Бо бачаҳо. Чўра Ҳошимӣ: “Машқи ҳисоб”
«Машқи ҳисоб”-и шоири дӯстдоштаи бачаҳо, барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра ҳошимӣ соли 2022 чоп шудааст. Ҷӯра Ҳошимӣ яке аз шоирони сермаҳсули адабиёти кӯдак дар кишвар аст. Аз ӯ то кунун китобҳои «Соябони садранга» (1980), «Офтобак» (1986), «Ман Алифбо мехонам!» (бо ҳамқаламии А.Баҳорӣ, 1994), «Нинӣ бапо шуд» (1998), «Аз як-як то лак-лак» (2000), «Кулча чаро ширин аст?» (2000), «Ман ба куҷо медавам?» (бо забони русӣ, 2000), ««Ре» мегӯям ман бурро!» (2003), «Рӯзи нав» (2004), «Чаро шамолак вазид?» (2008), «Баччаҳову кӯчаҳо» (2008), «Мусиқии хомӯшӣ» (2012) ва ғайра ба дасти хонанда расидаанд.
Аз китоби нави шоир ин чанд шеърро интихоб кардем ва хонандагон метавонанд бо кулли ашъори ин маҷмуа дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ошно шаванд.
МЕҲМОНДЎСТ
Ояд ба хона меҳмон,
Шодон шавад Вафочон.
Гард аз рухаш фишонад,
Дар пешгаҳ нишонад.
Гирад ба гап варо гарм,
Созад даробаро гарм.
Нону мавизаш орад,
Сад гуна чизаш орад.
Шодон ба пеши меҳмон
Хоне кашад фаровон.
Аммо ба он бикўшад,
Худ хўрда, худ бинўшад.
Одам надонад осон:
Меҳмон кию кй мизбон?
ТИЛЛО КЙ, НОТИЛЛО КИСТ?
Тилло доим чун тилло:
– Ман тиллоям! – Мегўяд.
Баъзан оҳан ҳам: – Билло,
Ман тиллоям! – Мегўяд.
Аммо мардум медонанд:
Тилло кй, нотилло кист.
Аз ин ду тан кй оҳан,
Тилло низ аз инҳо кист.
Гоҳе тилло ҳам барқасд:
– Э, ман – оҳан! – Мегўяд.
Оҳан мебардорад даст:
– Не, оҳан – ман! – Мегўяд.
Мардум медонанд аммо:
Оҳан, кй нооҳан кист.
Аз ин ду тан кй тиллост,
Оҳан аз ин ду тан кист.
НАВОЗИШ
Надонам, аз кучо расад
Ба макру ҳила фаҳми ту?
Занй, ба ҳазл мезанй,
Чаро ки ҳаст раҳми ту.
Гаҳе диҳй ту дасти худ,
Гаҳе занй ба по маро.
Гаҳе ту меҳрубон шавй,
Гаҳе диҳй чазо маро.
Гаҳе парй ба тори бом,
Гаҳе парй ту бар замин.
Гаҳе чаҳй аз ин ба он,
Гаҳе чаҳй аз он ба ин.
Чй рақси шўх мекунй
Ба ёлу шоху пову даст!
Сар афканй ба ҳар тараф,
Ҳаво равй баланду паст.
Қадам занй сабук- сабук,
Назар кунй ачиб- ачиб.
Хушо ба рақси ашмакат,
Ки рақси чашмакат базеб!
Барои ман хуш аст, агар
Алаф канам барои ту.
Ба гургу рўбаҳон занад,
Бузичаам, балои ту!
БЕҲУДАГЎЙ
Дар Хардара як хар будаст,
Вай аз ҳама хартар будаст.
Дар айни тасфи офтоб
Хўрдаст аз сарчашма об,
Гуфтаст: – Обаш тар будаст!…
Таҳияи Зарина ЗИЁВУДИНОВА,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.