Бо бачаҳо. Дурдонаи Зафар: “Меҳмони шаҳрӣ”

Меҳмони шаҳрӣВақти мактабхонӣ шеърҳои устодони бузург Мирсаид Миршакар, Аминҷон Шукӯҳӣ ва Гулчеҳра Сулаймониро зиёд мехондаму азёд мекардам. Меҳри шеър сахт дар дилам ҷой дошт.

Баъд нахустин шеъри худро барои кӯдакон навиштам. Чи тавре мебинед, имрӯз ҳам барои шумо шеъру афсона менависам.

Ин китоби дуюми шеърҳоямро, ки “Меҳмони шаҳрӣ” ном дорад, ба шумо манзур сохта бисёр мехостам писандатон ояд. Хеле шод мешудам.

Шеър пайвандгари тавоност, дунёи зебои маънавии моро пайванд медиҳад.

Дурдонаи Шумо!

МЕҲМОНИ ШАҲРӢ

Парид ногоҳ,

Тоқии бобо,

Мисли бодбарак

Ба тори ҳаво!

Аз токча ғелид,

Кӯзаи момо,

Аз гарданаш шуд

Дастааш ҷудо.

Фиғон кашида,

Гурбача зад хез,

Кабӯтар парид,

Сагча дар гурез.

Усто наёбад,

Тешаю анбӯр.

Калӯшу ҷорӯб,

Даруни танӯр.

Чӣ шуд? Ин чӣ гап?

Мусича ҳайрон.

Аз шаҳр омад

Шевоча меҳмон!

МЕВАБОРОН

Рӯи дастархон,

Мева фаровон.

Себаки банур,

Хӯшаи ангур.

Шафтолуи пок,

Хушмазза ҳар нок.

Бӯйи гули ёс,

Дар бӯи гелос.

Ин меваборон,

Ҳам шодии он.

Як рӯзакак буд,

Дар рӯзи мавлуд!

Меҳмони шаҳрӣАККАДУМДАРОЗ

Аккадумдароз,

Аккадумдароз!

Медонӣ чаро

Думакат дароз?

Барои он ки

Чун ҳавопаймо,

Маро шинонӣ

Парӣ ба само.

Барӣ ба деҳа

Хонаи бобам,

Фарорӣ маро

Ба рӯяки бом.

Бар шодиёна

Дидӣ, ки бобом

Медиҳад ба ту

Як халта бодом!

АҶОИБОТ

–Алло! Дорухона?

–Не-не! Орухона!

–Алло! Дору доред?

–Не-не! Ору доред?

Ё тавба дорухона

Кай боз орухона?

 

 

КУРСИЧАИ МАН

Курсичаро саворам,

Савори беозорам

Офтобак ояд пешам,

Гуяд:–Чи хелӣ хешам?!

Шамол мекунад сила:

–Духтари муйҷингила!

 

Курсичаро саворам,

Савори беозорам.

–Тӯбам афтид дар кӯлмак

Расонед ба ман кӯмак!

Яку дую сею чор,

Курсича тӯбро барор!

 

Курсичаро саворам,

Савори беозорам,

Курсичаи гапдаро,

Мебарадам ҳар куҷо

Сайру тамошо ҳолам,

Бо курсичам меболам!

БОРОНИ БАҲОР

Борон борад

Сим-сим,

Нағмаякаш

Зим-зим.

Форам резад

Рӯйи гул,

Пошад ҳар сӯ

Бӯйи гул.

Долу дарахту

Бутта

Аз ӯ шавад

Олуфта.

САНГПУШТАК

Сангпуштам ман, сангпуштам,

Хонаи ман дар пуштам!

Ҳаргиз надорам шитоб,

Кай хоҳам, мекунам хоб.

Мехӯрам гулу  гиёҳ,

Мегардам қад-қади роҳ.

Раҳ меравам оҳиста

Ҳар ҷо, ки сабза руста.

Бо ин гаштугузорам,

Сайёҳи беозорам!

БЕДОНА

Бедона хонад “пит-пилиқ”,

Мошони ман ҳайрону зиқ,

“Эй ҷӯра, мехонӣ хато,

Пур аз ғалат ҳарфу ҳиҷо.

Хоҳӣ диҳам ёдат, шунав,

Бояд, ки хонӣ ту: “Ми-яв-в!”.

ХОМӮШАК

Гирди сарам мезад чарх

Хомӯшаки поборик,

Шояд, ки маро мекофт

Дар хоначаи торик.

Сарамро таги кӯрпа

Зуд кашидам беовоз,

Хомӯшак маро гум кард,

Ғингос мезаду халос.

Таҳияи Фарида Дониёрова,
мутахассиси пешбари
шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон.