Бо бачаҳо. Чанд шеър аз Шоири халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ
АБРИ БОРОН
Ду қатра борон омад,
Аз абри поён омад.
-Абрак, абрак, чӣ борӣ?
Фасли тобистон омад!
Гуфто:- «Ман абри борон,
Раҳмондаи баҳорон.
Навбат ба ман наёмад,
Борам ба киштзорон».
Бобои деҳқон омад,
Аз дашти тафсон омад.
Гуфто: «Абрак, борон деҳ,
Ашкам чу марҷон омад».
Ду қатра ашки ман рехт,
Дар кўҳу дар даман рехт.
Дар кишту дар чаман рехт,
Дар домани Ватан рехт.
Ман абри нарми борон,
Раҳмондаи баҳорон…
ХОЛАИ ЗАРКОКУЛАКАМ
Қад-қади дарё биравам,
Деҳаи Боло биравам.
Хола арўс мешавад,
Тўю тамошо биравам.
Бозгўӣ
Холаи заркокулакам,
Байту таронагўякам.
Садқаи меҳрубониат,
Холаи моҳрўякам!
Домода хушрўзиша бин,
Толеъа фирўзиша бин.
Шишта бари холаи ман,
Шодию дилсўзиша бин.
Туй муборак ба шумо!
Шодӣ қаторак ба шумо!
Файзу муҳаббат оварад,
Деҳи Ҳисорак ба шумо!
Хезам агар вақти саҳар,
Ду дидаам ба сўйи дар:
Бе ту чӣ мешавад дигар,
Ҳоли мани муштаки пар?
Бозгўй
Холаи заркокулакам,
Байту таронагўякам.
Садқаи меҳрубониат,
Холаи моҳрўякам!
КИТОБИ АЛИФБО
Рўзи якуми хониш,
Меҳринисову Ромиш.
Китоби худ кушоданд,
Болои миз ниҳоданд.
Паҳлуи ҳам нишастанд
Бисёр шод гаштанд.
Гуфто: муаллими мо:
-«Нури чашмам, баччаҳо.
Аз ҳарфу расми зебо
Сар мешавад Алифбо»!
Аз муаллими доно,
Аз ин китоби хоно.
Ҳарфи бисёр омўхтем,
Асрори кор омўхтем.
Чистону таронаҳо,
Гулчини афсонаҳо.
Ҳар чӣ ки хостем мо,
Пайдо шуд аз Алифбо.
АЛЛА
Нимашаби баҳор аст,
Шир-шири ҷўйбор аст.
Дар сари кўҳ ситора,
Монанди ту бедор аст.
Алла, алла, ширинам,
Оҳуяки зарринам.
Ҳаргиз, азизаки ман,
Дарди сарат набинам.
Бихоб, эй ҷони модар,
Ному нишони модар.
Дармону қуввати дил,
Ширинзабони модар!
Алла, алла, ширинам,
Оҳуяки зарринам.
Ҳаргиз, азизаки ман,
Дарди сарат набинам.
Калон шаву доно шав,
Нури чашми бино шав.
Мисли бобоҳои мо,
Рўдакиву Сино, шав.
Алла, алла, ширинам,
Оҳуяки зарринам.
Ҳаргиз, азизаки ман,
Дарди сарат набинам.
Аз китоби “Тазкираи адабиёти бачаҳо”, қисми 2. Душанбе “Адабиёти бачагона”, соли 2015. Таҳияи Зарина Зиёвуддинова, мутахассисӣ шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.