Бо бачаҳо. Донистаниҳо аз ҷуғрофия. Кўлҳои Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон тақрибан 2000 кўл мавҷуд аст. Аксарияти кўлҳо ҳавзаҳое мебошанд, ки сатҳи обашон камтар аз 1 км мураббаъ мебошад. Шумораи асосии кўлҳо (79 дарсад) дар минтақаҳои кўҳистони Помиру Олой, дар фосилаи баландиҳои 3500–5000 м ҷойгир шудаанд.

Оби қариб ҳамаи кўлҳои Тоҷикистон ширин буда, Искандаркўл ва Сарез манбаи фаровони оби нўшокӣ ба шумор мераванд. Кӯлеро, ки аз он дарё ҷорӣ намешавад, кўли сарбаста меноманд. Дар Тоҷикистон кўлҳои равон бисёранд, аз ҷумла Зоркўл Яшилкул, Сарез ва Искандаркўл кўлҳое мебошанд, ки ба ҳар яки онҳо якчанд дарё рехта, аз онҳо як дарё ибтидо мегирад. Қароқўл аз ҷумлаи кўлҳои сарбаста аст.

Ҳафткўл иборат аз 7 кўл мебошад: Марғузор, Миҷгон, Ҳушёр, Ҳазорчашма, Соя, Хурдак ва Нофин. Он яке аз назарработарин кӯлҳои Тоҷикистон буда, дар баландии 2139 м воқеъ мебошад ва майдони сатҳи обаш 1,2 км, обаш ширин аст.

Искандаркўл яке аз зеботарин кўлҳои Тоҷикистон буда. Оби ширин дорад. Ба Искандаркўл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш ва Саримаву чандин чашмаҳо мерезанд ва оби фаровони Искандаркўл ба дарёи Зарафшон ҷорӣ мешавад. Аз сабаби манзараи зебову иқлими мусоид доштанаш ба Искандаркўл сайёҳони бисёр меоянд. Майдони сатҳи оби он 3,41 км буда, тўлаш 3,3 км аст. Умқи кўл 2 м буда, дар баландии 2195 м воқеъ аст.

Кўли Калон дар нишебии шимолии қаторкўҳи Зарафшон, дар ҳудуди ноҳияи Панҷакент (деҳаи Чимтарға) дар баландии 2382 м ҷойгир шудааст, бараш 400 метр ва умқаш 2,4 м аст. Ба Кўли Калон ду дарёчаи хурд рехта, аз он дарёи Уреҷ ҷорӣ мешавад. Аз назди Кўли Калон пайроҳаи сайёҳӣ аз Панҷакент ба Искандаркўл мегузарад. Дар наздикии Кўли Калон боз ҳафт кўли хурд (Коҷар, Сиёҳ ё Хунӣ, Молшў, Бибиҷонак, Сафедак ва ғ.) ҳаст. Дар Кўли Калон моҳиҳои гуногун (бештар ширмоҳӣ) мавҷуданд.

Кўли Сарез чӣгуна пайдо шудааст?

Кўли Сарез дар ҳудуди ноҳияҳои Рўшон ва Мурғоби Бадахшон воқеъ аст. Он дар қисмати поёнии дарёи Мурғоб, қаторкўҳҳои Аличури Шимолӣ ва Музкўл дар баландии 3260 м ҷойгир буда, масоҳати сатҳаш 79,4 км, тўлаш 55,8 км мебошад.

Ин кўл соли 1911бар асари канда шудани кўҳ ва бо кўҳпораҳои ҳаҷмашон зиёда аз 5 млн м банд шудани дарёи Мурғоб пайдо шудааст. Дар натиҷаи ин офати табиӣ деҳаи Усой зери кўҳпораҳо монд. Оби дарёи Мурғоб тадриҷан ҷамъ шуда, аз кўҳҳтепа ҳам баланд шуда гузашт ва деҳаи Сарез, ки 18 км болотар аз Усой воқеъ гардида буд, зери об монда кўли Сарез ба вуҷуд омад.

Ба тарафи кўли Сарез танҳо ду пайроҳаи пиёдагард мавҷуданд. Ба он ҷо бештар бо чархбол рафтуомекунанд. Ҳоло кўли Сарез 17 километри мукааб об дорад ва аз сатҳи баҳр баландтарин кўл дар ҷаҳон аст.

Дарёҳо (рӯдҳо)

Дарё, шохаи оби равонест, ки аз чанди ҷўйу сарҷўй якҷоя шуда, маҷрои табиӣ дорад ва манбаи асосиаш барфу борон аст. Обҳо асосан аз куҷо ҷорӣ мешаванд? Саргаҳи баъзе дарёҳо аз чашмаҳо ибтидо мегиранд, як қисми дигарашон аз пиряхҳои баландкўҳ, барфу тармаи қуллаи кўҳҳо, яхпораҳои обшаванда, обҳои зеризаминӣ ва аз кўлҳои бузург ҷорӣ мешаванд. Аз ҷумла дарёҳои бузурги Тоҷикистон аз пиряхҳо ибтидо мегиранд.

Дарозтарин ва серобтарин дарёи олам кадом аст?

Дарёи аз ҳама дарозтарини олам Нил дар Африқо мебошад. Он ҳатто аз кайҳон намудор аст. Дарозии дарёи Нил 6695 км, яъне аз кўли Виктория то резишгоҳи он – баҳри Миёназамин мерасад. Дарёҳо на танҳо барои пайдоиши манзараҳо ва соҳилҳои сарсабз мусоидат мекунанд, балки барои инсоният ғановати табиии муҳим–сарчашмаи оби нўшокӣ, манбаи обёрӣ ва парвариши зироату намудҳои гуногуни моҳиҳо низ мебошанд. Дарёи аз ҳама пуробтарини дунё Амазон дар Амрикои Ҷанубӣ мебошад.

Шоҳоби дарё чист?

Шоҳоб ин дарёчаи хурд буда, ба дарёҳои калон рафта мерезад. Агар оби дарё бевосита ба кўл, баҳр ё уқёнус нарехта, ба дарёи дигар ҳамроҳ шавад, онро шоҳоб меноманд.

Дарёи Ому

Дарёи Ому (Аму, Ҷаҳун), бузургтарин дарё дар Осиёи Марказӣ буда, дар қисми болообаш Тоҷикистону Ўзбекистонро аз Афғонистон ҷудо мекунад. Дар китоби Авесто бо номи Дойтиё маълум аст, ки дар Арияна Ваеҷа ҷорӣ мешавад.

Омударё ба баҳри Арал меразад. Дарозиаш 1415 км, аз саргаҳи Панҷ ва Вахш аст. Шохобҳои асосиаш–Вахш, Кофарниҳон, Сурхондарё ва Сурхон, Қундуздарё ва Кўкча. Оби дарёи Ому тира буда, поёнобаш ях мебандад.

Дар Ому моҳӣ бисёр аст: лаққамоҳӣ, хормоҳӣ, белбинӣ, зағорамоҳӣ ва ғайра. Аз оби Ому заминаҳои заминҳои Тоҷикистон, Ўзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон обёрӣ мешаванд. Ому аҳаммияти нақлиётӣ низ дорад. Аз Тирмиз то поёноби дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Прён ҳаракат карда метавонад.

Аз китоби “Ҷуғрофия” (Донишнома).

Таҳияи Ситора Расулова,
шуъбаи хизматрасони ба шахсони
имконияташон маҳдуд.