Бо бачаҳо. Азизи Азиз. Нахустин эҷод

Азизи-АзизТобистон  нисф  нашуда, дар ҳаёти  Диловар  дигаргуниҳои

ачиб  рўй  дод. Рўзе  модар  сўзану  ресмон  гирифта, чилди  болишт медўхт. Диловар  он лаҳза  аз  бозигоҳ  баргашта  буд. Ў дар канори  модар  дароз  кашид  ва  ду  дасташро  ба зери манаҳаш  тиргак  гузошту  чокдўзии  модарро  тамошо мекард.

Модар  аз  кораш  чашм  наканда  гуфт:

– Думи  сўзанро  дароз  гирифтам, писарам.

Вай ресмонро  дар  назар  дошт. Сўзан  ҳар замон ба чоки  матоъ ғўта зада мебаромад ва аз паси худ из гузошта мерафт.

Диловар  гуфт:

– Модарчон, сўзан дар ҷилди болишт пай гузошта меравад.

– Чи  хел  пай? – ҳайрон шуд модар.

– Ана, бинед, – фаҳмонд  Диловар. – Ин – сўзан, инаш – ресмон, яъне дум, инаш – пайи дўхт. Яъне,  сўзан дум дорад. Фақат якта не, дута.

Модар  аз дўхтан  бозистод. Чашмонаш дурахшиданд. Аммо  нигоҳаш  қадре  ҳайратзада  буд.

Диловар андешаашро давом дод.

– Агар думаш сафед бошад, паяш сафед аст, думаш сиёҳ бошад, паяш сиёҳ аст!

Модар  қаноатмандона  аз  пешонаи  Диловар бўсид ва бо  табассум  гуфт:

– Ту  чистон  гуфтй!

–  Чй  хел  чистон?

–  «Думаш  сафед  бошад, паяш  сафед  аст,

–    Думаш  сиёҳ  бошад,  паяш  сиёҳ  аст».

Чист  он ?

–    Сўзан  ва  ресмон!  –  чавоб  дод  Диловар.

БОЗ  ЯК  ЧИСТОНИ  ДИГАР           

 Модар   суханашро  идома  дода  гуфт:

– Ту як не, ду чистон гуфтй! Фаҳмидй?

Чистони  якумат  чунин  буд: «Худаш  якта, думаш  дута». Ҷавобаш чист?

– Сўзану  ресмон!

– Дидй?! – ба ҳаячон  омад  модар. – Ту соҳиби ду чистон  шудй!

Диловар  хурсанд  шуд. Шодии  модарро низ ҳадду канор  набуд. Диловар  ўро  ягон  вақт  ин  хел  розию қаноатманд  надида  буд.

Воқеан, бибй боре  гуфта  буд: «Бахт ҳаргиз  танҳо намеояд, як бор, ки ба рўят  хандид, пайиҳам  чанд  маротибаи  дигар  механдад.» Ба фикри  Диловар, ин лаҳза боз  як  чистони  тоза  омад.

– Ҳар  гоҳ ки  хам  шавад, думакаш  кам шавад! – хитоб кард  вай  ба  модар ва  пурсид:

– Чист  он?

– Сўзану  ресмон, – бо  хушнудй  гуфт  модар. – Се чистон  шуд.

Баъди  ин  гап  модар  дўхтанро  фаромўш  кард. Фармуд, ки  Диловар  қаламу  қоғаз  гирифта, чистонҳояшро бинависад.

Диловар  ин  амри ўро  зуд  ичро  кард.

– Дар  зери  чистонҳо  ному  насабатро  ҳам  бинавис, – фармуд  модар  дубора. – Хушрў  навис!  Бинавис, ки «Диловари  Искандар,  хонандаи  синфи 4 – уми   мактаби  рақами  21 –и шаҳри  Душанбе».

Модар  саросема  бархеста  ба  хонаи  дарун  рафту  лифофа  овард. Варақи  қоғазро  дуқат  кард  ва  ба лифофа гузошт, пас  сарпўши  онро  часпонду  боз амр  кард:

– Дар  рўйи  лифофа  бо  хатти  худат  ин хел бинавис: «Шаҳри  Душанбе, идораи  мачаллаи  «Чашма».

Сипас  Диловар  мактубро  бурда, ба қуттии  почтаи сари  кўча  андохт.

