Бо бачаҳо. Геннадий Авласенко: “Чигуна мушак бо Қубоқача ҷангид…”
Буд набуд, Қурбоқачае буд, ки дар шибарзоре макон карда буд. Дар он наздикӣ, дар саҳро Мушаке мезист. Онҳо бо ҳам адоват надоштанд ва ҷанҷол ҳам намекарданд.Баръакс, ҳар саривақт меҳмони ҳамдигар мешуданд. Гоҳ Мушак Қурбоқачаро ба зодрӯзаш мехонд, гоҳ Қурбоқача Мушакро ба маросимҳои ботлоқии худ даъват мекард.
Рӯзе расиду Мушак бо Қурбоқа қаҳр карданд. Оё медонед барои чӣ? Ана барои ҳамин як гилаи ночизи беҳуда. Ё Қурбоқача думаки Мушакро зер кардааст, ё Мушак ба пушти Қурбоқача хок резонда бошад, ки худаш ҳам ин пешомади ногаҳонро намехостааст.
Аммо ҳар чӣ буд, набуд, як ҳарфу ду ҳарф байни дӯстон буд, ки ана ҳамин баҳсу ҷанҷолро ба бар овард. Кор ба ҳадде расид, ки Мушак Қурбоқачаро ба ҷанг даъват кард. Қурбоқача ҳам аз Мушак кам наомад. Ва рафтанд ҳарду аз пайи тайёрӣ ба ҷанг.
Рафтан ку рафтанд, аммо чигуна ба ҷанг тайёр шаванд?-тасаввур ҳам карда наметавонистанд. Зеро ҳарду ҳам ҷангро намедонистанд…Аммо, чигуна бояд ҷанг кард?..
Мушак ба хулосса расид, ки Лаклакро ба ёриву муттафиқӣ мехонад. То ки ба тарзи худ бо Қурбоқача ҳисобӣ кунад. Вале Қурбоқача ба хулосае расид, ки Мошонро ба ёрӣ мехонад, зеро бо ёрии ӯ метавонад пурра бар Мушак ғолиб ояд.
Ана, онҳо ба ҷанг шурӯъ карданд. Аз тарафи майдон Мушак Лаклакро думболи худ меовард ва аз тарафи ботлоқ Қурбоқача бо Мошон бовиқору пойкӯбон, қадамзанон меомаданд. Сафҳои ҳарду тараф хеле ба виқор омаданд, аммо…
Чун Қурбоқача Лаклакро дид, худро ба об партофт. Ба об ҷаҳид ва дар зери патакрешаҳои печдарпеч пинҳон шуд. Пинҳон шуд ва чунон меларзид, ки ҳатто аз дидани манзара метарсид ва фикр мекард, ки: “Тамом… Акнун ҷангро бо Мушак бохтам!”.
Вале хабар надорад, ки Мушак ҳам кайҳо боз аз бими Мошон дар лонааш чунон ларзида, пинҳон шудааст, ки… ҳатто аз каллаашро берун баровардан ҳам метарсид. Ва ҳамчунон фикр мекард, ки ҷангро ба Қурбоқача бохтааст…
Ана, ҳамин тавр то ба ҳоло пинҳон шуда ва хабар ҳам надоранд, ки кадомашон ғолиб бошад.
МАНБАЪ: “Адабиёти бачагонаи Беларус”. Гулчини ҳикоёти ҷолиби адибони Беларус дар тарҷумаи шоир, пажӯҳишгари маъруф Салими Хатлонӣ. Душанбе, соли 2021.
Хонандагони азиз бо ин китоб метавонад дар толори хониши адабиёти кӯдакон ва наврасон ошно шавад.
Таҳияи Фароғат Толибова,
сардори шуъбаи адабиёти
кӯдакон ва наврасон.