Бо бачаҳо. Чанд шеър аз адиби маъруф Латофат

КОКУЛОНИ МАҶНУНБЕД

Кокулони маҷнунбед

То ба замин мерасад .

Хам шуда ҳар кокулаш,

Маҳин – маҳин мерасад.

Кокулони маҷнунбед

Чун занҷирак бофтагӣ

Мисли мӯи арӯсон

Ба пушташ партофтагӣ.

Онро кӣ бофта бошад

Чун мӯякони борон?

Дасти насими чолок,

Ё дасти обшорон?

ЛОЛАИ КӮҲСОР

Бо ту хуш аст обшорон

Нағмаи шӯхи баҳор,

Бо ту хуш аст кӯҳсор,

Ҳам насими беқарор.

Лолаи кӯҳсори ман,

Лолаи кӯҳсори ман.

Шодии пиру ҷавон,

Шодии хурду калон.

Равшании офтоб,

Нағмаи оби равон. Лолаи кӯҳсори ман,

         Лолаи кӯҳсори ман.

Бо суруди марди кор,

Бо дуруду завқи кор.

Бо шукӯҳи рӯзгор

Мешукуфад лолазор.

Лолаи кӯҳсори  ман,

Лолаи кӯҳсори  ман.

Нурӣ ба ҳар хонадон,

Шавқи дили кӯдакон,

Чашмаи шеъру суруд,

Ҳусни рухи модарон.

Лолаи кӯҳсори ман,

Лолаи кӯҳсори ман.

САФОИ ОБ

Бод ларзон

Саза рақсон

Ғунча хандон,

Абр гирён –

Аз сафои оби тоза,

Аз навои оби тоза.

Боғ рангин,

Роғ рангин,

Рӯйи лола

Доғ рангин-

Аз сафои оби тоза,

Аз навои оби тоза.

Ҷӯй мушкин,

Кӯй мушкин,

Дасту рӯву

Мӯй мушкин-

Аз сафои оби тоза,

Аз навои оби тоза.

Ашки борон,

Чашмасорон,

Рудбори

Рӯзгорон –

Аз сафои оби тоза,

Аз навои оби тоза.

ОЧАДАРЁ

Сӯйи водӣ,

Дашту саҳро,

Мешитобад

Об дарё.

То хӯрад об

Тифлаки ӯ-

Лолаи тар,

Сабзаи  ҷӯ.

Бод нармак

То биёяд,

Беди маҷнун

Мӯ кушояд…

Тифли дарё

Беҳисоб аст.

Очадраё

Дар шитоб аст.

ҚОҚУИ МӮСАФЕД

Чун пари афшонӣ ту,

Бодпарешонӣ ту,

Қоқуяки сарсафед,

Қоқуяки сап-сафед.

Ё ту будӣ мӯсафед?

Ё ту шудӣ мӯсафед?

КУРТАХОЛАК

Нишин ба руйи дасти ман,

Эй куртахолак!

Ба дасти гулпарасти ман,

Эй куртахолак!

Ба болаки ту мениҳам

Зи холаки хеш,

Ба холаки ту медиҳам

Зи холаки  хеш.

Машин ба рӯи гул дигар,

Эй куртахолак!

Мачин зи гарди гул саҳар,

Эй куртахолак!

Ба дашту ҷӯ бирав,бирав,

Эй куртахолак!

Ба тори кӯҳ бирав, бирав,

Эй куртахолак!

Очаяки ту беқарор,

Эй куртахолак!

Бачаяки ту интизор,

Эй куртахолак!

БОРОНИ НАЙСОН

Борида бигзар

Тез- тез,

Борон –

Борони  ҳамал.

Аз абри найсон

Рез – рез,

То мӯякам

Ёбад амал.

Аз шонаи

Борони ту,

Мӯям

Маҳину тар шавад.

Ҳар қатраи

Тобони ту

Дар офтоб

Ахтар шавад.

БОЗОРИ АТТОР

Кӣ омаду кӣ омад?

Якта Асоҷон омад,

Аз деҳаи Сангон омад.

Хушвақту хандон омад,

Харакаш лангон омад.

Ҷангар – ҷангураш омад,

Хӯрҷини атторӣ,

Ҳама чизаш даркорӣ.

Сӯзану рангу ҳино,

Собуну атру упо,

Оиначаю шона,

Ҳалқаю даспона,

Тухми шибиту кашниз-

Ҳама чизу ҳама чиз!

Канӣ шумо, ҳо тезтар!

Духтаракони чевар!

Танга биёред, танга,

Ба риштаҳои ранга.

Руймолу тоқӣ дӯзед,

Гули ироқӣ дӯзед!

Бобо Асоҷон омад,

Бо хари лангон омад.

Чиҳо шуду чиҳо шуд?

Ҳама чизаш адо шуд.

Ҳай –ҳай,чӣ хушҳолӣ шуд,

Хӯрҷинаш холӣ шуд!

ХУШХАБАР

Шунавед як хушхабар,

Ҳабиба шудасту чевар:

Ба зочаи базебаш,

Ду рӯ мисоли себаш,

Куртаи чакан дӯхтаст,

Аз гули чаман дӯхтаст

Гулакаш танга –танга,

Тирукамони ранга

Тугмачаҳоияш қатор,

Донаи сурхи анор.

Валекин зочаҷонаш,

Зочаи меҳрубонаш,

Пӯшида куртаи нав,

«Раҳмат»нагуфт даррав.

ҚАҲРИ ШАМОЛ ФАРОМАД

Шамоли бадқаҳр омад,

Ба тарафи шаҳр омад.

Дойразаниро сар кард,

Бар ҳама ҷо хабар кард.

Омад давон Фирӯза,

Бубаст дару тиреза.

Рӯи замини пурчанг,

Сари ҳама шуд гаранг.

Сатили хола афтид,

Бечора гурба тарсид.

«Ба –а»гуён баррача

Медавад сӯи кӯча.

Аз шасти шамоли сахт

Маҷунбад  долу  дарахт.

Шамол хеле зӯр будаст.

Чун амаки Нур бур будаст.

Ман чӣ, ман қаҳрамонам,

Як бачаи калонам.

Бо калтаки зарангӣ,

Сӯи шамол равонам.

Чунон задам шамолро,

Ки тарсид ӯ ҳамоно,

Тарсиду ором шуд,

Чун кабкаки ром шуд.

ХОБ

Хоб дидаму хоб дидам,

Як хобаки боб дидам.

Паридаам ба осмон

Мисли кайҳонаврдон.

Кайҳон ҳам қариб будаст,

Хело аҷоиб будаст,

Он ҷо бисёр одамон,

Кӯчаю шаҳри калон.

Қатор – қатор магазин,

Ҳавзу моҳии рангин.

Ногоҳ муаллими мо,

Рӯ ба рӯям шуд пайдо.

Дарақ – дарақ ларзидам,

Пешпо хӯрда ғалтидам.

Аз дасти «2»-и қаҷак

Мондам ба обу арақ…

Бедор шудам якбора,

Тарсон мани бечора

Афтидаам, ҷураҷон,

Аз кати худ ба поён.

   

МАНБА: Латофат: “Шеъро”. Душанбе, 2010

Ин ва даҳҳо китоби ба ин монанду шавқоварро хонандагони метавонанд дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон бихонанд.

Таҳияи Рухшона Шарифова,

мутахасиси шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.