Бо бачаҳо. Бозиҳои кӯдакона. Бахши дуюм

bozihoИн китобчаро Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик соли 2020 чоп кардааст. Мураттибон як силсила бозиҳои кӯдакону наврасонро гирд овардаву дар бораи ҳар кадом мухтасар маълумот додаанд. Дар аввалсухани китоб омадааст: Бозиҳо бисёр гуногунанд. Солҳои охир бозиҳои компутерӣ низ расм шудаанд. Вале мо аз бозиҳои бачагонаи қадмаи худ асло даст кашида наметавонем. Онҳо басо содаю шавқовар буда, шарту шароити зиёд тақозо намекунанд. Аз ин сабаб ҳамеша бо моянд. Акколбозӣ, рустшавакон аз ҷумлаи бозиҳои миллии бачагонаи халқи тоҷиканд, ки дар ин китоб пекаш шудаанд.

Китоб бо кӯмаки мардуми Амрико нашр ва аз тариқи Ожонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хонандаҳо дастрас шудааст.

Тасмим гирифтем дар чанд бахш ин бозҳоро ба ёди хонандагони хурдсоламон андозем.

БУҶУЛБОЗӢ

Навъе аз бозиҳои милии қадимии тоҷикӣ, ки дар байни кўдакону наврасон маъмул мебошад. Буҷулбозӣ хосси писарбачаҳо буда, дар байни бачагони тамоми гўшаву канори Тоҷикистон паҳн шудааст ва намудҳои зиёд дорад.

Он бо буҷул-қисме аз устухони пойи гўсфанд ё буз, ки ба рақами ҳашт монанд аст, бозида мешавад. Пас аз ба замин партофта шудани буҷулҳои бозигарон, вобаста ба тарзи истодани онҳо, ки асп, хар, пукка ва чикка меноманд, яке аз бозигарон ҳуқуқи шурўъ кардани бозиро ба даст меорад ва ба нишон гирифта задани буҷули ҳарифон мекўшад. Шахси мағлуб ё буҷули худро ба ғолиб медиҳад ва ё ўро ба пушташ савор карда як масофаи кўтоҳро тай мекунад.

Дар бозии гурўҳӣ бачаҳо дар рўйи замин доираи калони қутраш тақрибан 2,5-3 м мекашанд ва дар маркази он бачаҳои бозигар яктоӣ буҷулро қатор мегузоранд. Баъди қуръапартоӣ шахси ғолиб аз масофаи муайян бо буҷулаш нишон гирифта, мехоҳад бо як зарба буҷулҳои қатористодаро аз дохили доира берун барорад. Агар буҷул аз доира берун набарояд ё бозигар хато кунад, бозигари дигар бозиро идома медиҳад ва ҳамин тавр бо навбат бозигарҳо то аз доира баровардани буҷули охирин бозиро идома медиҳанд. Дар ин бозӣ маҳорати нишонзанини бачагон хеле инкишоф меёбад.

Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ва дар байни тоҷикони Ўзбекистон тарзҳои дигари буҷулбозӣ маъмуланд. Тарзи истодани буҷулҳо ҳамчун персонажҳо ном доранд. Буҷули ҳар бозигаре, ки чика меистад, онро «дузд» номиданду «қозӣ» бо амри «подшоҳ» ўро ҷазо медод. Ҷазо чунин буд, ки «дузд» шахси ғолибро пуштора карда то ба ҷойи муайяншуда мебарад. Бо буҷулҳо дар замонҳои пеш қиморбозӣ ҳам мекардаанд. Ба шаҳодати С. Айнӣ, дар базму идҳои халқӣ, ба мисли Сайри Дарвешобод, дар қатори дигар бозию дилхушиҳо буҷулбозӣ ҳам баргузор мешудааст. Бозиҳои саққобозӣ ва чормағзбозӣ низ ба буҷулбозӣ монанд мебошанд.

ГАЧАБОЗӢ

Гачабозӣ, навъе аз бозиҳои бачагона аст. Ширкаткунандагони гачабозӣ паҳлуи ҳам истода, ҳалқае сохта, як нафарро сардор интихоб мекунанд. Барои шурўи бозӣ тугма ё сангпорае даркор аст, ки онро «гача» меноманд. Сардор дар мобайни ҳалқаи бозигарон истода, гачаро ба дасти яке аз бачагон медиҳад ва «Дастаҳо боло!» гуфта амр мекунад. Ҳама дастаҳоро боло мебардоранд. Сардор фармон медиҳад, ки дастҳояшонро сўйи пушт баранд. Бо шумориши «Як», «Ду» бачаҳо дастони худро аввал ба паҳлу ва баъд ба пушт бурда пинҳон  мекунанд. Сардор аз онҳо мепурсад, ки «Гача дар дасти кист?». Бачаҳо бо як овоз ҷавоб медиҳанд, ки «Гача дар дасти ман аст. Дар кадомин дасти ман аст?». Бачаҳо дар ин лаҳза бо ҳам зич шуда, гачаро даст ба даст мегардонанд ва кўшиш мекунанд, ки сардор дар дасти кӣ будани гачаро пай набарад. Ҳамин тариқ, бозӣ то гачаро пайдо кардани сардор давом мекунад. Нафаре, ки гачаро аз даст афтонад, аз бозӣ хориҷ мешавад. Сардор гачаро аз дасти кадом бачае, ки пайдо кунад, вай ба ҷойи сардор мегузарад ва бозӣ шурўъ мешавад.

