Бо бачаҳо. Гулчеҳра Муҳаммадиева: “Гули лола”

Гули-ЛолаСубҳи  содиқ. Шуъоҳои  хуршед чун торҳои  заррин аз осмон мегўӣ рост ба ҳавлии мо фуромада, бо ҷилои худ ба атроф  нур меафшонданд. Баъди шустани дасту рў чун одати ҳаррўза назди гулҳо ҳозир шудам. Атрофро накҳати гулҳои рангоранг муаттар гардонида буд. Суҳбатамро бо гулҳо сар карда, аз яке бўй гирифтам, ба дигаре барои канда партофтани барги хушкшуда ёри расонида, бо оби мусаффо онҳоро обборон кардам. Гулҳои ҳавлӣ бўи модар мекарданд, охир, тухми ин гулҳо ва қаламчаҳои  гули садбаргро  аз хонаи модар оварда будам. Амонатак лаби суфа нишаста, хаёлан ба хонаи модар  ва давраи кўдакӣ парвозӣ шудам.

******    ******    *****

Модарам зани зебо буд. Сафедрў, чашмон мисли осмони диёр кабуд, рухсораҳо шабеҳи барги гули лола сурх, мўйҳои ба зардӣ моил чун абрешими пила ва нурҳои офтоб дурахшону пурҷило, зани ғаюру чеҳракушод, ҳалиму меҳрубон, чевар, кадбону, аз ҳаёву меҳр дастовез дошту аз гулу гиёҳ пойандоз, бо насиҳату маслиҳатҳояш бо оромӣ ва тамкини доимиаш  гули сари сабади ҳар маърака буд. Ҳар гоҳе куртаи ҳалили сафедашро  ба  бар мекард, мехостам чашм аз ў наканам.  Ранги сафед ба  ў хеле мезебид. Либосзеб, ботану тўш буд.  Бароям зеботарин зани дунё буд.

Зебоиро дўст медошт ва фориғ аз кори омўзгорӣ, шуғли дўстдоштааш парвариши гулҳо буд. Майдончаи назди ҳавлӣ ва пеши  тирезаҳои хонаамонро гулҳои рангоранг оро медоданд. Ба машғулияти модар дида дўхта, ҳаваси кас меомад. Бо аввалин нурҳои хуршед модар назди гулҳояш ҳозир мешуд. Ў аз гармии офтоб, муссафогии оби зулол, нармии замин, насими форами ҳаво истифода  бурда, гўё ҳар барги гулро дар алоҳидагӣ обборон мекарду навозиш. Бо гулҳо чун бо фарзанд  меҳрубони карда, бо онҳо  ҳарф  мезад ва ҳар рўз гулҳои назди тирезаро ҷойгардон мекард. Бо шукуфтани ҳар муғча чашмони осмонранги софу беғубораш аз хурсанди барқ мезаданд. Агар ҳамсояҳо келин фуроранд, як даста гули зебо чида, ба таги чодар дароварда, ба навхонадорон таманно менамуд:

– Ҳаётатон чун гул зебо, зиндагиатон ботароват, муҳаббататон  ҳамеша нафосати гулро дошта бошад ва касе ба хонаатон қадам ниҳад, аз накҳати гул маст гардад.

Ба гаҳворабандон низ як даста гул мебурду гаҳвораи тифлро бо онҳо оро медод ва таъкид мекард, ки «Тифл чашм кушода аввал зебоиро эҳсос кунад, ҳамеша зебоипараст гардад».

Дар маросими мотам модар, албатта  гул  мебурд ва тобутро бо гул  оро дода,  «Маит бояд ба хонаи охираташ хушбўй равад» мегуфт.

Агар аз кор ё аз меҳмони омада, гулҳоро пажмурда медид, албатта мепурсид:

– Ба хона ки омада буд? Ғамгин буд ё бадқаҳр? Аз ҳолати рўҳии ҳамон меҳмон гулҳо сархам шудаанд.  Гул бисёр нозук аст, ҳолати шахси ба он наздикшударо эҳсос мекунад. Аз ҳолати рўхии ҳамон меҳмон гулҳо сархам шудаанд. Гул бисёр нозук аст, ҳолати шахси ба он наздикшударо эҳсос мекунад. Аз сухане, ки шодӣ дорад, хурсанд шуда, аз ғам сархам мешавад, эҳсос мекунад, ки разолат чисту муҳаббат чист, дурўғу ҳақиқат ва нуру зулмотро дар худ дарк мекунад.

Ҳамеша таъкид мекард, ки аз сўҳбат аз одами бефарҳангу бесавод дида бо гулҳо сўҳбат кунед. Рози дили худро бо гулҳо ифшо намоед на ба дўсти ҳарзагўй. Хобатонро ба гул гўед на ба ҳасуд. Гул рамзи муҳаббат аст, агар ба касе арзи муҳаббат кардан хоҳед, ба ў гул тақдим кунед, дигар ҳоҷат ба сухан намемонад.  Гулҳои пажмурдашударо напартоед, байни авроқи китоб гузоред, баъди солҳои зиёд дар ҳолати варақгардон он лаҳза ба ёдатон меояд.  Дар хонае, ки гул парвариш мекунанд, ҳамеша  баҳор аст.  Шахсе, ки ба гул бисёр менигарад, таровати рўяш, латофату нафосаташ  даҳчанд зиёд мегардад.

