Бо бачаҳо. Бозиҳои кӯдакона. Бахши аввал

bozihoi-kudakonaИн китобчаро Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик соли 2020 чоп кардааст. Мураттибон як силсила бозиҳои кӯдакону наврасонро гирд овардаву дар бораи ҳар кадом мухтасар маълумот додаанд. Дар аввалсухани китоб омадааст: Бозиҳо бисёр гуногунанд. Солҳои охир бозиҳои компутерӣ низ расм шудаанд. Вале мо аз бозиҳои бачагонаи қадмаи худ асло даст кашида наметавонем. Онҳо басо содаю шавқовар буда, шарту шароити зиёд тақозо намекунанд. Аз ин сабаб ҳамеша бо моянд. Акколбозӣ, рустшавакон аз ҷумлаи бозиҳои миллии бачагонаи халқи тоҷиканд, ки дар ин китоб пекаш шудаанд.

Китоб бо кӯмаки мардуми Амрико нашр ва аз тариқи Ожонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонандаҳо дастрас шудааст.

Тасмим гирифтем дар чанд бахш ин бозҳоро ба ёди хонандагони хурдсоламон андозем.

БОЗИҲОИ КЎДАКОНА

АНА БОҒ

Навъе аз бозии халқии бачагонаи тоҷикӣ аст, ки дар байни бачаҳои миёнасол ва наврас баргузор мешуд. Иштирокчиёни бозӣ ба шакли давра ё ба мисли камон паҳлуи ҳам меистоданд. Ҳама дастони росташонро ба пеш дароз карда, панҷаҳояшонро ҷунбонда меистанд. Сарвари бозӣ низ дар миёна истода, дасташро дароз карда мегўяд:

-«Ана боғу анароғ, ана кишмишу мавиз, ана занбўри ало омаду инҷама газид!».

Дар ин ҳолат гўянда дасташро ба ягон узви баданаш (гӯш, чашм, соқи пой ва ғайра) мерасонад. Бозигарон бояд рафтори сарварро бо таваҷҷуҳ мушоҳида кунанд ва ҳаракатҳои ўро тақлид намоянд. Ҳар касе, ки қафо монд ва ё ҳаракатҳоро нодуруст тақлид кард, ҷарима баста мешавад. Ҷарима аз ягон чизи хўрданӣ, ба монанди себу нок ё чормағзу мавиз иборат буд.

АРҒУНЧАКБОЗӢ

Ҳойбозӣ, ҳойбод, як навъ бозии анъанавии кўдакони тоҷик аст, ки бештар дар баҳору тобистон бозида мешавад. Ин бозӣ хосси духтарон буда, қоидаи муайян надорад. Арғунчак аз таноб ё арғамчине, ки ду нўки он ба шохи дарахт ё ба болочўбе баста шудааст ва нишастгоҳ иборат мебошад. Баланд ё паст бастани арғунчак ба синну соли кўдакон вобаста аст. Нишастгоҳоро аз пораи тахтачўб месозанд. Барои нармтар шуданаш онро бо матои пахтагин мепечонанд. Баъзеҳо ба андозаи мувофиқ ба он кўрпача тайёр мекунанд. Духтарон бо навбат ба арғунчак нишаста, дар ҳаво ба пешу қафо алвонҷ мехўранд ва роҳат мекунанд. Дар аксари мавридҳо рафиқон арғунчакро такон дода, дар алвонҷхўрӣ ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Арғунчак дар Тоҷикистон номҳои зиёде дорад: алвонҷ, бод, бодпеч, ҳой, ҳайбод, ҳаючак, ҳулчак ва ғайра.

Дар айёми Наврўз духтарони 10-20 – сола дар боғҳо, ҳавлиҳо ва дарахтони калони кўчаҳо арғамчин баста, арғунчакбози мекунанд. Мувофиқи бовариҳои мардумӣ, баҳорон ҳар касе арғунчакбози кунад, гўё гуноҳҳояш мерехтааст.

Дар Бадахшон арғунчакро «вулчак» меноманд, ки яке аз бозиҳои махсуси айёми Наврўз дар байни занону духтарон ба ҳисоб меравад. Духтарон ба ҷуз аз фароғату вақтхушӣ, таввасути ин бозӣ инчунин бахти худро месанҷиданд. Агар дасти арғунчакнишин ба шохчаи баланди нишонашуда расад, ҳамон сол хушбахтӣ насибаш мешудааст.

БАЛАНДПАРАК

Бозии халқии бачагонаи тоҷик аст, ки бачаҳои аз 7 то 13-сола доир мекунанд. Бачагон бештар дар фаслҳои гарми сол ба ин бозӣ машғул мешаванд. Бозӣ дар нишебиҳои теппа ё баландие сурат мегирад. Дар бозӣ дунафарӣ иштирок менамоянд. Ҳар як бозигар бо навбат пойҳояшро ҷафс дошта, аз поин ба боло ҷаҳида-ҷаҳида мебарояд. Касе, ки масофаи бештарро ҷаҳида барояд, ғолиб шуморида мешавад. Қоидаи бозӣ чуни наст, ки пойҳоро дар вақти ҷаҳидан зич карда, мисли «харгўш » дупоя ҷаҳидан лозим аст. Бозигарон бояд ҳамдигарро тела надиҳанд.