Гачабозӣ аз саргармиҳои хуби наврасон буда, ба чобукию ҳушёрию зиракии онҳо мусоидат мекунад.

ГУЛ ЧӢ РАНГ?

Як навъ бозии бачагон аст, ки дар байни мардуми водии Рашту Дарвоз маъмул буда, одатан дар фасли тирамоҳ барпо мешавад. Бачаҳо ба ду гурўҳ тақсим шуда, каме дуртар аз ҳамдигар дар замин менишинанд. Ҳар гурўҳ сардори худро дорад. Сардорҳо берун аз гурўҳ номи ягон гулро муаммо қарор медиҳанд. Сипас, яке аз сардорҳо ба назди гурўҳаш омада мегўяд:

Ёрако, гул чӣ ранг?

Бачаҳо:

Гулҳо ба ранг.

Сардор:

Як чизи хушбўй, ки бисёр бўйи хуб дорад?

Бачаҳо кўшиш мекунанд, ки номи гулро пайдо кунанд. Агар онро ёфта натавонистанд,  он гоҳ навбат ба гурўҳи дигар мегузарад. Сардори гурўҳи дуюм низ ҳамин гунна савол медиҳад. Ниҳоят кассе аз гурўҳ ҷавоб медиҳад: «гули садбарг».

Шахси ҷавобдода аз ҷояш мехезад ва рўймолакеро гирифта, тоб дода дурра месозад ва гирди сар чарх занонида аз болои сараш ба қафо ҳаво медиҳад. Сипас чанд қадам ба пеш омада, ба замин нишаста рўяшро бо дастонаш мепўшонад. Яке аз бозигарон гурўҳи дигар дурраро аз замин бардошта, ба сардораш медиҳад ва омада чашмони бачаи нишастаро бо дастонаш аз қафо мебандад. Дурраро бо ин тарз мебаранд: «бодобод»  – бардошта ва «хокохок» – ба замин кашонида. Сардори дастаи дуюм дурраро ба пушти яке аз бозигарон пинҳон карда, ишора мекунад, ки чашмони шахси ҷавобдодаро кушоянд. Ў ба назди сардорҳо омада муколама мекунад:

Сардорҳо: Куҷо будӣ?

Бозигар: Толиқон.

Сардорҳо: Чӣ овардӣ?

Бозигар: Тўшаву талқон.

Сардорҳо: Барои кӣ?

Бозигар: Ба набераҳоям.

Сардорҳо: Набераат чӣ ном дорад?

Бозигар: Чақон, Пақон.

Сардорҳо: Чашмота кӣ қапид? Дурраро кӣ овард? Дурраро бодобод оварданд ё хокохок? Дурра дар пушти кист?

Агар бозигар ба ҳамаи ин суолҳо ҷавоби дуруст диҳад, ўро бе ҷазо озод мекунанд. Агар як қисми суолҳоро посух диҳад, бо дурра ба миқдори суолҳои наёфтааш ўро мезананд. Пас аз ин бозӣ аз навъ шурўъ мешавад.

Дар байни бачагони деҳоти Рашт бо номи «Ҷавлон-ҷавлон» бозие роиҷ аст, аммо он бозӣ бо баъзе унсурҳо аз бозии «Гул чӣ ранг?» тафовут дорад.

ОМАД –РАФТ

  Як навъ бозии бачагона мебошад, ки дар фаслҳои гармо дар майдончаҳо доир мегардад. Онро 15-20 нафар писарон ва духтарони 7-12- сола ба ду гурўҳ тақсим шуда, бозӣ мекунанд. Дастаҳо дар майдон дар масофаи 10-12 м дар муқобили ҳам менишинанд. Ба ҳар як даста як нафар сардор интихоб мекунанд. Сардорҳо ба бозигарони худ номҳои шартӣ мегузоранд, масалан, саг, гург, асп, себ, ангур, ва ғайра. Яке аз сардорҳо ба назди бозигарони дастаи ҳариф рафта, бо дастонаш чашми яке аз онҳоро мепўшонад ва номи шартии яке аз бозигарони гурўҳи худашро гирифта, даъват мекунад. Чунончи, «асп, биё» мегўяд. Бозигари номаш «асп» омада, ба сар ё китфи бачаи чашмаш пўшонидашуда оҳиста даст мерасонад ва рафта ба ҷойи худ менишинад. Сипас сардор чашми ўро мекушояд ва он бачаи чашмонаш пўшонидашуда рафта, бозигари «асп»-ро меҷўяд. Агар ўро ёфт, ҳамроҳаш гирифта ба дастаи худ меорад ва ба ў номи нав мегузоранд. Агар пайдо карда натавонад, дар қатори бозигарони дастаи ҳариф менишинад ва ба ў аз нав ном медиҳад. Ҳангоми чашми бозигарро кушодани сардор бачаҳои дигар баробар «Тапур-тапур, омад рафт» гуфтан мегиранд. Як навбат аз дастаи якум ва як навбат аз дастаи дуюм чашмони бачаҳоро мепўшонанд. Кадом дастае, ки бештар бозигарони ҳарифро ба дастаи худ меорад, ғолиб шуморида мешавад. Дар охир дастаи мағлуб дастаи ғолибро бо мева ё ширинӣ зиёфат мекунад.

Таҳияи Зӯҳро Матимова,
мутахассиси пешбари шуъбаи
кўдакон ва наврасон.