ДИЛОВАР   –   НАВИСАНДА

Аз  миён  тақрибан ду ҳафта  гузашт. Як рўз  хаткашони  маҳалла  амаки  Солеҳ  Диловарро  дар пеши  дарвозаи  ҳавлиашон  вохўрд. Ўро  ба  наздаш  хонд:

– Ҳой, Диловари  писари  Искандар, ин  чо  биё.

Диловар  хавотир  шуд, гумон  бурд, ки ягон  хатою  гуноҳ  аз  ў  сар  задаст  ва  акнун  танбеҳ  хоҳад  шунид. Вале хаткашон  рўзномаю  мачаллаҳои  дар  дасташ  бударо  тагурў  карда, як мачаллаи  тозанашри  «Чашма» – ро  бароварду  ба  тарафи  ў дароз  кард.

– Се  чистонат  чоп  шудааст. Ту нависанда  шудй – ку, мо бехабар. Муборак  бошад! Ҳамин хел ҳар  замон бинавис. Нависандаи  хуб  мешавй.

Диловар  пештар  танҳо  барои  як  ҳунараш  – бозии  футбол  таъриф  мешунид  ва он  ҳам  аз  омўзгори  тарбияи  чисмонй. Ин  дафъа  барои  истеъдодаш  боҳо гирифт. Вай  ин  хел  таърифҳоро  гоҳ – гоҳ  аз  падару  модар  ва  бобою  бибиаш  мешунид. Чистонҳояш  чоп  шудаанд. Ўро  нависанда  гуфтанд, табрик  карданд, барори  кор  орзу  намуданд.

Вай  хурсанд  шуда, мачаллаи  «Чашма»-ро гирифта, ба  тарафи  хона  давид. Модараш  онро  варақ  зад  ва  дар лабонаш  табассум  шукуфт.

– Ту  нависанда  шудй, – гуфт вай.- Дар ёд дорй, гуфта  будам, ки  истеъдод  дорй, чони модар. Агар китоб  хонию  кўшиш  кунй, як чавонмарди  баобрў  мешавй.

Ҳамон  рўз  мавзўи  чистоннависии  Диловар  дар  маҳалла  овоза  шуд. Хурду  калон  аз хусуси  чистонҳои ў  ҳарф  мезаданд:

– Номи  Диловари  писари  Искандар  дар  мачаллаи  «Чашма»  чоп  шудаст. Писари  Искандар  нависанда  шудаст, – мегуфтанд  одамон.

Роҳбари  синфи  Диловар – Аҳмадзода  ҳамоншумораи  «Чашма»- ро, ки  чистонҳои  Диловар  чоп  шуда  буданд, чанд  рўз  бо  худ  гирифта  гашт  ва  дар  ҳама  чо  ўро  таъриф  мекард.

Диловар  миёни  бачаҳои  деҳаи  Чаманзор  ҳам  якбора  машҳур  шуд. Чистонҳои  ўро  хонда, чўраҳояш  аз  ёд  карда  буданд. Ҳатто  як  рўз  дар лаби  чўйбори  Лангар  мавзўи  гуфтугўйи  бачаҳо  ҳамин  чистонҳо  шуд.

БОРИ   ШУҲРАТ ВАЗНИН БУДААСТ

Баъди чоп  шудани  чистонҳояш,  муносибати  ҳама  бо  Диловар  тағйир  ёфт. Бибиаш  ба  Диловар  гапе  дошта  бошад,  ё  коре  фармояд, аввал  касби  нави  ўро  ба  забон меовард.

– Канй, чистонгўяки  бибй, назди ман  биё.

Бобояш  ўро  «нависанда»  мегуфт:

– Нависандаи  бобо, ману  ту  имрўз  дар  боғ кор  мекунем. Хоҳй, қаламу  қоғазатро  ҳам бигир.

Падараш  ҳам  хурсанду қаноатманд буд. Вай  ҳар  замон  мегуфт:

– Дар  авлоди  мо низ нависанда  пайдо  шуд.

Диловар  якбора  машҳур  ва  маҳбуби  хонадон  шуд. Се чистону  обрў – оламгир.

Албатта, таъриф  шунидан  хуб  буд, мефорид, вале шуҳрату  обрў  одамро  мачбур  мекунад  масъулиятшинос шавад. Акнун  ҳама  ба ў  ба  тарзи  дигар  менигаранд. Минбаъд  ҳар  кор  кунад  ва  ҳар  чй  гўяд, аз нигоҳи  дигарон  пинҳон  нахоҳад  монд. Диловар  акнун  ҳар  қадамашро  бояд  дониста  гузорад  ва  хуб  мулоҳиза  карда  гапзанад. Муҳимаш, боз  ягон  чиз  бинависад. Боз, баъди  якуним  моҳ  мактаб  сар  мешавад. Дар  мактаб  ҳам  бояд  ҳушёру  баодоб  бошад:  мабодо аз ягон  дарс  баҳои  пасттар  бигирад,ҳамсинфон  чй  мегўянд?