БАНДКАШӢ

Яке аз бозиҳои варзишии бачагона аст, ки маъмулан дар ҷашни Наврўз ва иду маъракаҳои мардумӣ барпо мешавад. Мусобиқаи бандкашӣ дар майдончаи ҳамвор ташкил шуда, барои он ресмони ғафси дарозиаш 8-10 м  истифода мешавад. Дар мобайни майдон хатте кашида мешавад. Иштирокчиён 4-6 нафарӣ ба ду даста ҷудо шуда, аз ду тарафи хат дар майдон ҷойгир  мешаванд. Бо фармони довар аъзои дастаҳо кўшиш мекунанд, ки бандро ба сўйи худ кашида, ҳарифонро аз хат ба майдони худ доранд. Кадом дастае, ки ҳарифонро кашида аз хат гузаронад, ғолиб дониста мешавад.

БЕДОНА ПАРИД

Парид-парид, як навъ бозии анъанавии бачагон аст, ки дар фаслҳои гармо дар майдони кушодсурат мегирад. Бозигарон ба ҳамдигар зич ба сурати давра менишинанд. Онҳо пойҳояшонро ба маркази давра дароз намуда, дасти ростро мушт мекунанд ва ба он такя карда менишинанд. Яке аз бачаҳои калонсолтар номи паранда ё ҷонваронро бо навбат номбар мекунанд (масалан, бедона парид, зоғ парид…) ва дар яке аз онҳо мушти рости худро мебардорад. Дигар иштирокдорон бояд ба ў тақлид карда, зуд мушти росташонро боло бардоранд. Ҳар касе дер кард, ё ба пушт афтод, мағлуб ҳисоб мешавад. Ин бозӣ дар байни бачагони водии Рашту Дарвоз бо номи «будинапринг» ва дар водиҳои Ҳисору Зарафшон бо номи «будина парид» маъруф аст.

БОҒИ БОҒБОН

Навъе аз бозии халқии бачагонаи тоҷик мебошад. Иштироккунандагони «Боғи боғбон» дасти якдигарро гирифта, мисли камон паҳлуи ҳам меистанд. Ду нафар сардор дар ду тарафи нимдоира ҷой мегиранд ва як занҷирае ба вуҷуд меояд. Байни сардорҳо муколама сурат мегирад:

Сардори якум: Боғи боғбон?

Сардори дуюм: Ҷони боғбон.

Сардори якум: Ангурако пухтак?

Сардори дуюм: Ниму нимкола.

Сардори якум: Чаро саракои калонаша хўрдӣ, майдаша ба ман мондӣ?

Сардори дуюм: Дар сари санг мондам, зоғако хўрдандаш.

Сардори якум: Ку раҳи гулзор, ку раҳи хорзор?

Сардори дуюм: Ина раҳи гулзор, ина раҳи хорзор, чилингу чилинг (ҷаҳиду ҷаҳид) дар пой хор зад.

Сардори якум занҷираи бачаҳоро аз пойи худ кашида, аз зери дасти сардори дуюм ва бачаи дар паҳлуи ў буда мегузарад. Дар натиҷа шахси охир дар занҷира маҳкам шуда, пушт ба бозигарон ва дастаҳояш пеши бар ба мисли салиб ноҷунбон мемонад. Сардори якум занҷираи бачагонро аз қафои худ кашида, ба ҷойи худ бармегардад. Бозӣ идома меёбад, боз мисли дафъаи якум муколама сурат мегирад ва аз зери дасти якдигар мегузаранд ва боз яке аз онҳо дастбаста мешаванд. Ҳамин тариқ бозӣ то лаҳзае давом меёбад, ки ғайр аз сардорҳо дигар ҳамаи бозигарон дастбаста мешавад. Баъди ин сардорҳо ду тоқиро ба замин дар масофаи ду метр аз ҳамдигар мегузоранд

Онҳо қаблан байни худ машварат мекунанд, ки шартан як тоқӣ «роҳи банд» ва тоқии дигар «роҳи боз» ҳисоб шавад. Баъд сардорҳо ҳар як бозигарро аз дасташ дошта, ба назди тоқиҳо мебаранд. Бозигар яке аз тоқиҳоро интихоб карда, дар назди он меистад. Ҳамин тавр бачагон ба ду даста тақсим мешаванд. Дар охир сардорҳо гурўҳи марбут ба тоқии «роҳи боз»-ро озод (ғолиб) эълон мекунанд ва занҷираи  онҳо пароканда мешавад. Гурўҳи дигари марбут ба «роҳи банд» чанд муддат даст ба даст гирифта, занҷираро нигоҳ медорад ва мағлуб ҳисоб меёбад. Ин бозӣ  дар водии Рашту Дарвоз бо номи «Зардолупазак» ва дар Ванҷ бо номи «лаббай-лаббай» низ маъруф аст.

(Давом дорад)

Таҳияи Зӯҳро Матимова,

мутахассиси пешбари шуъбаи

кўдакон ва наврасон.