Бо бачаҳо. Дӯстони ҷонӣ, нонӣ ва забонӣ

Дӯстони ҷонӣБуд, набуд, савдогаре буд, бою бадавлат буд. Писаре дошт ҷавони зиндадили ҷўрабоз. Рўзе писар пеши падар нишасту аз ў пурсид:

– Падари бузургворам, мебинам, ки шумо фақат ду-се нафар дўст дореду халос, марҳамат карда гўед, барои чӣ ин қадар кам?

Падараш гуфт:

–  Дўсти ҳақиқӣ ҳамин қадар мешавад. Аз ду-се нафар зиёд намешаванд. Писараш бовар накарда пурсид:

–  Ин хел бошад, барои чӣ «сад дўст каму як душман зиёд» гуфтаанд?

Падараш гуфт:

Дуруст, дўст ҳар чӣ қадар зиёд бошад, ҳамон қадар беҳтар, лекин писарам, на ҳар кас, ки мо дўст гумон мекунем, метавонад дўсти ҳақиқӣ бошад.

Писар худро таъриф кард:

Алҳол ман чил нафар ҷўра дорам, ҳамааш дўстони ҷонӣ.

Падараш пурсид:

  – Писарам, ту медонӣ дўсти ҷонӣ чӣ маъно дорад?

Писар гуфт:

Медонам, падар. Дўсти ҷонӣ агар лозим шавад, ҷонашро барои дўст дареғ намедорад.

Падар боз пурсид:

Ту бовар дорӣ, ки ҳамаи ҳамон чил ҷўраат дўсти ҷонианд?

Бовар дорам!- гуфт писар.

Падар ба ў маслиҳат дод:

Санҷида бин, писарам ва барои худ муайян кун, ки аз он чил нафар кадоме дўсти ҷонию кадоме дўсти забонист.

Писар ба фикр рафт ва рўзи дигар аввали шаб ба хонаи яке аз дўстонаш рафта, дарвозаи ҳавлии ўро тақ- тақ зад. Дўсташ баромад, писари савдогар аспашро, ки як ҷувол бор болояш буд, нишон дода гуфт:

  – Дўсти азизам, ман як душмани қаттол доштам, аз дасти ў ҷонам дар хатар буд, маҷбур шудам ўро бикушам. Ана ҷасадаш дар болои асп, ба ман ёрӣ деҳ, онро нест кунам, то касе нафаҳмад,ки ман даст ба куштор задаам.

Дўсташ ҳарросид:

Ҷўраи ҷон, илтиҷо мекунам,- гуфт ў, ман, худат медонӣ, зану фарзанд, падару модари пир дорам, ба ин кори хавфнок ҳамроҳ шуданам хатост.

Писари савдогар аз сию ҳашт ҷўрааш ба ҳамин монанд ҷавоб шунид, фақат ду нафар, яке беҷуръатона ва дигаре бо ҷуръати тамом розӣ шуд, дарвозаи ҳавлиашро калон кушода, аз ҷилави аспи ҷўрааш гирифта фармуд:

Ҷўраҷон, даро ба ҳавлӣ, мо ҳозир ҷасади ин душмани ҷонатро зери хок мекунем, на пай мемонаду на ҳайдар, ягон ҷондоре хабардор намешавад.

Ба ҳавлӣ даромаданд, бори хунолудро аз болои асп фароварданд, соҳиби ҳавлӣ аз паи каланд рафтанӣ шуда буд, ки писари савдогар гуфт:

  – Биё, аввал ҷасадро берун кашем.

Ҷасадро берун кашиданд.

Соҳиби ҳавлӣ тўши гўсфанди сарбуридаро дида ҳайрон шуда гуфт:

– Ин кори ту чӣ маъно дорад? Чаро ба ман дурўғ гуфтӣ? Магар дўст ба дўст дурўғ мегўяд?!

Писари савдогар гуфт, ки мехост бо ин тадбир чих ел дўст будани ҷўраашро бисанҷад.

– Маълум мешавад, ки ту дўсти ҷонӣ будаӣ,- гуфт ў ба ҷўрааш,- барои ман ҷонатро ба хатар мононданӣ шудӣ. Ман ҳам, агар ба ҷои ту мебудам, ҳамин хел мекардам.

Баъд дўстҳои ҷонӣ гўсфандро пўст канданду як деги калон шўрбо андохта, дастархон оростанд ва он сию ҳашт нафар ҷўраашонро даъват карда, ба он сию ҳашт нафар асли воқеаро гуфта доданд. Он сию ҳашт нафар фаҳмиданд, ки кадоме дўсти ҷонисту кадоме дўсти нонӣ ва чӣ касе дўсти забонист.

Сипас писари савдогар пеши падараш омада, гуфт:

Эй падар, ҳақ ба ҷониби шумост, на ҳар кас, ки ту дўсти ба ҷон баробар мепиндорӣ дар воқеъ метавонад дўсти ба ҷон баробар бошад.