Ҳар  гоҳе дугонаҳои ҳамсинфам ба хонаамон меомаданд, пеш аз рафтан дар ҳавли назди гулҳо таваққуф намуда, онҳоро бўй мекашиданд ва ҳаловат мебурданд. Ман бошам, ба  ҳар кадомашон як дастаги гул чида  медодаму гусел мекардам. Баъди гусели дугонаҳоям модар маро коҳиш намуда:

– Духтарам, гул барои бўидану ҳаловат бурдан аст, на барои кандану партофтан. Охир, дугонаҳоят ба хонаҳояшон нарасида, гулҳо пажмурдаву зери по мешаванд, – гуфта  ғур – ғур мекарданд.

Аз хаёлам мегузаронидам: «Барои ду-се даста гул модар инқадар дилтангб мекунад?» ва ба тавраш аз ў меранҷидам…

Солҳо гузаштанд. Ман низ соҳиби хонаву дар ва фарзандони дўстро гаштам.

Рўзи истироҳат буд. Модар ба хонаам меҳмон шуд. Ба хона таклиф кардам, аммо  модар болои суфае, ки зери дарахти тут, дар иҳотаи гулҳо қарор дошт, ишора карда гуфт:

– Духтарам, биё, дар ҳавои тоза, дар иҳотаи гулҳо нишинем.                                  Ҳар гоҳе бибӣ меҳмони хонадон мешуд, барои набераҳо он рўз тўй буд. Ҳар кадоме аз набераҳо кўшиш мекард, ки дар назди бибӣ худро аз тарафи мусбат нишон диҳад. Фарида дастархон кушода онро аз маводде, ки бибӣ дўст медошт, пур мекард. Фазила чанд қабат кўрпача густурда, болиштҳои пари қу оварда, зери дасти бибӣ мемонд, Фотима шеъри нав азхудкардаашро ба ў ифоданок мехонд, чунки модар, ки худ то нафақа баромадан муаллима буд, ба ин масъала диққати махсус медод. Манучеҳр бошад, гулҳоро бо найчаи резинӣ, ки дар байни ҳавли мисли мор хобида буд, обборон карда:

– Бибиҷон, гулҳои ҳавлии Шумо зебоанд ё аз мо? – гуфта ба тавраш  аз гулҳои ҳавли ифтихор мекард.

– Офарин, сад офарин! Инқадар гулҳои зеборо дар як ҷо ҷамъ овардан худ як ҳунари волост, – гуфта модар қаноатмандиашро байён мекард.

– Бале, модарҷон, шуғли гулпарвари ирсӣ будааст. Ман низ мисли Шумо парвариши гулҳоро дўст медорам, – гуфтаму барои кашидани ғизо ба ошхона даромадам.

Овози модарам меомад,  ки ба набераҳо мегуфт:

– Модари Шумо ба куҷое сафар накунад, хоҳ сафари хизматӣ бошад, хоҳ  истироҳатӣ, аз ҳамон кишвар ба ман, албатта,  тўҳфа – тухми гул меовард. Чанд вақт боз тўҳфа  наовардааст.  Мебинам, ки дар байни гулҳоятон гулҳои нав пайдо шудааст, лолаи сурху зардро дида будам, аммо лолаи сиёҳро акнун мебинам. Ҳусейнҷон, ҷонакам, як дона аз ҳамон гул канда биёр.

Косаҳои пур аз ғизо дар дастам давида баромада дидам, ки аллакай Ҳусейнҷон бо як дона гули лолаи сиёҳ дар назди модар рост меистод.

– Ин чӣ кори кардаат буд? Наход инсон чунин гули нодирро канад? Охир, гул барои дидан, бўидан ва ҳаловат бурдан аст, на барои канда ба хок партофтан! – гуфта Ҳусейнҷонро  сахт ҷанг кардам.

Модар аз шунидани суханони ман табассуми маънидоронае карда:

– Духтарам, меҳнат чизи ширин будааст – а? Ёд дорӣ,  вақте  ки ба дугонаҳоят даста – даста гулҳои ҳавлиро чида медодӣ ман фикр мекардам, ки ҳар тори диламро канда истодаӣ, лекин дар назди дугонаҳоят туро ҷанг намекардам, андеша мекардам, ки ба ту суханонам сахт нарасанд. Ту боши, барои як дона гул ба Ҳусейнҷон сахт гап задӣ.

Косаҳои ғизоро ба дастархон монда, дар назди модар бо зону нишастаму бо сари хам  «Мебахшед, модарҷон» – гуфтам…

– Ассалом, модарҷон, ассалом, очаҷон, – гуфта фарзандон ба наздам  омаданду: – Чаро чашматон тар аст? Магар гирия кардед? Очаҷон,  мабодо бемор нашуда бошед? – гуфта саволборонам  карданд.

– Не, ҷонаки ман, бемор нашудаам, ба гулҳои шукуфта нигариста, ҳавлии модар ба ёдам омад. Машомам пур аз бўйи модар гашт. Биёед, як даста гул чида, сари манзили бибиатон меравему рўҳашонро шод мегардонем,– гуфта бо фарзандон тарафи теппаи «Уртабуз», ки водии хомўшони ноҳия дар як гўшаи он ҷой гирифтааст, равон шудем… Аз дур қабри модар, ки болояш пур аз гул буд, намудор гашт…

Ин як ҳикоя аз китоби Гулчеҳра МУҲАММАДИЕВА “Гули лола” буд. Ва ин китоби хуб ҳикояҳои дигар ҳам дорад, ки манти комилаш дар шакли электронии он аст, ки метавонед ин ҷо бихонед: ГУЛИ ЛОЛА

Ин ва даҳҳо китоби дигар барои бачаҳоро шумо ҳамчунин метавонед дар толори хониши адабиёт барои кӯдакон ва наврасон мутолиа намоед.

Таҳияи Ф. Сараева,
м
утахассиси пешбари
шуъбаи
адабиёти
кўдакон ва наврасон
.