Бо бачаҳо. Дар бораи мор дар посухи чанд суол
Ин китобча, ки бо номи “Морҳо устухон доранд…” чоп шудааст, аз ҷониби Исмоил Холматов ва Комишо Исозода таҳия шудааст. Ҳадаф маълумоти ибтидоӣ додан ба бачаҳо дар бораи морҳост. Ва муаллифон услуби ҷолиби суолу ҷавобро интихоб кардаву ба ҳар пурсиш кутоҳу фаҳмо посух додаанд.
Вақте мо ҳаракати морҳоро мебинем, гумон мекунем, ки онҳо устухон надоранд. Вале дар бадани морҳо устухонҳои зиёд мавҷуд аст. Сутунмуҳраи мор аз муҳраҳои сершумор иборат аст. Ба сутунмуҳраи мор қабуғаҳои зиёд мечаспанд. Қабурғаҳои мор ба мисли хазандагони дигар камоншакл буда, аз пушт ба шикам равона шудаанд. Косахонаи сар ва ҷоӻи мор устухони зиёд дорад.
Дар ҷангалҳои Тоҷикистон мори анаконда мавҷуд аст. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст аст! Анаконда яке аз морҳои калонтарини дунё аст. Ин мор дар ҷойҳои гарми қитъаи Амрикои Ҷанубӣ зиндагӣ мекунад. Дар ҳудуди Бразилия, Колумбия, Парагвай, Перу, Боливия ва давлатҳои гирду атрофи онҳо низ дида мешавад. Он аксаран дар об, дарёҳои сустҷараён ва ботлоқҳо зиндагӣ мекунад. Гоҳо ба соҳил ё танаи дарахтони назди об баромада тани худро офтоб медиҳанд.
Морҳо аввал пой доштанд. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст! Олимон исбот кардаанд, ки насли морҳо дар замонҳои қадими пой доштанд. Онҳо ба воситаи пой ҳаракат мекаданд. Аммо дар тўли таърих пойҳои онҳо нест шудаанд. Морҳои ҳозира хазида роҳ мераванд Лекин дар зери шиками баъзе аз морҳо нишони пойҳоро мушоҳида кардан мумкин аст.
Забони душохаи мор барои қайҷӣ кардан аст. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст аст! Забони мор душоха аст. Узви биноӣ ва шунавоии мор заиф аст. Вай маълумотро ба воситаи ҳар ду шохаи забонаш мегирад. Мор бо забонаш наздик шудани ҷисм ва ё мазаи онро муайян мекунад. Бо ёрии забонаш ҳамҷинсонашро мешиносад. Морҳо ҳангоми шикор забонашонро аз дахон берун бароварда, бозӣ медоронанд. Паранда ё ҳашарот гумон мекунад, ки он кирм аст. Барои доштанаш ба сўӣи мори беҳаракат меравад. Дар натиҷа туъмаи мор мешавад.
Морҳо пусти худро иваз мекунанд. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст! Морҳо пўсти худро иваз мекунанд. Иваз кардани пўстро морҳо раванди пўстпартоӣ меноманд. Морҳо бо сабаби нав кардани пўсти фарсудашуда ва тоза кардани сатҳи болоии бадан пўсти худро мепартоянд. Аммо гумон накунед, ки бадани мор баъд аз пўстпартоӣ луч мешавад. Пеш аз партофтани пўст, аз зери пўсти кўҳна аввал пўсти нав ба вуҷуд меояд. Мор ҳар сол як бор пўст мепартояд ва баъди ин як нуқта дар қафояш пайдо мешавад. Адади нуқтаҳои чандсола будани морро нишон медиҳад.
Мори обӣ берун аз об мемирад. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст аст! Дарозиии мори обӣ 120 сантиметр буда, вазнаш ба 250 грамм мерасад. Мори обӣ мисли хазандагони хушкигард ба воситаи шуш нафас мегирад. Ҳангоми аз об берун шудан, вай озодона нафас мегирад ва намемирад.Ҷойи зисти мори обӣ алафзори соҳили дарёҳо,кўлҳо,чашмаҳо,шолизор мебошад. Дар байни сангҳо,решаву кундаи дарахтон,буттаҳои лаби об ва ҳатто дар хонаҳои мушҳо худро аз душман пинҳон мекунад. Бо сабаби бисёртар дар дохили об буданаш онро мори обӣ номидаанд.