Писари савдогар то он рўзе, ки дар қайди ҳаёт буд, бо он ду нафар унс гирифт ва аз файзу баракати дўстӣ баҳраҳо бардошт.

 

ФАЙЗИ  ҲУРМАТИ  НОН

    Буд, набуд, як марде буд, хоксору меҳнатдўст ва одию гапдаро. Вай бо меҳнати ҳалоли худ рўз мегузаронд. Кору бораш фақат деҳқонӣ буд. Ғалла кошта ҳосили фаровон мебардошт.

Деҳқон як хислати хубе дошт. Нонро бисёр ҳурмат мекард. Нонро дар дастурхон ба қадри даркорӣ шикаста мемонд. Ба дигарон ҳам таъкид менамуд,ки нонро бисёр пора накунанд. Барои ҳурматаш нонро мудом дудаста доранд.

Вай ҳангоми хўрокхўрӣ аз дастурхон аввал нонрезаҳоро чида мехўрд. Пеш аз хестан аз сари дастархон албатта рўи нонро мепўшонд. Ё дастархонро печонда ба баландӣ мегузошт. Хулоса, ў нонро ниҳоят ҳурмат мекард.

Он марди деҳқон дар вақти кишту кор ҳам намегузошт, ки ягон дона гандум дар рўи роҳ афтад ва зери по шавад. Кўшиш мекард, ки тухмӣ дар замини шудгор афтад ва сабзида барояд. Барои ҳамин ҳам ў аз ҳар парчаи замине, ки ғалла мекошт, ҳосили ниҳоят фаровон мебардошт.

Деҳқон аз меҳнати софу ҳалолаш сол аз сол бою бадавлат мешуд. Ҳарчанд, ки ба хешу табор, ҳамсояҳо ва камбағалон тўҳфаҳо медод, анборҳояшон пури ғалла, оғилҳояш пури мол ва боғу роғаш аз мева фаровон мешуд. Як чиз ўро ҳамеша дар ташвиш меандохт: мабодо бой шуда равад. Охир вай бойҳои муштзўрро бисёр бад мебинад.

Ба ҳамин андеша ў рўзе ба назди хирадманде омад ва аз ў илтимос кард, ки барои зиёд нашудани молаш ба ў тадбире андешад.

Хирадманд гуфт:

   – Саворӣ дорӣ!

   – Ҳо аспи хуб дорам,– ҷавоб дод деҳқон.

Асп, ки дошта бошӣ, ба он савор шаву як порча нонро то ба сари корат хўрда рав. Пас аз чанде ба назди ман биё, сонӣ чорае андешида, ба ту мегўям,- гуфт хирадманд.

Деҳқон рўзи дигар гуфтаи хирадмандро ба ҷо овард. Ба болои асп нишаста нонхўрон ба сари замин рафт. Ҳар як нонрезаеро, ки дар вақти газидани нон ба замин меафтид, аз болои асп фаромада кофта мегирифт ва ба чашмонаш молида, тоза карда мехўрд. Пас аз он ба асп савор мешуд. Вақте ки деҳқон ба сари марзаи сералаф расид, аз дасташ нонрезае ба замин афтида дар байни алафҳо нопадид шуд. Деҳқон аз асп фаромада, ҳарчанд, ки нонро кофт, ёфта натавонист. Вай бо каланд ба атрофи он нонреза марза бардошт, то ки ба болои нонреза касе ё ҳайвоне набарояд ва зери по накунад.

Деҳқон ба ҳавлиаш баргашт. Зиндагониаш торафт беҳтар, чизу чорааш фаровонтар шудан гирифт. Дар анбораш дигар ҷои холӣ намонд. Меваҳои боғаш бо фурўхтан тамом намешуд. Ў боз ба назди хирадманд омад. Хирадманд аз деҳқон пурсид, ки фармудаашро иҷро кардааст, ё не. Деҳқон ҳамаи саргузашташро гуфта дод. Хирадманд табассум кард ва ба деҳқон рў оварда гуфт:

Ту, бародар, асло хор намешавӣ. Барои он ки нонро бисёр азиз медорӣ ва онро ҳурмат мекунӣ. Боиси афзудани давлати ту файзи ҳурмати нон аст. Ҳар касе, ки нонро ҳурмат мекунад, ба ҳавлиаш файзу баракат меборад. Агар хоҳӣ, ки бойи калон нашавӣ, ҳосили меҳнати ҳалолатро бо ёру дўстонат бо ҳам бин, онро барои хуб хўронидан ва пўшонидани фарзандонат сарф кун. Ҳар сари чанд вақт ба камбағалон хайр кун. Ба хешу таборҳоят кўмак намо.

Деҳқон аз рўи гуфтаи хирадманд амал карда, ба муроду мақсадаш расид.

Аз китоби “Подшоҳ ва духтари оҳангар”, Душанбе соли 2022.

 

Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,

 мутахассиси шуъбаи адабиёти

кӯдакон ва наврасон.