҳмидам – ку. Дурусттар фаҳмон, Диловари бобо.

– Ҳама мегўянд, ки рўзҳои тобистон дарозанд. Мана пагоҳӣ ман тўб гирифта кўча баромадам. Аллакай бегоҳ шудаст. Барои чӣ?

– Барои он ки, – бе ягон тайёрӣ чавоб додан хост бобо, вале якбора  ба хаёл рафт. Оҳо! Модоме ки бобо ҳам чӣ чавоб доданашро андеша кард, савол ба қавли бибӣ, дандоншикан баромад, хеле мушкил будаст. Ачаб коре шуд. Як саволак ҳамаро гаранг кард. Агар ҳамин саволро дар мактаб ба муаллим медод, кор ранги дигар мегирифт. Муаллим дўст медорад, ки бачаҳо ҳамин хел саволҳои ғайриинтизор диҳанд.

– Саволи хуб додӣ, чони бобо. Барои чӣ одам гузаштани рўзро ҳис намекунад? – саволро такрор кард бобо  ва чавоб гардонд:

– Барои он ки рўзаш баракат надорад. Баракат бошад, рўзҳо хубу хуш мегузаранд. Ана, халос. Боз ин «баракаташ» чӣ бошад? Бобо аз падару  модар ҳам мураккабтар чавоб дод.

– Баракат чист? – пурсид Диловар. Бобо андешамандона гуфт:

– Ҷавоби саволи ту  дар боғ аст, писарам. Фардо барвақт ҳарду ба боғ меравем. Ба саволи ту дар ҳамон чо чавоб хоҳам дод…

Таҳияи Х.Муродова, шуъбаи кӯдакон ва наврасон.

 Ин чанд ҳикояи кутоҳ аз як қиссаи адиби маъруфи бачаҳо, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Азизи Азиз, ки дар китоби ӯ “Қиссаҳои айёми таътил” омадааст, иқтибос шуд. Китоби якуми ин силсила соли 2019 бо дастгирии Ожонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) нашр шудааст.

Китобро шумо метавонед дар толори кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Ҳамчунин барои касоне, ки имкони ба Китобхона омадан надоранд, шакли электронии онро ин ҷо мегузорем.

“Қиссаҳои айёми тобистон”. Китоби якум.