Бо бачаҳо. Эдуард Успенский: “Гена ва дӯстони ӯ”. Идома
БОБИ ШАШУМ
Бегоҳии рўзи дигар Чебурашка аз Галя пештар ба хонаи Тимсоҳ омад. Гена китоб мехонд. Вай дўст медошт, ки китобҳои дақиқу ҷиддӣ, масалан, маълумотномаҳо, китоби ҷадвали ҳаракати қаторҳо, ё таълимиро мутолиа кунад.
– Галя куҷост? – пурсид Чебурашка
– Галя ваъда дода буд, ки меояд, – гуфт Тимсоҳ – лекин пайдо нашуд. Куҷо рафта бошад?
– Биё, меҳмони Галя шавем, – хоҳиш кард Чебурашка. – Дўст бояд аз ҳоли дўст хабар гирифта истад, гуфтаанд бузургон.
– Рафтем, – розӣ шуд Тимсоҳ.
Галя дар хонаашон будааст. Аммо дар катчааш дароз кашида мегирист.
– Беморам, – гуфт вай ба дўстон. – Табам баланд шуд. Ҳозир дар театри бачаҳо намоиш сар мешавад. Ҳама меоянд, вале тамошо намешавад.
– Мешавад! – бо боварӣ хитоб кард Тимсоҳ. – Ман дар театр Галя мешавам! (Тимсоҳ як замон дар маҳфили ҳунармандони ҷавони театр иштирок мекард).
– Наход? – гул-гул шукуфт Галя. – Чӣ хел нағз! Ин бегоҳ намоиши «Кулоҳсурхак» баргузор мешавад. Ин афсонаро медонӣ? Дар ёдат ҳаст?
– Албатта, дар ёдам ҳаст?
– Бисёр хуб! Агар нағз ҳунарнамоӣ карда тавонӣ, ҳеҷ тамошобин иваз шудани ману туро пай намебарад.
Галя инро гуфта, ба Тимсоҳ кулоҳи сурхаки худро дароз кард…
Вақте бачаҳо ба театр омаданд, шоҳиди намоиши ғайриодӣ шуданд. Дар саҳна Гена кулоҳи сурхак ба сар ниҳода, қадам мезаду суруд мехонд:
Барзангӣ якта Тимсоҳ
Равон аз канори роҳ…
Банохост аз рў ба рў Гурги Бўр омад.
– Салом, Кулоҳсурхак,- гуфт Гург ва аз тарс дар ҷояш шах шуд.
– Салом, салом,- ҷавоб дод Тимсоҳ.
– Куҷо равонӣ?- пурсид Гург.
– Сайругашт мекунам.
– Шояд ба назди бибиат меравӣ-а?
– Албатта,– хурсандона ҷавоб дод Тимсоҳ.- Ба дидани бибиам меравам.
– Бибиат дар куҷо истиқомат мекунад?
– Бибиам? Дар Африқо, дар соҳили дарёи Нил.
– Не-а, ман медонам, ки бибиат дар канори беша истиқомат мекунад. Ҳо-о, ана, он ҷо.
– Дуруст гуфтӣ! Як бибиам, ки хоҳари бобоям аст, дар ҳамон ҷо хона дорад. Сари қадам аз аҳволи он кас ҳам хабар гирифтан лозим.
– Гап нест,- гуфт Гург ва гурехта рафт.
Давоми афсонаро ҳама медонанд: Гурги Бўр бо шитоб ба хонаи бибии Кулоҳсурхак рафта, кампиракро як луқма мекунад ва худаш дар кат ба ҷойи ў дароз мекашад.
Гена ин вақт дар пушти пардаи саҳна рост истода, давоми афсонаро аз китоб мехонад, чунки афсонаро фаромўш карда буд. Ниҳоят вай афсонаро хонду ба хонаи кампирак рафт.
– Салом,- гуфт дарро кўфта Тимсоҳ.
– Салом, – ҷавоб дод Гург.
– Бибӣ, барои чӣ гўшҳоятон калону безеб шудаааст?- ҳайрон шуда, пурсид Тимсоҳ. Вай ин дафъа, чунонки дар китоб навиштаанд, дуруст савол дод.
– Барои он ки гапи туро беҳтар шунавам.
Гена афсонаро боз фаромўш карда, пурсид:
– Хуб, лекин чаро сару рўятон пашмин?
– Ҷони бибӣ, фурсат нашуд, ки риш тарошам, саросема давидаму давидам…
Гург инро гуфту дар ғазаб шуд ва парида аз ҷойгаҳ хест.
– Акнун туро мехўрам!
– Маро хўрдан осон нест!- гуфт Тимсоҳ ва ҳамоно ба Гурги Бўр дарафтод. Вай ба часпу талош овора шуда, тамоман фаромўш кард, ки ҳоло дар куҷост ва чӣ бояд карду чӣ бояд гуфт.
