Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Биёбонҳо

Биёбонҳо наздики 33 дарсади хушкии рўйи оламро ишғол менамоянд. Миқдори ҳарсолаи боришот дар биёбонҳо аз 250 мм зиёд намешавад, дар баъзе биёбонҳо чанд сол комилан борон намеборад. Биёбонҳо ҷойи аз ҳама хушки Замин ва бисёр вақт ҷойи сершамолтарин мебошанд. Дар чунин шароит танҳо баъзе рустаниҳо нашъунамо карда метавонанд.

Дар баъзе биёбонҳо ҳаво то 50С ва хок то 70–80 С гарм мешавад. Вале дар болои биёбонҳо тақрибан абре нест, ки афканишоти гармии Заминро боз дорад, бинобар ин шабона сатҳи он зуд хунук мешаванд. Фарқи байни ҳарорати рўзона ва шабонаи қисмати шарқии биёбони Саҳрои Кабир ба 45С мерасад. Иқлими биёбони Гоби бештар муътадил аст.

Бузургтарин биёбонҳо кадоманд?

Дар рўйи Замин се биёбони аз ҳама бузургтарин мавҷуд аст-Саҳрои Кабир, наздики 1/3 ҳудуди Африқоро ишғол мекунад, масоҳати он қариб 8,6 млн км аст. Масоҳати биёбони Нимҷазираи Арабистон (Неруди Бузург ва Хурд, Рубъ-ул-Холӣ ва ғайра) ва биёбони Гоби мувофиқан 2,3 ва 1,2 млн км мебошад. Қисми зиёди Худуди Австралияро низ биёбонҳо ишғол кардаанд.

ОЁ ДАР БИЁБОН ОДАМОН ЗИНДАГӢ КАРДА МЕТАВОНАНД?

Дар биёбонҳо асосан кўчманчиён-чорводорене, ки дар ҷустуҷўи чарогоҳ ва манбаъҳои об аз як ҷо ба ҷойи дигар кўч мебанданд, зиндагӣ мекунанд. Қароргоҳҳои доимӣ фақат дар воҳаҳо мавҷуданд. Вале дар замони мо одамон худашон ташкил кардани воҳаҳоро ёд гирифтаанд, бинобар ин баъзе заминҳои биёбонӣ обёрӣ ва ба шароити зиндагӣ мутобиқ карда шудаанд.

ВОҲА (ОАЗИС) чист?

Биёбонҳо хушктарин ҳудуд дар сайёра мебошад. Воҳа–ин қитъаи начандон калони замини ҳосилхез дар биёбон аст, ки дар он ҷо обҳои зеризаминӣ ба сатҳи замин мебароянд. Бисёр воҳаҳо табиӣ пайдо шудаанд, вале, агар обҳои зеризаминиро ба рўйи замин барорем, онҳоро ба таври сунъӣ ба вуҷуд овардан мумкин аст. Олами набототи воҳа ғанӣ аст. Дар дигар қисматҳои биёбон бисёр рустаниҳо муддати зиёд дар интизори боронанд.

ДАР БИЁБОН ЧӢ ТАВР ЗИНДАГӢ МЕКУНАНД?

Бисёр бошандагони биёбон, ба монанди рўбоҳ, товушқон, койота (шағол) тарзи зиндагии шабонаро ба сар мебаранд. Баъзеи онҳо аз ҳисоби захираи чарбу метавонанд муддати зиёд бе об зиндагӣ кунанд, масалан шутур ва калтакалос. Решаи рустаниҳои биёбонӣ ё хеле амиқ (барои расидан то қабатҳои обдори хок) ё сатҳии паҳн (барои зуд ҷабидани шабнам ё оби борон) аст. Баргҳои хурду зичи онҳо ё баргҳо-хорҳо намиро кам бухор мекунанд.

ХОМАҲОИ РЕГӢ ВА ТАЛҲОИ РЕГИ РАВОН ЧӢ ТАВР ПАЙДО МЕШАВАНД?

Хомаҳои регро бодҳо (шамолҳо)–и вазанда ба вуҷуд меоранд. Рег дар доманаи нишебии шамолраси хома ҷамъ шуда, аз теға бо нишебии шамолпаноҳ ба поён фурў мерезад. Ҳамин тавр реги равон аз рўйи самти шамол ҳаракат мекунад. Буттаҳо ё сангҳо ба ҳаракати рег монеъ мешаванд. Реги равон атрофи хомаро печонда, тали регии ба самти шамол тўлкашидаро ба вуҷуд меоварад. Дар натиҷа хомаҳои регии досмонанд пайдо мешаванд.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Хоҳишмандон ин китобро метавонанд дар толори хониши хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд, воқеъ дар ошёнаи якуми Китобхонаи миллӣ бихонанд.

Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони
имконияташон маҳдуд.