Шуҳрат  боз  як  хосияти  ачиб  доштааст:  ҳар  қадар  боло  равад, он  қадар  зиёдтар  масъулият  ҳис  мекардай, балки  андак  метарсй. Мана, порсол  Диловар парвои  олам  надошт. Баъзан  якта – нимта баҳои  се  ҳам  мегирифт. Гоҳо  барои  беадабиаш  аз  омўзгорон  танбеҳ  мегирифт. Як  моҳ  қабл, напурсида  ба боғи бобои  Салим  даромад. Хайрият, ки  мўйсафед  арзу  доду  шикоят  накард, вагарна  ба  дуздй  ном  мебаровард. Он  гоҳ  чй  мегуфтанд? «Нависандаи  дузд».

Дар  хона  ҳам  эҳсоси  масъулият  Диловарро  пайваста  думбол  мекард. Сари баланди бобою  бибию падару модарро баландтар  бояд  бардорад. Онҳо  ўро  дар  ҳар чо  таърифу  тавсиф  мекунанд, аз забони  мардум  дар  васфи  ў  ҳар  гунна  сухани  хуш  мешунавнд.

Бале, акнун  ҳар  қадамро  дониста  бояд  гузошт  ва ҳар  гапро  мулоҳиза  карда  бояд  зад.

ДИЛОВАР  КАЙ КИТОБ ХОНДАСТ?

Дар  хонаи  Диловар  ҳама  китобхонанд. Аз ҳама зиёдтар  модараш  китоб  мехонад. Ҳар замон  фурсат  ёфта, ягон  китоб  ба  даст  мегирад. Аммо  Диловар  китобхон  нест, аз  лаззати  хондан  бебаҳра  аст. Китобҳои  наву  куҳна  ва  ғафс – ғафсро  дар  дасти модар  дида, ўро  воҳима  мегирад.

Як  рўз  вай  аз модар  пурсид:

– Модарчон, шумо  дилгир  намешавед?

– Аз чй? – ҳайрон  шуд  модар.

– Аз китоб.

– Баръакс, вақте  ки  дилгир  шавам, китоб  мехонам, – чавоб  дод  модар.

– Ман  китоб  хонданй  шавам, – фикрашро  натарсида  изҳор  кард  Диловар, – ғами  хонданаш  диламро  фаро  мегирад.

– Ту кай  китоб  хондй? – пурсид  модар ва саволашро  шарҳ  дод: – Мана, таътил  нисф шуд. Имрўз шонздаҳуми июл аст. Ман  надидам, ки ту ягон бор китоб  ба даст гирифта  бошй.

– Ҳозир вақти таътил – ку, – чавоб дод  Диловар. – Вақти   истироҳат. Якуми сентябр биёяд, хондан сар мешавад, модарчон. Ана, баъд  ҳар  рўз китоб  мехонам: «Забони  модарй», «Математика», «Табиатшиносй». Боз чанд  китоби  дигар.

– Ин  китобҳо  дигаранду  китобҳои  ман мегуфтагй дигар, – розй  нашуд  модар. То замоне  ки  ту  ба  китобхона  даромада, ба  ихтиёри  худ  китоб  гирифта  нахонй, китобхон  ҳисоб  намешавй. Фаҳмидй, писарам? Их-ти-ё-ран! Ҳеч  кас  мачбур  накарда.

Таҳияи З. ЗИЁВУДДИНОВА, мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.

Ин чанд ҳикояи кутоҳ аз як қиссаи адиби маъруфи бачаҳо, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Азизи Азиз, ки дар китоби ӯ “Қиссаҳои айёми таътил” омадааст, иқтибос шуд. Китоби дуюми ин силсила соли 2019 бо дастгирии Ожонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) нашр шудааст.

Китобро шумо метавонед дар толори кӯдакону наврасони Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.

Ҳамчунин барои касоне, ки имкони ба Китобхона омадан надоранд, шакли электронии онро ин ҷо мегузорем.

 ҚИССАҲОИ АЙЁМИ ТАЪТИЛ. КИТОБИ 2