Гурги Бўр талхакаф шуда, гурехт. Тамошобинон ба шавқ омада, дурудароз қарсак заданд ва хоҳиш намуданд, ки «Кулоҳсурхак» такроран ба саҳна гузошта шавад. Онҳо ин гуна намоишномаи аҷибро ҳаргиз ёд надоштанд. Вале Тимсоҳ бо кадом сабабе розӣ нашуд. Баъд аз Чебурашка хоҳиш кард, ки чӣ хел баргузор шудани намоишномаро ба Галя нагўяд.
БОБИ ҲАФТУМ
Зуком Галяро хеле ранҷ дод. Духтурон ба Чебурашка ва Гена иҷозат надоданд, ки ба аёдаташ раванд, то инҳо ҳам бемор нашаванд. Як бегоҳ, баъди кор, барои дидани Тимсоҳ Чебурашка ба боғи ҷонварон даромад. Вай дар кўча як сагчаи чиркинакеро дид, ки болои кўпрукча нишаста, ав-ав мекунаду халос.
– Чӣ ав-ав мекунӣ?- пурсид Чебурашка.
– Ав-ав не, гиря мекунам,- ҷавоб дод сагча.
– Хайр, барои чӣ гиря мекунӣ?
Сагча дигар чизе нагуфт ва баландтар ав-ав кардан гирифт.
Чебурашка дар канораш нишаст, то ўро пурсуҷў кунад. Каме сабр кард, то сагча ба худ ояд. Баъд амр кард:
– Канӣ, гап зан, чӣ ҳодиса рўй дод?
– Маро аз ҳавлиамон пеш карданд?
– Кӣ пеш кард?
– Соҳибам, як зан,- дубора ҳиққос зада гуфт сагча.
– Чӣ гуноҳ кардӣ?- пурсид Чебурашка.
– Бегуноҳ, намедонам барои чӣ.
– Чӣ ном дорӣ?
– Тобик.
Баъд Тобик саргузашти пурмоҷарояшро кўтоҳ нақл кард.
САРГУЗАШТИ КЎТОҲ ВА ПУРМОҶАРОИ ТОБИК
Вақте ки Тобикро ба ҳавлии соҳибаш оварданд, тамоман хурдакак буд, чунон хурдакак, ки дар кафи даст меғунҷид.
– Оҳо, чӣ сагчаи зебо!- сагчаро ба дугонаҳояш нишон дода, хитоб кард зан.- Ҳамин хел не, хушрўча-а?!
Дугонаҳои зан иқрор шуданд, ки сагча, дар ҳақиқат, хушрўю зебост.
Баъд ҳама бо ў бозӣ карданд ва пешаш ҳасиб гузоштанд. Тобик бо иштиҳо ҳасибро хўрд. Чанд муддат гузашт. Сагча каме калон шуд. Акнун вай мисли пеш дустрўяку лавандак набуд ва соҳибаш ҳам ўро ба дугонаҳояш нишон дода, сагчаи зебо намегуфт.
Баръакс, мегуфт, ки: «Саги ман бисёр бадафт аст! Лекин онро аз хона ронда наметавонам, чунки ман зани ҳалиму меҳрубонам, дилам чунон нозук аст, ки аз ин кори носавоб баъди панҷ дақиқа мекафад!»
Як рўз кадоме ба ҳавлии зан сагчаи дигареро овард. Ин сагча монанди Тобики як замон хушрўю озода буд, бисёр шўху бозигар ва дилкаш менамуд.
Вақте зан дар симои ин сагча хурдиҳои Тобикро дид, фикр накарда, Тобикро аз дар буерун ронд. Аҷиб ин буд, ки дили зан баъди панҷ дақиқа накафид, баъди шаш дақиқа ҳам накафид, ҳатто баъди наваду ҳашт дақиқа ҳам ягон фалокат рўй надод. Аз афташ, дили ў ҳаргиз кафиданӣ набуд.
«Ин сагчаро чӣ кунам?»- андешид Чебурашка.
Чебурашка метавонист онро ҳамроҳаш бигирад, вале намедонист, ки дўстонаш чӣ хоҳанд гуфт. Мабодо сагчаро бад дида монанд? Албатта, сагчаро дар миёни кўча танҳо гузошта, рафтан осон аст, аммо дилаш ба ҳоли вай сўхт. Ҳаво хеле сард буд.
– Медонӣ чӣ? Ниҳоят ба хулоса омад Чебурашка.- Ана ин калидро гирифта, дар хоначаи ман даромада шин, худатро хушконда гарм шав. Баъд ягон чора мебинем. Чебурашка инро гуфту ба боғи ҷонварон рафт.
МАНБАЪ: Эдуард Успенский: “Гена ва дӯстони ӯ”, Душанбе, 2023.
Ин ва даҳҳо ба ин монанд китобҳои хубро бачаҳои хуб метавонанд дар толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мутолаа намоянд.
Таҳияи Зарина Зиёвуддинова,
мутахассиси шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.