Мор ғизояшро нохоида фурў мебарад. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст. Морҳо дандони хоянда надоранд. Дандоне, ки дар пеши даҳони мор мавҷуд аст, вазифаи заҳр задан ва доштани туъмаро иҷро мекунад. Мор бо дандонаш ҳатто порае аз туъмаи худро канда гирифта наметавонад. Дандонҳои дар ҷоғҳои поёну боло буда вазифаи доштану ба сурхрўда тела додани ғизоро иҷро мекунанд. Бинобар ин морҳо ғизои худро яклухт фурў мебаранд. Ҳангоми фурў бурдани ғизо даҳони морҳо хеле калон кушода мешаванд.
Кўрмор чашм надорад. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст аст. Андозаи кўрмор аз морҳои дигар хурдтар аст. Ин мор бо шакл ва ранги танааш ба кирм лойхўрак монанд аст. Дарози танааш то 30 сантиметр ва вазнаш то ба 10 грамм мерасад. Ин мор ба мисли кирми лойхўрак дар қабатҳои хок зиндагиӣ мекунад. Вай асосан мўрча ва тухми онҳоро мехўрад. Кўрмор ду чашм дорад. Онҳо дар ду паҳлуи сараш ҷойгир шудаанд. Чашмони вай хеле хурд буда, ба мисли ду нуқтаи сиёҳ мебошад. Аз ин сабаб одамон онро кўрмор меноманд.
Мор сайди худро бо роҳи афсун кардан ба даст меорад. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст аст. Мор, вақте ба сайди худ наздик мешавад, ҳаракат намекунад. Аммо забони худро зуд–зуд ба берун мебарорад. Қурбоққаҳо, калтакалосҳо, парандаҳо забони морро кирм ё ҳашарот гумон мекунанд. Онҳо забони бозигари морро дида, ҷисми беҳаракати онро ҳис намекунанд. Барои дастрас кардани “кирм” ба тарафи даҳони мор ҳаракат мекунанд ва туъмаи он мешавад. Мушҳо ва заргўшҳо ҳангоми наздикшаваии мор барои ошкор нашуданашон беҳаракат меистанд. Одамон ин ҳолатҳоро дида, фикр мекунанд, ки мор сайди худро афсун кардааст.
Ҳамаи морҳо ҳайвони дарандаанд. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст! Морҳо тарзи зисти дарандагӣ доранд. Дар байни онҳо намуди алафхўр, тухми мева ё решаи рустанихўр дида намешавад. Морҳо туъмаашонро асосан бо роҳи шикор ба даст меорад. Онҳо ҳашарот, моҳӣ, қурбоққа, муш, паранда ва тухми онҳоро мехўранд. Баъзе морҳои калон дар Аафриқо ва Амрико ҳатто метавонанд бузу гўсфандони майдаро низ фурў баранд. Баъзе морҳо дигарро низ мехўранд.
Тирмор парвоз мекунад. Дурус аст ё нодуруст?
Нодуруст аст. Дарозии тирмор ба 80-90 сантиметр ва вазнаш ба 50-90 грамм баробар аст. Бадани ин мор ниҳоят борику қавӣ мебошад. Ин намуди мор хели зуд ҳаракат мекунад. Тирмор парвоз карда наметавонад. Аммо ҳангоми ҳаракат баъзан ба баландии то 30-40 сантиметр ба боло мепарад. Одамон барои ҷаҳиданаш онро тирмор номидаанд.
Мор ҳангоми шунидани садои най ба рақс меояд. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст. Дар баъзе кишварҳо одамон барои ба даст овардани пул даҳони халати мордоштаро кушода най менавозанд. Мор барои аз халта ба берун баромадан ҳаракат мекунад. Найнавоз сари найи худро ба мор наздик мебарад. Мор аз хавфи ҳуҷум баробари ҷунбиши нўги най ҳаракат мекунад. Бинобар ин ба назар мерасад, ки мор гуё рақс карда истода бошад.
Морҳо дар фасли зимистон хоб меравад. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст! Морҳо хазандагони сардхунанд. Яъне, ҳарорати бадани онҳо ба муҳити беруна вобаста аст. Агар ҳарорати ҳаво гарм бошад, бадани онҳо гарм ва сард бошад, он хунук мешавад. Барои ҳамин морҳо дар зимистон хоб мераванд. Онҳо дар ғорҳо, тарқиши дарахтон шохҳо,зери бом ва деворҳо кафидаи биноҳои кўҳна ҷойи зимистонгузаронӣ пайдо мекунанд.
Морҳо заминларзаро ҳис мекунанд. Дуруст аст ё нодуруст!
Дуруст аст. Морҳо заминларзаро пешакӣ ҳис мекунанд. Морҳо қобилият доранд ҳангоми заминларза серҳаракат шаванд. Чанд рўз пеш ҷойи зисти худро тарк мекунанд ва аз сўрохиҳо ба берун мебароянд. Ҳатто дар ҳавои сард онҳо ба ҷойи кушод меравад.
Морҳо барои худ хона месозанд. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст аст! Морҳо барои худ хона сохта наметавонанд. Онҳо қобилияти сўрох кардани замин ва ҷамъоварӣ намудани ашёро барои сохтани лона надоранд. Морҳо дар тарқиши девору шохҳо, ковокии тана ва решаи дарахтон, зери сангҳо зиндагӣ мекунанд. Баъзе морҳо хонаи муш ва каламушҳоро соҳибӣ мекунанд.
Ҳамаи морҳо заҳр доранд. Дуруст аст ё нодуруст?
Нодуруст аст! Агарчи морҳо хазандаи дарандаанд, ба ҳисоби миёна, танҳо аз чор як ҳиссаи морҳо заҳр доранд. Масалан, аз 16 намуди море, ки дар Ҷумҳуририи Тоҷикистон мавҷуд аст, ҳамагӣ чор намудаш заҳрноканд. Морҳо заҳри худро барои муҳофизат ва ба даст овардани ғизо истифода мебаранд. Аксари морҳо бе истифода бурдани заҳр низ, туъмаи худро ба даст меоранд.
Дар баъзе мамлакатҳо морро ҳамчун ғизо истифода мебаранд. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст! Дар бисёр мамлакатҳо одамон морро ҳамчун ғизо истеъмол мекунанд. Масалан, Чин, Ветнам, Тайланд, Малайзия, давлатхои Амрикои Ҷанубӣ, Австралия, баъзе кишварҳои Африқо ва ғайра. Дар тарабхонаҳои Аврупоӣ низ баъзе ғизоҳо аз гўшти мор омода карда мешаванд. Гўшти мори заҳрнокро низ истеъмол кардан мумкин аст.
Аз заҳри мор ҳар гуна дору таёр мекунанд. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст! Хусусияти табобатӣ доштани заҳри мор аз замонҳои қадим ба инсон маълум аст. Одамон аз заҳри мор ҳар гуна дору ва марҳамҳои табобатӣ таёр мекунанд. Пештар одамон морҳоро дошта, заҳрашонро кашида мегирифтанд. Ҳоло барои ба даст овардани заҳри мор ҷойҳои махсус мавҷуд аст. Дар чунин ҷойҳо морҳо парвариш карда мешавад ва аз онҳо барои дорувор заҳр мегиранд.
Баъзе морҳоро ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардаанд. Дуруст аст ё нодуруст?
Дуруст аст! Ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайвонот ва рустаниҳои нодиру камшумор дохил карда мешаванд. Дар Тоҷикистон морҳои нодир ва камшумор низ вуҷуд доранд. Нуҳ намуди мор ба ин китоб дохил карда шудааст. Сабаби асосии камшавии морҳо тағйирёбии муҳити зист ва аз ҷониби инсон нест карда шудани онҳо мебошад. Кўрмор, мори холдор, чипор, кубро, гурза, афъӣ ва ғайра аз ҷумлаи морҳои нодир мебошанд. Ба онҳо бояд ғамхорона муносибат кард.
Таҳияи мутахассиси шуъбаи адабиёти
кўдакон ва наврасон Умеда МАЪРУФОВА